ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶАМЪИЯТ

Дар маҷлисгоҳи Садорати адлияи вилояти Сирдарё оид ба мавзӯи «Интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон омили муҳими рушди ҷамъият» машварат баргузор гардид.

Дар кори он муовини ҳокими вилоят Отабек Абдуғаниев  дар мавзӯи «Ташкили интихобот ва таъмин сохтани шаффофияти он», сенатор Икром Қаратоев дар бораи мазмун ва моҳияти Қонун доир ба гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон маърӯза карданд.
Сармутахассиси Садорати адлияи вилоят Шерзод Расулов аз хусуси ҷиҳатҳои фарқкунандаи интихоботи имсола ва дигаргуниҳое, ки ба Қонуни оид ба интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон ворид шудаанд, сухан ронд. Ӯ аз ҷумла гуфт ки: мақсади асосӣ интихоб кардани шахсонест, ки бори ин масъулиятро кашида тавонанд. Онҳо бояд ба манфиати халқу кишвар аз сидқи дил хидмат кунанд. Мақсад аз баровардани қонунҳо, дигаргун кардани онҳо низ ҳамин аст.
Мувофиқи қонун минбаъд раисон (оқсақолон) ба муддати се сол интихоб мешаванд. Комиссияи интихоботӣ, ки пештар пас аз гузаштани интихобот кори худро қатъ мекард, акнун мунтазам кор мебарад.
Пас аз анҷоми маърузаҳо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, ходимони садоратҳои вилоят ва намояндагони иттифоқи ҷавонон фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба ташкил ва гузаронидани интихобот изҳор доштанд.

Т.БОҚИЕВ, хабарнигори «Овози тоҷик»  
дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: