ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА РУШДИ МИНБАЪДАИ МАҶМӮИИ НИЗОМИ МИЛЛИИ ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ

Ба мақсади татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва беҳтар гардондани муҳити корӣ, ривоҷ додани тиҷорат, ба дараҷаи сифатан нав бародоштани гузариш ба низоми миллии расондани хидмати давлатӣ бо суръати баланд амалӣ гардонда мешавад.

Дар тӯли муддати кӯтоҳ шумораи хидматҳои давлатие, ки  бино бар тамоюли «равзанаи ягона» расонда мешаванд, аз сад адад гузашт, миқдори шаҳрвандоне, ки барои кӯмакпурсӣ ба хидмат муроҷиат мекунанд, 50 баробар афзуд. Бо ин ба муносибати ҷорӣ кардани хидматҳои иловагии давлатӣ ба ду баробар баланд гардидани нишондиҳандаи хидматҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст. 
Ба мақсади куллан коҳиш додани ҷараёнҳои зиёдатии бюрократӣ дар пеш бурдани тиҷорат ва рушди минбаъдаи низоми миллии расондани хидмати давлатӣ:
1. Аз 1 июни соли 2019 тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани хидматҳои давлатӣ дар марказҳои хидматҳои давлатӣ (минбаъд – Марказҳо) бино бар тамоюли маснуият сарфи назар  аз ҷойи қайди доимӣ (муваққатӣ)-и шаҳрвандон ва нишонии почтаи (макон) шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд;
ҳангоми муроҷиат барои гирифтани хидматҳои давлатӣ ба воситаи Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Портали ягона) боҷи давлатӣ, хироҷ ва пардохтҳои дигар ба миқдори 90 фоизи маблағи ҳангоми муроҷиат ба воситаи Марказ ё ки бевосита ба мақомоти хидматрасонанда пардохташаванда пардохта мешавад;
як қисми маблағи боҷҳои давлатӣ, хироҷ ва пардохтҳои дигар барои хидматҳои давлатӣ, ки ба воситаи Портали ягона расонда мешавад, бояд  ба фонди ғайрибуҷавии Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Агентӣ) равона карда шавад, аз 20 то 10 фоиз кам карда мешавад ва маблағҳои озод дар байни гирандагон баробар тақсим карда мешавад;
мақомоти давлатӣ ва созмонҳое, ки хидматҳои давлатӣ мерасонанд, маълумоти барои расондани хидмати давлатӣ заруриро  бино бар рӯйхате, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян менамоянд,  дар базаи маълумотҳои худ ва низомҳои иттилоотӣ дар шакли электронӣ барои ташаккул додани базаи маълумотҳои электронӣ ворид менамоянд.
2. Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ, Маркази давлатии шахсикунонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, идораву ташкилотҳои дигар, ки хидмати давлатӣ мерасонанд, бо назардошти талаботи бехатарии иттилоотӣ, расондани ахбор ва маълумот, ки дар низоми идоравии иттилоотии онҳо нигоҳ дошта мешаванд, захираҳо ва базаи маълумотҳои барои расондани хидмати давлатӣ зарур, дар платформаи байниидоравии интегратсионии низоми «Ҳукумати электронӣ», инчунин дастрасии Агентӣ ба маълумот ва иттилооти зарурӣ таъмин намоянд.
3. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Рӯйхати тартиботи ҷудогонаи рухсатномавӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз 1 апрели соли 2019 мувофиқи замимаи № 1 бекор карда мешавад;
Ҷадвали аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқӣ, ки тартиби расондани хидмати давлатиро муайян мекунанд, доранд, бо дар онҳо мустаҳкам намудани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ (минбаъд – Ҷадвал) мувофиқи замимаи № 2;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба муносибгардонии хидматҳои давлатӣ, ташаккул додани пойгоҳи электронии асоси маълумотҳо, ки барои расондани хидмати давлатӣ зарур мебошанд, инчунин ҳамгароии низоми идоравии иттилоотӣ ва базаи маълумотҳо дар низоми «Ҳукумати электронӣ» мувофиқи замимаи № 3.
4. Вазорату идораҳо аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқиро мувофиқи Ҷадвали ҳуҷҷатҳо таъмин намоянд:
ташаккул додани гурӯҳҳои корӣ бо ҷалб намудани  кормандони Агентӣ, Маркази идоракунии лоиҳаҳои ҳукумати элетронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ва идораҳои дигари манфиатдор;
баргузор намудани инвентаризатсияи яклухти пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ки намуди дақиқи хидмати давлатиро ба танзим меорад;
мувофиқсозии хидматҳои далатӣ, барҳам додани маҳдудиятҳои беасос, тартиботи зиёдатии маъмурӣ ва механизмҳои кӯҳнашудаи танзим; 
ба низом даровардани меъёрҳо ба воситаи коҳиш додани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, хориҷ намудани меъёрҳои зиёдатӣ ва муттаҳид намудани онҳо ба ҳуҷҷати ягонаи меъёриву ҳуқуқӣ;
ба тартиб овардани расондани хидмати давлатӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тартиботи маъмурӣ»;
ворид намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёриву ҳуқуқӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати муқарраргардида.
5. Ба зиммаи роҳбарони вазорат, идора ва ташкилотҳои дигар, ки дар замимаи рақами 3-юми  қарори мазкур нишон дода шудаанд, барои татбиқи саривақтӣ ва хушсифати Нақшаи чорабиниҳо ҷавобгарии шахсӣ гузошта шавад.
6. Аз 1 августи соли 2019 ҳангоми расондани хидмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар аз шахсони ҷисмонӣ талаб намудани дафтарчаҳои нафақаи ғунгарданда, маълумот дар бораи мавҷуд будан ёки надоштани қарз бино бар андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, гувоҳнома дар бораи ба қайд гирифта шудани андозсупоранда, маълумот дар бораи даромадҳои додашуда ва маблағҳои андози барои даромади шахсони ҷисмонӣ нигоҳ дошташуда манъ карда шавад.
Муайян карда шавад, ки мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудаанд, аз мақомоти давлатии хидмати андоз, БСТ «Бонки халқӣ», Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба воситаи ҳамкории электронӣ фавқулодда бо роҳи пайвастшавӣ ба платформаи интегратсионии байниидоравӣ барои гирифтани маълумот мустақилона дархост менамоянд ва мегиранд. 
Кумитаи давлатии андоз, БСТ «Бонки халқӣ», Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 июли соли 2019 низоми иттилоотиро, ки дар ҷараёни расондани хидмати давлатӣ истифода мегарданд, такмил диҳанд ва маълумоту ҳуҷҷатҳоеро, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо ба воситаи платформаи интегратсионии байниидоравӣ тақдим намоянд.
7. Ба Агентӣ ҳуқуқи ба воситаи Марказҳо амалӣ намудани хидматҳои пулакии экспрессӣ бино  бар расондани (бурдарасонӣ) хидмати давлатӣ бо баромадан ба маҳалҳо дар асоси тарифҳо, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ менамояд, дода шавад. Дар ин бобат расондани экспресс-хидматҳои бепулро ба шахсони маълул ва аҳолии ноҳияҳои душворгузар ба назар гирад. 
8. Масъулияти шахсии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, ки хидмати давлатӣ мерасонанд, барои инҳо гузошта шавад:
иҷрои саривақтии чорабиниҳо бино бар ҷорӣ кардани хидмати давлатӣ, ки фақат ба воситаи марказҳо расонда мешаванд;
гузарондани корҳои профилактикӣ дар серверҳои низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳо, ки дар ҷараёни расондани хидмати давлатӣ, дар вақти ғайрикорӣ ба кор меоянд;
хабардор намудани Агентӣ дар бораи нуқсонҳои низоми иттилоотии худ ва базаи маълумотҳо, ки дар ҷараёни расондани хидмати давлатӣ, инчунин андешидани чораҳои таъхирнопазир бино бар ислоҳ намудани онҳо ба кор меоянд.
9. Ба Агентӣ ваколати амалӣ гардондани мониторинги сифати хидматҳои гуногуни давлатӣ аз ҷониби мақомоти идораи хоҷагидорӣ, ташкилотҳои хидматрасони  манзиливу коммуналӣ ва истифодабарӣ, аз он ҷумла ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни хидматрасонӣ ва фароҳам овардани қулаиҳои дигар барои шаҳрвандон дода шавад. 
Ба Агентӣ ҳуқуқҳои зерин дода шаванд;
ворид намудани тақдимнома ба мақомоти идораи хоҷагидорӣ, ташкилотҳои хидматрасонии манзиливу коммуналӣ ва истифодабарӣ дар бораи барҳам додани қоидавайронкуниву камбудиҳои зоҳиргардида, сабаб ва шароитҳое, ки ба онҳо мусоидат менамоянд;
ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони гунаҳкори мансабдор барои вайрон кардани талабот ва тартиби расондани хидмати давлатӣ.
10. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муҳлати 1 моҳ якҷоя бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, идораҳои дигари  манфиатдор механизми аз ҷониби кормандони Марказҳо қабули маблағҳои пулии нақд ва ғайринақдро аз аризадиҳанда ҳангоми расондани хидмати давлатӣ ҷорӣ намояд;
дар муҳлати як моҳ якҷоя бо идораҳои манфиатдор ба тасдиқи Девони Вазирон тартиби расондани хидмати давлатиро дар тартиби босуръат бино бар тарифҳои баланд тақдим намояд;
дар муҳлати се моҳ якҷоя бо идораҳои манфиатдор нишондиҳандаҳои асосии самарабахшӣ ва натиҷадиҳии (KPI) (миқдор ва сифати хидмати расондашуда, суръати хидматрасонӣ, одоб ва салоҳияти корманд, фикру мулоҳизаҳои аризадиҳандагон ва дигарон) ҳангоми расондани хидмати давлатӣ ба кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин тартиби баҳогузорӣ ба фаъолияти онҳо таҳия ва тасдиқ намояд;
дар муҳлати се моҳ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро, ки механизмҳои расондани хидмати давлатиро ба воситаи «Callservice»-и Агентӣ ба назар мегирад, таҳия ва қабул намояд;
якҷоя бо идораҳои манфиатдор ба муҳлати то 1 майи соли 2020 ҷорӣ намудани низоми иттилоотии «Бойгонии ягонаи электронии ЗАГС» дар асоси истифодаи технологияи блокчейн, аз он ҷумла дар шароитҳои шарикии давлативу хусусӣ таъмин намояд.
11. Вазорати таълими халқ якҷоя бо Агентии  миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба барномаи таълимӣ фанни «Информатика ва технологияҳои информатсионӣ» барои синфҳои болоии боби махсус, бахшида ба омӯзондани малакаи истифода бурдан аз хидматҳои низоми «Ҳукумати электронӣ», ба даст овардани хидматҳои давлатии серхаридор бо истифодаи технологияҳои замонавии ахбору коммуникатсионӣ, аз он ҷумла ба воситаи Портали ягона дохил намояд.
12. Ба мақсади ҷалб намудани сармоягузорони боиқтидор ба ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ қафо мемонанд, инчунин ба ҷойҳои дурдаст ба раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ҷудо намудани қитъаҳои замин ба сармоягузорон барои сохтмони объектҳои иловагӣ дар доираи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 майи соли 2018 №ҚП-3701 «Дар бораи ташкил кардани бунёди бинои Марказҳои хидматҳои давлатии назди Қабулхонаҳои халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар шароитҳои шарикии давлатию ҳуқуқӣ» барои амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар доираи минтақа бо нигоҳ доштани тамоми имтиёзу сабукиҳо рухсат дода шавад. 
13. Нақша-ҷадвали бунёд намудани биноҳои Марказҳои хидматҳои давлатӣ мувофиқи замимаи № 4 тасдиқ карда шавад.
Ба зиммаи раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои татбиқи саривақтӣ ва хушсифати нақша-ҷадвал ҷавобгарии шахсӣ гузошта шавад. 
Агентӣ барои татбиқи Нақша-ҷадвал мониторинги низомнок барқарор намояд ва дар ҳар семоҳа ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи рафти иҷрои он маълумот тақдим намояд. 
14. Ба муҳлати то 30 ноябри соли 2021 аз пардохтҳои гумрукӣ (ба ғайр аз боҷҳои гумрукӣ) таҷҳизоти серверӣ ва компутерӣ, маснуоти комплектӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, таъминоти барномавӣ, асбобу анҷом ва дастгоҳҳо, таҷҳизоти дигар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентӣ барои муҷаҳҳаз гардондани Марказҳо, нотариусҳо ва архивҳои ЗАГС бино бар рӯйхате, ки ба тартиби муқарраргардида ташаккул меёбанд, оварда мешаванд, озод карда шаванд. 
15. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот ворид намояд.
16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. А. Худойбергенов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
15 феврали соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: