ЧУН НАВОРИ ҲАЁТИ ДИЁР

«ХАЛҚ ОВОЗИ» 90-СОЛА ШУД

Дар Тоҷикистон рӯзномае ба номи «Халқ овози» ба чоп мерасад, ки барои мардуми ӯзбектабори Тоҷикистон маводи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нашр мекунад. Ин рӯзнома нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он бори нахуст соли 1929 ба номи «Қизил Тожикистон» мунташир шудааст. Баъд дар радифи матбуоти даврӣ ҷойгоҳи хоси худро дар фазои иттилоотии ин кишвар пайдо намудааст.
Таъсисёбии рӯзномаи «Қизил Тожикистон» ба фаъолияти «Бедории тоҷик» – нашрияи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ)-и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон хеле зич вобаста мебошад. Дар ин бора муҳаққиқони журналистикаи тоҷик Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов чунин менависанд: «Ӯзбекони Тоҷикистон бори аввал 1-уми декабри соли 1926 ба забони модариашон аз таҳаввулоти рӯз бохабар шуданд. Ин саҳифаи ӯзбекии «Тоҷикистони сурх» буд, ки ба муносибати анҷумани якуми шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон баромад. Дар ин саҳифа ҳуҷҷатҳои анҷумани якуми шӯро, хабарҳо аз ҳаёти Тоҷикистон чоп шуда буданд. Бо ду саҳифаи ӯзбекӣ «Бедории тоҷик» 6 декабри соли 1926 ва 21 январи соли 1927 интишор ёфтааст».
Чунин ба назар мерасад, ки ӯзбекони Тоҷикистон дар ин ду шумора матолиби зиёдро мутолиа кардаанд ва аз чопи он хеле хушҳолӣ намудаанд. Баъд барои чопи иловаи «Тоҷикистони сурх» ба забони ӯзбекӣ эҳтиёҷи бештар пайдо шудааст. Дар ин робита боз ҳамон муҳаққиқони тоҷик навиштаанд: «Аввали моҳи октябри соли 1928 бошад, ҳукумат қарор кардааст, ки ҳамчун иловаи «Тоҷикистони сурх» дар ним ҳаҷми он рӯзномаи «Қизил Тожикистон» ташкил карда шавад. Инак, аз 8 октябри соли 1928  ба ҷои «Бедории тоҷик» рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ва иловаи ӯзбекии он «Қизил Тожикистон» арзи вуҷуд мекунад. Дар аввал номунтазам интишор меёбад ва баъдтар ҳар ҳафта як маротиба ба нашр мерасад. То ташкилшавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин рӯзнома 18 шумора чоп шуд ва баъд ҳамчун нашрияи КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва КИМ-и ҷумҳурӣ мустақилона мебарояд. Соли 1955 номи рӯзнома ба «Совет Тожикистони» мубаддал гардид. 
Дар солҳои нахустини ба нашр расидан рӯзнома бо хати арабӣ ва баъдан лотинӣ ба нашр расидааст. Аз соли 1940 сар карда чопи худро бо ҳуруфи кирилӣ ба роҳ мондааст. «Халқ овози» дар ибтидо ҳафтае 2-3 маротиба интишор ёфта, солҳои 80-уми қарни гузашта нусхаи умумии он ба 100 ҳазор расидааст. Дар айни ҳол ин рӯзнома ба теъдоди бештар аз 8 ҳазор нусха нашр мешавад. 
Дар таърихномаи рӯзнома омадааст, ки 17 октябри соли 1963 ба муносибати нашри шумораи садҳазорумин рӯзнома бо нишони «Байрақи сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС сазовор гардидааст. Дар солҳои мухталиф М.Ҳасанов, К.Тереғулов, Н.Деҳқонов, С.Ғаффоров, Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров, Т.Ҳайитов, М.Муродов, Ҳ.Гадоев, Ҳ. Содиқ, М. Баҳриддинов, М.Солиҳов, Т. Ҷӯрабоев, А.Аҳмадалиев, И.Муҳсинов ва Ҳ. Ҷӯраев ба сифати сармуҳаррирони ин рӯзнома ифои вазифа намудаанд.
 Гуфта мешавад, баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва солҳои аввали касби истиқлоли Тоҷикистон чун соҳаҳои дигар рӯзномаи «Халқ овози» низ ба камбудии ҷиддии молӣ мувоҷеҳ гардид. Дар натиҷаи ин буҳрони моддӣ аксари қаламкашони рӯзнома тарки кору вазифа намуданд. Рӯзнома ҳамон солҳои мушкил низ ба ҷои панҷ маротиба се маротиба дарҷ мегардид. Ҳатто кормандони рӯзнома ёдовар мешаванд, ки дар давоми сол он танҳо нӯҳ маротиба интишор ёфтааст. Баъд бо дастгирии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Халқ овози» нашри худро ба таври устувор ба роҳ мондааст.
Ин рӯзнома сол аз сол мавқеи худро дар ҷомеаи Тоҷикистон мустаҳкам менамояд. Аз соли 2013 рӯзномаи «Халқ овози» сомонаи интернетии худро дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

АЗ ИДОРАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»: Ҳайати таҳрир ва кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо истифода аз фурсат ҳамтоёни тоҷикистониашонро бо 90-солагии таъсиси рӯзномаи «Халқ овози» – нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯянд ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир орзу мекунанд. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: