ШУМО БА МО ДАРКОРЕД!

Чунин унвон дошт, тадбири хайриявие, ки дар масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар ин маскани муборак беш аз дусад нафар ногироён, ки қобилияти шунидан ва гап задан надоранд, ҷамъ омаданд. 
Онро ҷонишини ҳокими вилоят оид ба корҳои динӣ ва ҷамъиятӣ Эркин Муъминов кушода, дар бораи ғамхории ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ногироҳо ва ҳифзи иҷтимоии онҳо сухан гуфт. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки дар вилояти Сирдарё 600 нафар, ки қобилияти шунавоӣ ва суханкуниашон касрат дорад, ба рӯихат гирифта шудаанд. Ҳокимияти вилоят ва ноҳияҳо, Ҷамъияти ногироёни вилоят дар қатори дигар маъюбон ба онҳо низ ғамхорӣ зоҳир мекунанд... 
Имом-хатиби вилоят Ҳабибулло Зокиров иброз дошт, ки ногиро таваллуд шудан низ як навъ имтиҳони Худои азза ва ҷалла аст. Худованд дар дунёи боқӣ ба ин бандагони худ тамоми дарҳои ҷаннатро кушода, онҳоро азизи худ хоҳад кард. 
Ходими масъули Идораи динии ҷумҳурӣ Мунира Абӯбакирова дар суханрониаш  ёдовар шуд, ки чунин тадбирҳои хайрия дар тамоми гӯшаву канори мамлакат гузаронида мешаванд. Мақсад аз онҳо зикри он аст, ки шумо, азизон бояд дарк намоед, ки ба мо, ба ҷамъият даркор ҳастед... 
Дар қисми саволу ҷавоб ногироён тавассути тарҷумонҳои махсусе, ки он ҷо ҳозир буданд, хушнудии худро нисбат ба ин ғамхорӣ изҳор намуданд. 
Бояд гуфт, ки қисми асосии ҷамъомадагон ҷавонмардон ва занону духтарони ҷавон буданд. Онҳо ягон хел ёрии моддӣ напурсиданд, фақат хоҳиш карданд, ки барои бо кори доимӣ машғул шуданашон кӯмак расонида шавад. Ҷонишини ҳокими вилоят Эркин Муъминов ваъда дод, ки расо баъд аз як ҳафта дар ҳамин ҷо боз вомехӯранд ва масъалаи бо кор таъмин кардани онҳоро бо иштироки роҳбарони садоратҳои дахлдор муҳокима мекунанд. 
Пас аз анҷоми тадбир дар сари дастурхон ба ногироён туҳфаҳо супурда шуданд. 

Тӯхтамиш БОҚИЕВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сирдарё

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: