ДАР БОРАИ ПЕШОМАДҲОИ ҲАМКОРӢ БО ROYAL BRINKMAN

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Гравензандеи Ҳулланд намояндагони сафоратхонаи Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс бо роҳбарияти ширкати ҳулландии Royal Brinkman барои баррасии пешомадҳои ҳамкорӣ мулоқот доштанд.

Зикр менамоем, Royal Brinkman, ки соли 1885 ташкил ёфтааст, ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоту мавод барои хоҷагиҳои гармхонавӣ тахассус дорад. Ҳамчунин ширкат беш аз 30 ҳазор навъи молҳоро истеҳсол карда, барои парвариши сабзавоту гул дар Аврупо, Австралия, Мексика, Русия ва Туркия инвентарҳои зарурӣ расонда медиҳад. Мубодилаи моли солонаи ширкат зиёда аз 160 миллион евро мебошад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо сафири Ӯзбекистон Дилёр Ҳакимов ба ҳамсуҳбатон дар бораи шароитҳои мусоиде, ки дар Ӯзбекистон барои пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд, маълумот дод. Вай изҳор дошт, ки кишвари мо аз ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешқадам ба соҳаи кишоварзӣ манфиатдор мебошад.
Ҷониби Ҳулланд дар навбати худ манфиатдориашро аз татбиқсозии лоиҳаҳо бо арзиши баланди иловагӣ дар пояи усулҳои инноватсионӣ дар Ӯзбекистон таъкид намуд.
Ба сифати қадами аввал Royal Brinkman пешниҳод кард, ки имкониятҳоро оид ба сохтмони аввалин гармхонаи баландтехнологӣ аз оина омӯзанд. Ин гармхона бинобар шароитҳои хуби иқлимии Ӯзбекистон бояд самарабахш бошад.
Ширкат ҳамчунин тайёрии худро бобати баргузор кардани тренингҳои таълимӣ барои кормандони соҳаи аграрии Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ кардан ва истифода бурдани усулҳои пешқадами парвариши зироатҳои гуногуни озуқаворӣ, ки ҳифзи рустаниҳо, асосҳои нигоҳубини дуруст ва ҷиҳатҳои дигар ба он дохил мешаванд, таъкид сохт.
Дар гузориши худ ба ОИ «Дунё» менеҷери минтақавии ширкати Royal Brinkman Эпо Ванг ден Бринк фикру ақидаҳои худро бинобар пешомади ҳамкориҳо бо шарикони ӯзбекистонӣ иброз дошт.
– Ман ба шарофати дар яке аз намоишгоҳҳои байналхалқии аграрӣ, ки соли 2014-ум дар Ӯзбекистон баргузор шуда буд, бо кишвари шумо ошноӣ дорам. Бояд бигӯям, ки Ӯзбекистон барои рушди хоҷагии гармхонавӣ тамоми имкониятҳоро соҳиб мебошад. Шароити хуби иқлимӣ имкон медиҳад дар ин сарзамин сабзавот, гул ва зироатҳои дигар парвариш карда шаванд, ҳамзамон барои ин аз нирӯи барқ сарфакорона истифода бурда шавад, қайд кард вай. 
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани иштироки намояндагони Royal Brinkman дар ҳайати тиҷоратии ширкатҳои азими кишоварзии ҳулландӣ дар Ӯзбекистон, ки  аз ҷониби сафоратхонаи Ҳулланд аз 11 то 15 марти соли 2019 баргузор мегардад, ҳамчунин боздид аз намоишгоҳи Agro World Uzbekistan-2019 муоҳида бастанд.

ОИ «Дунё», 
ГРАВЕНЗАНД – АМСТЕРДАМ – БРЮССЕЛ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: