НАХУСТИН АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САЁҲАТИ ЗИЁРАТӢ ДАР БУХОРО

Дар мамлакати мо ба рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими стратегии иқтисодиёти миллӣ эътибори махсус дода мешавад.

Дар ин бобат маҷмӯи чораю тадбирҳо амалӣ мегарданд. Нахустин анҷумани байналхалқии саёҳати зиёратӣ, ки 21-22 феврали соли ҷорӣ дар Бухоро ба амал омад, давоми мантиқии чунин чорабиниҳост. Мақсад аз он тарғибу ташвиқ намудани имконият ва салоҳияти сайёҳии мамлакат, ҳамчунин муаррифии Ӯзбекистон дар олами ислом ба сифати яке аз марказҳои бузурги саёҳати зиёратӣ мебошад. 
Анҷуманро Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон якҷо бо ҳокимияти вилояти Бухоро, Кумитаи корҳои оид ба дини назди Девони Вазирон, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, Бунёди ҷамоатии хайрияи «Вақф», Вазорати корҳои хориҷӣ бо пуштбонии ISESCO UNWTO ва «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» созмон дод.
Дар кори он бештар аз 120 ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ, уламои дин, мактабҳои олӣ, маъмурияти сайёҳӣ, доираҳои илмӣ, вакилони ширкатҳои хориҷӣ оид ба саёҳати зиёратӣ ширкат ҷустанд. 21 феврал меҳмонон бо қатораи зудгарди «Afrosiyob» ба Бухоро омаданд. Онҳо маҷмӯъҳои Баҳоуддини Нақшбанд ва Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, инчунин ёдгориҳои таърихию ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри куҳанро зиёрат карданд.
22 феврал бинои «Маркази ҷавонон» ва гирду атрофи он намуди идона дошт.
Толори ҷамъомадҳо пур аз меҳмонону мизбонон буд. Анҷуманро иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини аввали раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ Улуғбек Қосимхӯҷаев ифтитоҳ кард. Сипас ояте аз Қуръони Карим тиловат гардид. Дар ҷамъомад ҷонишини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов, ҳокими вилояти Бухоро Ӯктам Барноев, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов сухан карданд.
Ҳозирон аз тариқи видео аз баромади саркотиби UNWTO Тақӣ Усмонӣ ва дигарон бархурдор гардиданд. Баъд тақдимот оид ба салоҳияти сайёҳии мамлакат ва ислоҳоти охирини тадбиркорон бобати сайёҳӣ ба амал омад. Раиси Палатаи мувофиқати иҷтимоӣ, оила ва ногироҳои Миср, раиси шӯрои олии тариқати сӯфиёни Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулҳодӣ ал-Қасабӣ, ҷонишини раиси Кумитаи дини Туркия Усмон Пирашчӣ, имоми масҷиди марказии шаҳри Деҳлӣ Саид Бухорӣ, ректори Донишгоҳи «Gunadarta», сафири бренди сайёҳии Ӯзбекистон дар Индонезия Эко Шрӣ Маргиантӣ, ҷонишини аввали раиси Идораи мусулмонони Русия Рушан Аббосов бобати ҳамкориҳо, саёҳати зиёратӣ ва аҳамияти он изҳори ақида карданд.
Пас дар бораи «Ҳафт пир» саҳнае намоиш дода шуд. 
Дар шуъбаҳо мутахассисон оид ба методологияи намоиши маҳсулоти сайёҳӣ ибрози назар карданд.
Мо бо меҳмон аз Бомбеи Ҳиндустон Абдулкарим шинос шудем. Вай доир ба меҳмондӯстии мардум, меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ ва самимияти волои шаҳрвандони Ӯзбекистон, таомҳои миллӣ бо завқи баланд ҳарф зад. Эътибор ба ёдгориҳои таърихӣ, сазовори қайд кардан аст, гуфт вай. Дар ҷараёни мулоқот бо меҳмонон бисёр ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ таҳия гардиданд. Саҳари 23 феврал меҳмонон ба Самарқанд рафтанд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: