ДИГАРГУНИҲОИ СИЁСАТИ АНДОЗ – БА МАНФИАТИ ҲАМА

Дигаргуниҳо, аниқтараш, сабукиҳо дар сиёсати андоз ба халқи мо мамнунӣ мебахшанд.

 Чӣ кордиҳанда ва чӣ ходим, чӣ шахсони ҳуқуқию чӣ ҷисмонӣ аз содда гардонда шудани тартиби он манфиат мебинанд. Таваҷҷӯҳангез боз он ки аз ҷорӣ шудани сиёсати нав, яъне сабук гардонда шудани бори андоз давлат низ манфиатдор.
Аз қадим мафҳумҳои «боҷу хироҷ» ба гӯши мардуми оддӣ, яъне андоздиҳанда то андозаи нохуш садо дода омадаанд. Хусусан, китобҳои таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаро варақ зада, мушоҳида кардаем, ки ба бисёр норозигӣ ва исёну задухӯрдҳои халқӣ маҳз вазнинии бори андоз ва боҷу хироҷ, ки маҷбуран рӯёнда мешуданд, сабаб гаштаанд. Хазинаи давлат асосан аз ҳисоби боҷу хироҷ бой гардонда ва солҳое, ки ба сари мамлакат душвориҳо афтод, онҳо боз ҳам вазнин гардонда мешуданд. Ба вазнинӣ ё сабукии бори андоз назар карда, мизони инсофу адолат, муносибати доираҳои ҳукмрон нисбати раият муайян карда мешуд.
Сиёсати андоз дар давраи нави таърихӣ ба тарзи хос давом намуд. Чӣ навъ ва дар кадом поя давомёбии ҷараён дар ин самт дар мамлакате, ки ба сар мебарем, бароямон равшан. Роҳбарон охири ҳар сол оиди аз оғози соли нав дар фоизҳои муайян сабукгардии андоз ҳарф мезаданд. Вале он фоизҳо он қадар ночиз буданд, ки фаҳмида наметавонистем – ба мо манфиат ҳаст ё не. Вале дигаргуниҳо дар сиёсати андоз, ки охири соли 2018 эълон карда шуданд ва ба ҷорӣ шудани онҳо, инак, ду моҳ мегузарад, дар ҳаёти халқ ва мамлакати мо, ҳақиқатан, воқеа шуд.
Соли 2018 маоши мо аз як то панҷ баробари музди камтарини меҳнатро ташкил кунад, 7,5 фоиз, аз панҷ то даҳ баробари онро ташкил кунад, 16,5 фоиз, дар вазъи аз даҳ баробар баландии маош 22,5 фоиз андоз ситонда мешуд. Бар замми ин ба тарзи маҷбурӣ барои хазинаи нафақа дар 8 фоиз суғуртапулӣ месупурдем. Ҳамин тариқ, онҳое, ки маоши калонтар мегиранд, саҳл кам сеяки моҳонаашонро барои «подоход» месупурданд, ки ин, албатта, аз рӯи адолат набуд.
Мураккабии тартиби андоз соҳибкорони хусусӣ, соҳибони корхонаҳои хурдро, ки ба ходимонашон маош медиҳанд, низ ба вазъи ногувор меандохт. Масалан, ба ходим моҳе 1 миллион маош муқаррар кунанд, аз он 300-450 ҳазор сӯмаш, назар ба ҳисобу китоби мутахассисон, барои андоз дошта мешуд. Ходимонро музде, ки мегиранд, қонеъ намесохт. Онҳо маҷбур мешуданд аз баҳри кор баромада, баҳри таъмини рӯзгор роҳҳои дигари пулёбиро ҷустуҷӯ намоянд. Ташкил шудани ҷойҳои нави кориро низ вазнинии бори андоз то дараҷае монеъ мегашт. Дар бораи ташкил гардидани фалон қадар ҷойи нави корӣ маълумотҳо дода шаванд ҳам, на ҳамаи рақамҳо дуруст буданд. Дар ҷое, ки сохтакорист, пешравии корро чӣ тавр тасаввур кардан мумкин?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, вазъи номатлуби «аз андоз гурехтан» реша давонд ва соҳибкор акнун миқдори воқеии ходимони худро пинҳон медошт. Бо расмӣ гардондани ҳуҷҷатҳои амалкунанда, яъне табелу ведомост не, дар даруни «лифофа» пинҳонӣ муздсупориҳо ҷорӣ гардид.
Ходим кор мекард, вале ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки имзо намегузошт ва андоз намесупурд, корманди расмӣ ҳисоб намешуд. Тавре мебинем, кор ҳаст, маош ҳаст, вале андозсупориву собиқаи корӣ нест. Ин тавр шуданашро, албатта, на ҳамеша ходим мехоҳад, вале илоҷи дигар низ надорад.
Акнун вазъ куллан дигаргун гардид – аз 1 январи соли 2019 бори андоз ба таври ҳисшаванда сабук, содда ва шаффоф гардонда шуд, ки аз ин ҳам кордиҳанда ва ҳам корманд нафъ дид: муқаррар карда шудани ставкаи адолатнок ба ризоияти ҳама боис гардид. Дараҷаи миёнаи андозе, ки аз шахсони ҷисмонӣ дошта мешавад, дар миқёси ҷаҳон тақрибан 20 фоизро ташкил менамояд. Дар мамлакати мо ҳоло он то 12 фоиз фуромад. Дар давлате, ки роҳи ба худ хоси тараққиётро пеш гирифта, ислоҳот дар тамоми ҷабҳаҳо муттасил ба амал бароварда мешаванд, чунин сиёсат оиди андоз роҳи аз ҳама мақбул ҳисобида шуд.
Дигар, эътиборан аз оғози соли равон аз ставкаи 12 фоизаи андози даромад 0,1 фоиз ба рақами ҳисоби шахсии хазинаи нафақаи корманд гузаронида мешавад, ки ин низ як намуди сабукист. Акнун миқдори умумии музди меҳнати ходим 3 миллион сӯмро ташкил кунад, аз он 360 ҳазор сӯм андози даромад дошта мешаваду халос. Ходим 2 миллиону 640 ҳазор сӯм ба даст мегирад, вале аз 360 ҳазор сӯме, ки дошта шуд, 357 ҳазор сӯмаш ба буҷа мегузарад. 3 ҳазор сӯми боқимонда ба рақами ҳисоби шахсии ӯ дар хазинаи нафақаи бонки халқӣ равона карда мешавад. Қулаиҳо ба корхонаву ташкилотҳо низ даст дод. Масалан, соли 2018 кордиҳанда то понздаҳуми ҳар моҳ ба филиалҳои Бонки халқӣ реестри ходимонро оиди бадалҳои нафақаи ҷамъшаванда тақдим менамуд, акнун мувофиқи дигаргуниҳое, ки ба моддаи 188-уми Кодекси андоз дароварда шуданд, шарт нест, ки реестри ходимон ба бонкҳои халқӣ тақдим карда шавад. Коғазбозӣ ва беҳуда вақтгумкуниҳо барҳам хӯрданд.
Чи тавре дар боло зикр карда гузаштем, аз дигаргуниҳо дар сиёсати андоз ё худ сабук гардонда шудани бори он баробари шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ давлат низ манфиат мебинад, яъне ин сиёсат, айни замон, ба мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодии мамлакатамон нигаронида шудааст. Мепурсед, ки чӣ тавр? Назар ба маълумотҳо, аз бештар аз 13 миллион нафар аҳолии ба меҳнат лаёқатманди мамлакатамон танҳо 4,6 миллион нафар ба таври қонунӣ кор карда ва андоз месупориданду халос. Дигарон, бинобар «аз андоз гурехтан» дар сояи «иқтисодиёти пинҳонӣ» монда, айни замон, аз муҳофизаи иттиҳодияҳои касаба, гирифтани воми ипотека, имтиёзҳои қонунгузории меҳнатӣ ва собиқаи корӣ маҳрум монда буданд. Андози қонунӣ низ, ки намесупурданд, буҷаи давлат миллиардҳо сӯм зарар медид.

М.ШОДИЕВ,
шореҳи иқтисодии 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: