ВОХӮРИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СУДБАХШИ АЪЗОИ АССИТЕҶ

Ӯзбекистон, баъди истиқлолиятро ба даст даровардан, дар пайи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд талош меварзад.

Албатта, дар баробари  комёбиву пешрафтҳо дар ин ҷода, ба таҷрибаи пешқадами кишварҳои рушдкарда ниёз низ дорад.
Инро чанде қабл вохӯрии байналхалқии ходимони театрҳои кӯдакону наврасони Осиё — АССИТЕҶ, ки дар Театри давлатии тамошобинони ҷавони Ӯзбекистон баргузор шуд, собит намуд.
Дар Театри давлатии тамошобинони Ӯзбекистон, ки соли  1929 созмон дода шудааст, коргардон ва актёрони шинохтаи ҷумҳурӣ Карим Хонкелдиев, Бадал Нурмуҳаммедов, Манзура Ҳамидова, Обид Толибов, Муҳаббат Йӯлдошева, Воҳид Қодиров, Хайрулло Саъдиев, Ятим Бобоҷонов, Афандихон Исмоилов, Амин Турдиев, Николай Ладигин, Маҳкам Маҳмедов, Олимҷон Салимов ва дигарон кору фаъолият нишон дода, ба маҳорати касбии худ афзудаанд. Тӯли қариб як аср бо саъю эҳтимоми номбурдагон беш аз 500 спектакли гуногунжанр ба саҳна гузошта шудааст. Соли сипаригардида чанде аз ходимони театр ба кишварҳои Бритониёи Кабир, Ҷопон, Корея, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд.
Бахши ӯзбекистонии АССИТЕҶ — Ассотсиатсияи байналхалқии  ходимони театри кӯдакон ва наврасон соли 2018 созмон ёфтааст. Ба қарибӣ, бино ба анъана, аъзои нави ассотсиатсия — ҷамоаи театр, меҳмононро аз қитъаҳои мухталифи дунё пазироӣ кард.
 Тӯли чаҳор рӯз дар доираи вохӯрии аъзои «ASSITEJ Asia Meeting — 2019»  5 спектакли театри ҷавонони пойтахт ба маърази намоиш гузошта шуд. Ба вохӯрии ходимони  театрҳои кӯдакон ва наврасони Осиё — АССИТЕҶ спектакли «Шум бола» («Бачаи шӯх») ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар баромади хеш директори Театри давлатии тамошобинони ҷавони Ӯзбекистон, роҳбари ӯзбекистонии АССИТЕҶ Зулфия Ҳамроева меҳмононро хайрамақдам гуфт. Вай аз ҷумла изҳор дошт:
– Дар мо ҷашн болои ҷашн аст. Чӣ хуш аст, ки «Вохӯрии АССИТЕҶ Осиё — 2019» ба 90-солагии  Театри тамошобинони ҷавони Ӯзбекистон рост омад. Сарфи назар аз он ки аъзои хеле ҷавони АССИТЕҶ ҳастем, мо метавонем аз аҳамияти ҳамкориҳо сухан гӯем.  Умед аст, ки тӯли чанд рӯз табодули афкор бо ҳамкорони хориҷӣ натиҷаи матлуб мебахшад. Бори дигар хуш омадед, ба кишвари офтобрӯяи мо.
Дар чорабинии мазкур 23 мутахассис аз 17 кишвари дунё ширкат ҷуст. Онҳо тӯли чаҳор рӯз спектаклҳои гуногунро тамошо карданд, доир ба масъалаҳои ҳалталаби  соҳа табодули афкор намуданд, аз ҷойҳои ҷолиби диққати пойтахт дидан карданд. Тӯли ин рӯзҳо муяссар шуд, ки бо чанде аз меҳмонон суҳбат кунем.
Котиби генералиии АССИТЕҶ Люс ВАЛЕНТЕ (Белгия):
– Ман шунида будам, ки мардуми ӯзбек меҳмоннавоз аст. Ин шунида ба дида табдил ёфт. Аз истиқболи гарм як ҷаҳон ташаккур. Мо тӯли чанд рӯз спектаклҳои Театри тамошобини кӯдакону хурдсолони  кишвари шуморо тамошо кардем ва табодули афкор намудем. Гумон мекунам, барои мутахассисони соҳа табодули афкор хеле судбахш буд. Дар спектаклҳое, ки тамошо кардем,  рангубор ва урфу одатҳои миллӣ бештар ба назар расид, ки хуб аст. Дар баробари ин, аз фикру мулоҳизаҳои танқидӣ хулосаи дуруст баровардем. Ман фикр мекунам, ки чунин ҳамкориҳо ба рушди театри кӯдакону наврасони аъзои АССИТЕҶ мусоидат менамояд. Намои пойтахти шумо барои ман писанд омад.
Раиси АССИТЕҶ-и Ҳиндустон — Имрон ХОН:
– Аз он ки дар ин гирдиҳамоии муфид ширкат ҷустам, хеле шодам. Чунин робитаҳои фарҳангӣ ба қаробати халқҳои мо мусоидат менамоянд. Мо тӯли чаҳор рӯз спектаклҳои  «Бачаи шӯх», «Таърихи аҷоиб», «Корвонсарой», «Зинаҳои театр» ва «Масхарабоз шоу»-ро, ки маҳсули кори коргардон ва актёрҳои Ӯзбекистонанд, тамошо кардем ва табодули афкор намудем. Гумон мекунам, ки бад-ин васила мо пеш меравем. Дар аксари кишварҳои дунё бачаҳо, аз ҷумла фарзандони ман, спектаклҳоро тавассути компутер, планшет ва интернет тамошо мекунанд, вале ба «тамошои зинда» намерасад. Бачаҳоро бояд ба «тамошои зинда» одат кунонд. 
Директори ҷашнвораи байналхалқии театрҳои кӯдакони Тоҷикистон — Шоҳҷамшед УМАРӢ:
– Чанд рӯз мо дар Тошканди азим — мутахассисони театрҳои кӯдакону наврасони кишварҳои мухталиф табодули афкор намудем, якдигарро такмил додем. Ин иқдоми хуб аст. Театр дар тарбияи тамошобинони хурдсолу наврас нақши муҳим дорад. Мисли мактабу донишгоҳҳо театрҳо низ ба хурдсолону наврасон, барои сиёҳро аз сафед фарқ кардан кӯмак мерасонанд, роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳанд. Наврасе, ки ба театр меояд, дуздиву ғоратгарӣ намекунад, дар марзи дили ӯ тухми некӯкорӣ кошта мешавад. Иштирокдорон дар ин гирдиҳамоии муфид ҳамчунин синну соли тамошобинони ҷавонро муайян намуданд. 
Робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар ҳамаи асру замонҳо натиҷаи матлуб бахшидаанд. Ин нуктаро таърихи муштараки халқҳои ба ҳам дӯсту бародар — ӯзбеку тоҷик низ собит менамояд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: