КОРХОНАИ МУШТАРАК КУШОДА ШУД

Дар Қуввасои вилояти Фарғона корхонаи муштараки ӯзбеку турки «Running busines trans invest» дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ба кор сар кард.

Дар натиҷаи беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисод ва минтақаҳои кишвар сармояҳои мустақим  фаъолона ҷорӣ мешавад. Дар Соли сармоягузориҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ миқёси кор дар ин самт васеъ мегардад, лоиҳаҳои нав дар якҷоягӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд. Дар асоси бинои бекорхобидаи бесамари собиқ ҷамъияти саҳҳомии «Қуввасой чинниси»  дар шаҳри Қуввасой минтақаи хурди саноатӣ ташкил карда шуд.
Ҳоло дар ин минтақа диққати махсус ба дастгирии тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои истеҳсоли маҳсулоте, ки дар бозори дохилӣ ва берунӣ рақобатбардор аст ва аз ин ҳисоб ташкил кардани  ҷойҳои нави корӣ, дода мешавад. Соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 38 миллион доллари ИМА панҷ лоиҳаи асосӣ амалӣ хоҳанд шуд. Яке аз инҳо корхонаи нави муштаракест, ки чанде пеш ба кор сар кард.
Аз тарафи корхонаи муштараки « Running busines trans invest» дар минтақаи саноатии хурд лоиҳа ба маблағи 2.1 миллион доллари ИМА азхуд мегардад.
– Дар натиҷаи оғози марҳилаи аввали лоиҳа 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, – мегӯяд директори корхонаи муштарак  Ҳусниддин Отабоев. — Ҳоло дар ин ҷо беш аз 50 намуди маҳсулоти трикотажӣ  истеҳсол мешавад. Аксари маҳсулот содир мегардад.

М. СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: