МАРДИ БЕДОРДИЛ

Раҳматуллоҳ Ёрбобоев ҳаёти ширин дошт.

Ӯро дар гузари Сӯзангарон ҳамчун ҳалвопаз шинохта, барои фазилатҳои неки инсонияш эҳтиром мекарданд. Вай гарчанд падари се нафар фарзанд буд, ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Соли 1941 ба дифои Ватан сина сипар намуда, дар набардҳои шадид ҷасорату матонат нишон дод. Вале дар шаҳри Курск захмдор шуда, ба зодгоҳ баргашт. Бо ҳамсари меҳрубонаш Хуррамой Содиқова боз ҳунари ширинипазиро идома медоданд. Аммо Худо ба онҳо фарзанд медоду чиллааш набаромада вафот мекарданд. Раҳматуллоҳамак назди домуллои гузар рафт ва маслиҳат пурсид. 
– Шумо, – гуфт мулло, ки шахси донишманд буд, – худотарс, савобталаб ва диндор ҳастед. Бобою бобокалонҳои мо дар чунин ҳолатҳо ба тифлаки навзод Тошпӯлод исм мегузоштанд, ки аз ду ҷисми сахт иборат аст. Чиллааш набаромада, гӯсфандро кушта шӯрбо кунед ва ба халқ тақсим карда диҳед. Устухонашро бошад, ба латта печонида гӯр кунед.
18-уми феврали соли 1949 онҳо писардор шуда, ба ӯ Тошпӯлод ном гузоштанд ва дигар гуфтаҳои муллоро иҷро намуданд.  Тошпӯлод, ки ҳафтсола шуд, ба мактаби рақами 22-юми шаҳри Самарқанд ба синфи тоҷикӣ рафт.
Ин воқеа соли 1965 рух дод. Дар он айём империалистони амрикоӣ ба Ветнам ҳуҷум карда, тамоми мамлакатҳои сулҳпарвар норозигии худро нисбати он ошкор месохтанд. Ба ҳамин муносибат дар мактаби рақами 22-юми ба номи устод С. Айнӣ низ тадбири якдилӣ бо халқи Ветнам ба вуқӯъ пайваст.
Тошпӯлод дар ин бора ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») хабар навишта, ҳатто як байт шеър эҷод кард:
Аз Ветнам даст кашед, сэр,
Баъд афсӯс хӯред, мешавад дер!
Аз байн чанд рӯз гузашту мақолаи Тошпӯлод рӯйи чопро дид. Ҳамон солҳо мактаб ниҳоят бисёр обуначӣ дошт, ки қариб ҳама бо гузориши «Аз Ветнам даст кашед!» шинос шуданд. Аҷибаш дар он буд, ки эҳтироми «мухбирча» баланд шуд. Тошпӯлод дар байни омӯзгорон «писарчаи балоча» ном гирифта, дар арсаи матбуот қадам гузошт. Вай сардори синф ҳам буд.
Охири соли 1994 ногаҳон ӯро ба ҳокимияти шаҳр даъват намуданд. Вай бо сад андеша вориди утоқи кории ҳоким шуд.
– Тошпӯлодака, – гуфт ҳокими ҳамонвақта Азиз Носиров, – ман дер боз бо фаъолияти эҷодии шумо шинос ҳастам. Бинобар ҳамин бо бисёр шахсон маслиҳат карда ба қароре омадем, ки шуморо муҳаррири рӯзномаи шаҳр – «Самарқанд» таъин кунем.
– Барои боварӣ раҳмат, ман журналисти касбӣ нестам. Мақола навиштан дигар, муҳаррир шудан дигар.
– Шумо вазифаро гиред, – тасаллои дил бахшид ҳоким, – мо ба кумак расонидан тайёр ҳастем.
Рӯзи дигар Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ ба курсии муҳаррир нишасту асосгузор ва ношир, яке аз пешвоёни ҳаракати ҷадидӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудиро пеши назар овард. Қисмати талхи муҳаррир ва сабаби фавти асрорангези ӯ то ҳол ноаён аст. Вале ӯ ҳамчун шахси маърифатпарвару рӯзноманигори адолатпеша, ошкорбаён ва халқпарвару ватандӯст аз саҳифаҳои таърих ҷой гирифтааст.
Муҳаррири нав аз руҳи поки ӯ мадад пурсида, камбудиҳоро батадриҷ барҳам дод. Дар атрофи худ журналистони садоқатманду соҳибтаҷрибаро ҷамъ намуд. Оҳиста-оҳиста рӯзномаи «Самарқанд» бо хабару мақолаҳои ҷолиб мухлисони зиёд ёфт ва шуҳратёб гардид. Рӯзнома соли 1995 дар озмуни ҷумҳурӣ ҷоиза гирифт. Вақте ки «Самарқанд» ба гранти хазинаи  «Евроазия» соҳиб гашт ва дар назди таҳририят барои журналистони вилоят маркази ахбор боз гардид, баъзе шахсон ангушти ҳайрат газиданд, ки «муҳаррири тасодуфӣ» ба чунин комёбиҳо соҳиб мегардад.
Ҳамагӣ се сол қабл аз ин вай бо тақозои касб барои аксбардори ҷараёни имтиҳони қабул назди бинои филиали самарқандии Донишгоҳи технологияи ахбори Тошканд омад. Барои фаҳмидани фикру андешаҳои падару модарон ва наздикони довталабон бо чанд нафар суҳбат орост. Аз чӣ бошад, чунин корбарии ӯ ба яке аз сардорони ҳуқуқу тартибот маъқул нашуд. Бо амри «посбони осоиштагӣ» дастгоҳи аксбардории ӯро дағалона гирифтанд ва худашро ба идораи корҳои дохилӣ оварданд. Тошпӯлод Раҳматуллоев аз чунин ранг гирифтани масъала дар тааҷҷуб монд.
– Гуноҳи ман дар чист? – бо ҳайрат пурсид аз сардор. – Барои чӣ дастгоҳи аксбардориро гирифтед? Охир ҳуҷҷат дорам, ки журналист ҳастам.
– Мо медонем, ба кӣ «хизмат» мекунед, – бо заҳрханда гуфт сардор. – Мақсади шумоён ба мо маълум – камбудиҳоро дар ҷаҳон паҳн кардан аст.
– Шахсан шумо бо чунин рафторатон дар тамоми олам барои «шуҳратёб» гардидан муносиб ҳастед, – бебокона ҷавоб дод хабарнигор. – Фақат шабакаҳои интернетро аз назар гузаронед, кифоя.
Дар ҳақиқат, он бегоҳӣ тафсилоти «ҳодисаи фавқулодда» дар аксарият расонаҳои ахбор эълон шуд. Муҳимаш, минбаъд ходимони ҳуқуқу тартибот дар чорчӯбаи қонун рафтор кардан маҷбур шуданд. 
Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ дар тӯли беш аз бист соли охир дар соҳаи журналистика соҳиби як қатор мукофоту ҷоизаҳо шудааст. Соли 1997 ӯ дар Ӯзбекистон ҳамчун журналисти беҳтарин эътироф гардид. Инчунин, аз ҷониби хазинаи Конрад Аденауэри Олмон ғолиби озмун дар мавзӯи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷамъият» шинохта шуд. 
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар озмуни «Нақши воситаҳои ахбори оммавӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дар соли 2018» пешқадамиро ба даст овард.
Бояд таъкид намуд, ки қаҳрамони очерки мо ниҳоят серкору сермаҳсул аст. Танҳо соли гузашта дар саҳифаи интернетии «Согдиана»-и худ 216 хабар ва мақолаҳояшро эълон кард. Умуман, дар давоми ҳафтуним сол дар он беш аз ҳазор номгӯ иншояш дар мавзӯъҳои гуногун интишор ёфтаанд. 
Имрӯзҳо Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ ҳамчун хабарнигор дар маркази воқеа ва ҳодисаҳои охирини Самарқанд аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: