МИЛЛИОНҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИ ҲАВЛӢ

ё худ оилае, ки бо роҳи маҳалликунонӣ ва зиёд кардани гулҳои ноёби дунё даромад мегирад Хонадони Ғиёсиддин Шерғозиев аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Катта қайнар»-и ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона соли гузашта ғолиби зинаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Энг ибратли оила» шуд.

Барои осуда ва фаровон умр ба сар бурдани ҳар як оила фазилатҳои ҳамҷиҳатӣ ва меҳнатдӯстӣ ҷойи ба худ хос дорад. Касе, ки дар ин хонадон мешавад, инро ҳис менамояд. Бӯйи гулҳои гуногуни дар асоси архитектураи ландшафт бунёдшуда, хонаи сабки шарқона, мошинҳои бренди  хориҷ ва истеҳсоли маҳаллии рӯйи ҳавлӣ аз самараи меҳнати оила дарак медиҳад.
Гулпарварӣ ба падару модари 5 фарзанд ва бибию бобои 3 набера Ғиёсиддин ва Лолахон Шерғозиева касби бобоист. Падару бобоёни онҳо бо меҳнати оддӣ умр ба сар бурда бошанд, муваффақияти  аз дастовардҳои илму дониши замонавӣ ба дастовардаи онҳо лойиқи таҳсин аст. Дар гармхонаи назди ҳавлии хонадон парвариши зиёда аз 100 намуди гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола, мисли палма, виола, питония, магнолия, садбарг ба роҳ монда шудааст.
Дар як қисми замини назди ҳавлӣ тухми як чанд намуди арча ва гулҳои ноёби аз Ҳулланд, Италия ва қитъаҳои дигар овардашуда зиёд ва дар ҷойҳои махсус парвариш карда мешавад. Барои маҳалликунонии онҳо таҷрибаи илмиву амалӣ бурда мешавад. Дар вилояти Андиҷон ва ноҳияҳои атрофи шаҳри Қӯқон ба тарзи иловагӣ 15-то гармхона ташкил карда, 50-то ҷойи корӣ офарида шуд.
– Ба туфайли таҷрибаи ҳаётӣ ва кофтуковҳои илмӣ ба маҳалликунонии гулҳои бренди бозори ҷаҳон муваффақ шудем,– мегӯяд фарзанди сеюми оила Иқболҷон Шерғозиев. – Масалан, акнун  метавонем гулҳои палмаро дар ҳамаи ҳудуди вилоят парвариш кунем. Ҳамватанонамон як даста ниҳоли палмаро ба қимати 1,5 миллион сӯм мехаранд. Баробари ин хидмати ороиши меъмории сабки ландшафт дар ҳудуди корхонаву ташкилот ва хонадони аҳолиро ба роҳ мондаем.
Дар 500 хонадони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Катта Қайнар» зиёда аз 2 ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Ба гуфти раиси ҷамоати шаҳрвандон Абдумалик Рӯзматов оилаи Шерғозиевҳо   дар ободгардонии ҳудуди маҳалла, муассисаи таълими томактабӣ ва мактаб ба тарзи доимӣ кӯмак мерасонад. Соли 2015 Ғиёсиддин ва Лолахон Шерғозиевҳо зиёда аз 100 миллион сӯм маблағеро, ки барои зиёрати Каъба ҷамъ карда буданд, барои таъмин намудани аҳолии маҳалла бо оби нӯшокӣ сарф карданд. 
Дар мисоли ҳамин оила манбаи даромади бузург ва муъҷизаи ҳақиқӣ будани замини наздиҳавлӣ исботи худро ёфт. 
Ҳоло оилаи Шерғозиевҳо дар маркази маҳалла маҷмӯи замонавии гулпарвариро барпо карда, дар асоси он 200-то ҷойи нави корӣ офариданианд. Маҷмӯа бо намуди меъмории худ ба зебоии маҳалла меафзояд. 

Маъсудҷон СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: