ХАБАРИ МУХТАСАР

Дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 19 феврали соли 2019 ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

Ба кори ҷамъомад Раиси Сенати Олий Маҷлис Н.Йӯлдошев раҳбарӣ кард.
Кенгаш дар бораи 28 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд даъват намудани ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул кард.
Ба рӯзномаи ҷамъомади умумӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмин кардани самарабахшии ислоҳоти демократӣ ва дигаргунсозиҳо, иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» нигаронда шудаанд, ворид гардиданд.
Қонунҳо «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи ҳифзи сиҳатии репродуктивии шаҳрвандон», «Дар бораи назорати маъмурӣ барои тоифаи ҷудогонаи шахсон, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод шудаанд» аз ҷумлаи онҳост. Сенаторон инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузориро ба муносибати пурзӯр гардондани масъулияти аъзои ҳукумат дар назди парлумон, такмил додани фаъолияти мақомоти ҷудогонаи давлатӣ ва ташкилотҳо, қонунгузории ҷиноӣ, ҷиноиву протсессуалӣ ва маъмурӣ, инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳоро, ки ба пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ ва дигарҳо нигаронда шудаанд, баррасӣ менамоянд.
Баробари ин дар ҷамъомади умумӣ узви Сенат ҳисоботи фаъолияти Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) дар соли 2018, инчунин ахбори вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ҳолати тарғиботи ҳуқуқӣ ва маърифат дар соли 2018-ро мешунаванд.
Дар ҷамъомади умумӣ инчунин ҳисоботи ҳокими вилояти Қашқадарё оиди рушди ҳудуд ва фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ шунида хоҳад шуд.
Сенаторон масъалаҳои ба аъзои ҳукумат равона намудани дархостҳои парлумонӣ алоқамандро бобати ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, ба қайдгирии давлатии объектҳои ғайриманқули шахсони ҷисмонӣ, андозситонии онҳо ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи мазкур, инчунин оиди мувофиқати китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба талаботи андозаҳои давлатии таълим баррасӣ менамоянд.
Дар ҷамъомади умумӣ дигар масъалаҳое, ки дар ваколати Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Барои амалӣ гардондани мутобиқати кори кумитаҳо ва дастгоҳи Сенати Олий Маҷлис оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷамъомади умумии ҳаждаҳум аз ҷониби Шӯро гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: