ҶЕВОНҲОИ КИТОБ ТУҲФА МЕКУНАНД

Дар олами сиёсат қарору фармонҳое ҳастанд, ки бо мурури вақт аҳамияти худро гум мекунанд.

 Аммо қарорҳое ҳам ҳастанд, ки ҷамъият ба онҳо ҳамеша ниёз дорад.
Қарори Президент  оид ба «Чоп ва таблиғу ташвиқи китоб ва баланд бардоштани маданияти мутолиа...» аз ҷумлаи чунин қарорҳои таърихӣ аст. Инак беш аз ду сол боз вай дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад, ки далели фикри болоӣ мебошад.
Дар охири соли сипаришуда бо ташаббуси Шӯрои сирдарёии Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ дар ҷамъомади байниидоравии вилоят оид ба масъалаи ҷавонон пешниҳод гардид, ки дар тамоми корхона, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷевонҳои китоб ташкил карда шаванд. Мақсад аз ин пешниҳод, албатта, тарбияи маънавии аҳолӣ, алалхусус, ҷавонон аст. Ҳоло пӯшида нест, ки на ҳама имконияти харида хондани китобро доранд ва ташкил кардани ҷевонҳои китоб имкон медиҳад, ки ҳавасмандон аз ин хидмати беминнат истифода баранд. Барои ба роҳ мондани ин кор ва назорати он дар Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонон ситоди корӣ ташкил гардид. Дар иҷрои пешниҳод боз худи ҷавонон намунаи ибрат шуданд. Онҳо ба филиали сирдарёии Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ, ба шифохонаи бачагонаи вилоят, ба ошхонаи «Учрашув»-и шаҳри Гулистон ва ҳабсхонаи рақами 8-уми ноҳияи Хавос яктоӣ ҷевони китоб ва дар ҳар кадом 50 адад китоби бадеӣ туҳфа карданд. Дар корхона ва ташкилот бароҳмонии ҷевонҳои китоб идома дорад. Дар ситоди корӣ бошад, лоиҳаҳои нав ба нав меандешанд. Алҳол фаъолони он нақшаи боз як пешниҳодро тайёр карданд. Мувофиқи ин нақша бинобар номинатсияҳои «Бомаънавияттарин ҳокими ноҳия (шаҳр)», «Бомаънавияттарин роҳбари ташкилот» ва «Бомаънавияттарин роҳбари корхона» барои ба даст овардани мукофоти ҳокимияти вилоят бояд мусобиқа гузаронида шавад.

Анвар ТОҶИЕВ, 
котиби матбуоти Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон 
дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: