РАИСИ ИМРӮЗ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Мардуми ҷумҳурӣ дар арафаи маъракаи муҳим – интихоботи раисони маҳалла қарор доранд.

Мушкилӣ ва муаммоҳои муҳими ҳаёти одамон нахуст дар идораи маҳалла муҳокимаи худро меёбанд.
Аз ин рӯ, маҳалла ба сифати идорае, ки такягоҳи ҷамъият аст, пеши назар намоён мегардад. Дарду ташвиши мардум дар ҳамин идора ҳаллу фасл меёбад. Беҳуда нест, ки дар ҷумҳурии мо институти маҳалла ташаккул ёфтааст. Президент Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 3 феврали соли 2017 Фармон «Дар бораи чораву тадбирҳои минбаъд такмил додани институти маҳалла»-ро содир карда буд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим вазифаҳои асосии ходимони идораҳои маҳалла возеҳу равшан акс ёфтааст.
15 октябри соли 2018 Қонун «Дар бораи интихоботи раисон (оқсақолон)-и маҳалла» дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ин қонун аз 5 бобу 32 модда иборат аст. Акнун раисон (оқсақолон)-и маҳалла ба муддати 3 сол интихоб карда мешаванд. Мувофиқи ин қонун интихобот ба таври пӯшида сурат мегирад. Дар ҳамин ҷо суоле пайдо мешавад. Раисони замонавии маҳалла чӣ гуна бояд бошанд? Дар навбати аввал онҳо хушахлоқ, хоксору фурӯтан, бофарҳанг бояд бошанд. Ташаббускорӣ хоси раисони замонавӣ буда, бояд ғояҳои соҳибкории аҳли маҳалларо на танҳо дастгирӣ намоянд, балки  инкишоф ва рушд дода тавонанд.
Номзад ба раис бояд дорои маълумоти олӣ, дар байни халқ соҳиби обрӯву эътибор ва дорои таҷрибаи кофии корӣ бошад. Зеро ин таҷрибаи корӣ баҳри ҳаллу фасли муаммои одамон дар маҳалла кӯмак мерасонад.
Ба наздикӣ дар шаҳри Ҷиззах бахшида ба корҳои омодагӣ ба маъракаи интихоботи раисон (оқсақолон)-и маҳаллаҳо ҷамъомад ба амал омад ва дар он мутахассисони соҳа фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Собиқадорони меҳнат, депутати шӯрои вилоят Хидир Шукуров, раиси Шӯрои ҷамоатии шаҳри Ҷиззах Низомхоҷа Абдусамадов, ходими садорати адлияи вилоят Ориф Ҳасанов, муовини раиси вилоятии Бунёди «Маҳалла» Узоқбой Рисқулов дар суханронии хеш паҳлӯҳои асосии интихобот ва фарқи онро аз интихоботи пешин қайд карданд. Аз рӯзноманигорон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷараёни интихобот фаъолнокиро аз даст надиҳанд ва дар интихоби раисони муносиби давр кӯмак расонанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: