ОЗОДГАРДОНИИ ТАРТИБИ ВИЗА ДАР ӮЗБЕКИСТОН АЗ НИГОҲИ КОРБАСТҲОИ ПОЛША

Намояндагони созмонҳои сайёҳии полшагӣ барои шаҳрвандони хориҷии 45 мамлакат, аз он ҷумла Полша дар Ӯзбекистон ҷорӣ карда шудани тартиби бераводидро васеъ шарҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, Палатаи сайёҳии умумиполшагӣ ба ин навгонӣ ҳамчун «имконияти бемамониат аз Ӯзбекистони зебо дидан намудани полякҳо» баҳо медиҳанд.
Муовини раиси Палатаи сайёҳии умумиполшагӣ Дариуш Войтал дар ин бобат нақл менамояд:
– Мо аз ин навгонии муҳим хеле хушҳолем. Барои мо ин аҳамияти алоҳида дорад, чунки полякҳои зиёд ба Ӯзбекистон ташриф овардан мехостанд.
Чунин омилҳо, чун мавҷуд набудани нақлиёти бевоситаи ҳавоӣ ва ба зудӣ ҳаллу фасл нашудани масъалаи раводид ба рушди ҳамкории соҳаи сайёҳии байни давлатҳо монеъ мешуданд. Хушбахтона, бекор карда шудани раводид имрӯз барои шаҳрвандони мо имконияти тамошо кардани Ӯзбекистони зебо, шинос шудан бо шаҳрҳои афсонавӣ ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакатро фароҳам овард.
Таъкид намудани татбиқи барнома бино ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ муҳим мебошад. Бидуни сифати баланди хидмати сайёҳӣ сайёҳони зиёдро интизор шудан гумон аст. Мо аз дар Ӯзбекистон арзи вуҷуд намудани меҳмонхонаҳои замонавӣ, намудҳои нави тамошоҳо, ташкил кардани барномаи тайёрӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои баландихтисоси сайёҳӣ шод ҳастем  – ҳамаи инҳо яке аз маҳакҳои асосӣ барои сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба туфайли Ӯзбекистон «Роҳи бузурги абрешим» ба бренди машҳуре табдил ёфт, ки рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳиро ҳавасманд месозад. Хурсандиовар аст, ки дар мамлакат аз имкониятҳои ланшафт ва мавқеи ҷуғрофии он дуруст истифода менамоянд – сайёҳии лижатозии кӯҳӣ, инчунин экосайёҳӣ, ки дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои  серталаб мебошад, ривоҷ меёбад.
Боварӣ дорам, ки дар истиқболи ниҳоят кӯтоҳ – баъд аз ду-се сол миқдори сайёҳони полшагие, ки ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, натанҳо ду баробар, балки якчанд баробар меафзояд.
Дар навбати худ, директори агентии сайёҳии Rainbow tours Ежи Соколовский изҳор намуд, ки ба муносибати  қабул намудани чораи ниҳоят муҳим бино бар рушди сайёҳӣ ва то 30 рӯз бекор карда шудани раводид барои шаҳрвандони Полша ба ҳукумати Ӯзбекистон арзи сипос менамояд.
– Ширкати мо яке аз операторони бузурги сайёҳии Полша ба ҳисоб меравад, ки ба тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба Ӯзбекистон сайёҳат ташкил менамояд. Соли равон мо қатъӣ гуфта метавонем, ки миқдори сайёҳон танҳо аз сабаби бекор карда шудани визаҳои вуруд меафзоянд.
Мо барои даъват ва иштирок дар сайёҳии иттилоотӣ дар Ӯзбекистон, инчунин чунин ярмаркаҳо, мисли Ярмаркаи ҳарсолаи байналхалқии сайёҳии Тошканд ва барномаи Hosted Вuyers миннатдорем.
Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки дар Ӯзбекистон, ки ними аҳолии тамоми Осиёи Марказӣ ва намояндагони беш аз 130 миллатҳо зиндагӣ мекунанд, тамоми ислоҳот, аз он ҷумла дар соҳаи рушди сайёҳӣ дар руҳи суботи сиёсӣ мегузарад.
Ба фикрам, ба туфайли озодгардонии тартиби раводид сармоягузорони ғарбӣ низ хеле фаъол мегарданд. Боварӣ дорам, ки дар рӯзҳои наздик тоҷирони полшагӣ низ ёфт мешаванд, ки ба объектҳои азнав созмондодашавандаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои боҳашамат, ресторанҳо ва дигар иншоотҳо, ки дар соҳаи сайёҳӣ муҳим мебошанд,сармоя гузоранд.

ОИ «Дунё»,
ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: