ВАЗИФАҲО БОБАТИ ИСЛОҲСОЗИИ МИНБАЪДАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ЭЛЕКТРӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

20 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои татбиқсозии лоиҳаҳои сармоявӣ дар энергетикаи электрӣ ва рушди минбаъдаи соҳа машварат баргузор намуд.

Энергетикаи электрӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимест, ки рушди иқтисодиёт ва сифати ҳаётро таъмин мекунанд. Мавҷуд будани як қатор норасоиҳо дар соҳаи мазкур ба самарабахш татбиқ шудани ислоҳот ва рушди инноватсионии мамлакат монеа мегарданд.
Вобаста ба ин мувофиқи қарори Президент Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Ба ихтиёри он бобати аз байн бардоштани мушкилоти соҳаҳои энергетикаи электр ва нафту газ, мунтазам таъмин кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ бо захираҳои гармиву энергетикӣ ваколатҳои зиёд дода шуданд.
Ба Барномаи сармоявии соли 2019-ум 33 лоиҳаи арзиши умумиашон 8,1 миллиард доллар, ки ба энергетикаи электрӣ дахл доранд, ворид карда шудаанд. Соли равон азхуд кардани тақрибан 620 миллион доллар ва татбиқсозии ҳафт лоиҳаи бузург пешбинӣ шудааст.
Президент барои босифат татбиқ намудани лоиҳаҳои зикршудаи сармоявӣ, аз байн бардоштани камбудиҳои мавҷуда супориш дод.
Чунончи, муҳлати татбиқсозии лоиҳаҳо бо иштироки идораҳои байналхалқии молиявӣ, аз ҷумла «Ба роҳ мондани хатти электрии 220 киловолтаи Нирӯгоҳи барқии гармигузаронии Таҳиатош то нуқтаи Хоразм – Сарим», «Бозсозии зеристгоҳи баландшиддат», «Сохтмони истгоҳи барқии гармигузаронии Тӯрақӯрғон» халалдор гардидаанд. Вобаста ба ин дар назди Вазорати энергетика ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» вазифа гузошта шуд, ки маблағи созмонҳои байналхалқии молиявӣ пурра аз худ шаванд, лоиҳа дар муҳлати муқарраршуда татбиқ гардида, ақибмониҳо коҳиш ёбанд.
Ҳолати ғайриқаноатбахши кор бино бар бозсозии иқтидорҳои электрӣ таъкид шуд. Ташкили нодурусти сиёсати сармоявӣ дар соҳа, яъне куллан аз эътибор дур мондани ҷалби сармояҳои бевосита танқид гардид. Дар натиҷаи ин корхонаҳо маҷбуранд қарз гиранд ё худ лоиҳаҳоро аз ҳисоби маблағҳои худӣ татбиқ намоянд.
Роҳбари давлат самтҳои муҳимтарини корро дар соҳаи мазкур мушаххас намуд. Аз ҷумла, мавҷуд будани имкониятҳои зиёд барои рушди энергетикаи муқобил дар пояи шарикии давлативу хусусӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба чунин лоиҳаҳо таъкид гардид.
Ҳоли ҳозир дар мамлакати мо якҷо бо ширкати «Йилдирим груп»-и Туркия, бунёди «Маздар»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва корпоратсияи байналхалқии молиявӣ бобати сохтмони нирӯгоҳҳои офтобӣ ва бодии электрӣ кор бурда мешавад.
Ба Девони Вазирон, Вазорати энергетика, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» супориш дода шуд, ки барои 13 лоиҳаи пешомадноки арзиши умумиашон 2,5 миллиард доллар шарикони хориҷӣ дарёбанд ва бино бар ҷалби сармояҳои бевосита «харитаи амалиёт»-и нишонадорро кор карда бароянд. Зарурияти ҷорӣ намудани шарикии давлативу хусусӣ дар соҳа, муайян кардани тартибот ва тарифҳои хариди нерӯи барқ аз истеҳсолгарони хусусӣ барои ҷалби васеи сармояҳои хориҷӣ таъкид гардид.
Ба масъалаҳои коҳиш додани қарздории дебиторӣ низ эътибор дода шуд. Бобати истифодаи самарабахши иқтидори транзитии кишвари мо барои расонда додани нирӯи барқ, тезондани сохтмони хатти «Сурхон – Пули Хумрӣ» супоришот дода шуданд.
Мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 феврали соли равон коркарди лоиҳаи қарор дар бораи бозсозии Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» пешбинӣ гардидааст. Роҳбари давлат зарурияти дар қарори мазкур дақиқ муайян кардани вазифаҳои корхонаҳои истеҳсолгар, расондадиҳандагон ва тақсимкунандагони нирӯи барқ, дар соҳа ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ, аз ҷумла механизмҳои шарикии давлативу хусусиро қайд намуд.
Бинобар масъалаҳои дар машварат муҳокимагардида ҳисоботи шахсони масъул шунида шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: