ДОИР БА МИНБАЪД БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ ЗИРОАТҲОИ ҒАЛЛАДОНА ЧОРАҲОИ РӮЗМАРРА МУАЙЯН ШУДАНД

25 феврал таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои муҳими мунтазам ба роҳ мондани парвариш ва ғункунии ҳосили зироатҳои ғалладона, ки бобати таъмин сохтани амнияти хӯроквории мамлакат аҳамияти бузург доранд, машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Соли гузашта, бо вуҷуди обу ҳавои бағоят гарм ва хушк, ба хусус камобӣ дар вилоятҳои ҷанубӣ, ба шарофати меҳнати фидокоронаи фермерони мо аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 45 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шуд ва умуман тайёр кардани беш аз 5 миллиону 200 ҳазор тонна ғалла имконпазир гардид. 
Соли равон нисбат ба соли гузашта ду баробар бештар ва нисбати солҳои аввал 1,3 баробар зиёд намӣ мушоҳида мешавад. Чунончи, дар обанбори Талимарҷон нисбат ба соли гузашта як миллиард метри мукааб, дар обанборҳои Чимқӯрғон, Пачкамар ва ғайра 2-3 баробар бештар об ҷамъоварӣ шудааст. Барои беҳтар кардани таъминоти об дар вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё обанбори Сардоба сохта ба истифода супурда шуд. Ин имкон медиҳад нисбат ба солҳои аввал ҳосили бештар ҷамъоварӣ гардад. 
Он чиз низ муҳим мебошад, ки барои ҳавасмандгардонии фермерон дар соли 2019-ум нархи хариди  як тонна гандум 1 миллиону 200 ҳазор сӯм, ё худ нисбат ба соли аввал 1,6 баробар баландтар муайян карда шуд. Механизми рағбатноксозии фермероне ҷорӣ гардид, ки ҳосили баланд рӯёнидаанд ва ба нархи хариди давлатӣ дар ҳаҷми то 25 фоиз, яъне то 300 ҳазор сӯм иловапулиро барои ҳар як тонна ғалла пешбинӣ кардаанд. Ин омили муҳими рӯёндани ҳосили зиёд мегардад. 
Зиёда аз ин ба маҳалҳо нуриҳои азотдор, фосфор ва калийдор саривақт расонда дода мешаванд. Умуман барои афзудани ҳосилнокӣ ва нисбат ба соли гузашта ҳадди ақалл  30 фоиз зиёд кардани ғалла тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. 
Дар машварат ҳолати рушди зироатҳои ғалладона дар мисоли ҳар кадом минтақа аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил гардида, камбудиҳои мавҷуда таъкид шуданд.
Чунончи, ноҳияҳои Миришкор, Қаршӣ, Ғузор, Чироқчӣ ва Косони вилояти Қашқадарё, ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Пастдарғоми вилояти Самарқанд, ноҳияҳои Дӯстлик, Шароф Рашидов, Зафарободи вилояти Ҷиззах, ноҳияҳои Хавос, Оқолтин ва Гулистони вилояти Сирдарё дар рушди парвариши ғалладона қафо мемонанд. Дар Тошканд, Намангон ва вилоятҳои дигар чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талаб иҷро нашудаанд. 
Дар машварати видеоселекторӣ бобати аз байн бардоштани нуқсонҳои зикршуда ва камбудиҳои дигар, зиёд кардани ҳосилнокӣ ва барилова тайёр намудани ҳаҷми зарурии ғалладона супоришҳо дода шуданд. Таъкид шуд, ки соли равон барои ғаллапарварӣ соли бағоят мусоид омад, бояд аз ин самарабахш истифода бурд ва ба фаровониву арзонии маҳсулоти озуқаворӣ муваффақ гардид. 
Табиати кишвари мо ин неъмат ва саховатест, ки Худованд инъом кардааст. Ғалла аз ҷумлаи маҳсулоти асосии истеъмолӣ ба шумор меравад. Ҳосили хуб рӯёнида, мо метавонем фаровонии гандум, арзоншавии маҳсулоти дигари хӯроквориро таъмин намоем. Ин масъалаи бағоят муҳимест, ки бевосита ба фаровонҳолии халқамон тааллуқ дорад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент зарурати дар соҳаи ғаллапарварӣ ҳам ба роҳ мондани кластерҳоро бо назардошти таҷрибаи кластерҳои пахтапарварӣ таъкид намуд, барои ин ба роҳбарони масъул ва ҳокимони вилоятҳо супоришҳои дахлдор дода шуданд. 
Таъкид шуд, ки бояд ҳам фермерон ва ҳам кластерҳо манфиати иқтисодиро пешбинӣ кунанд, нисбат ба муоҳидаҳо дар бораи ҳаҷми ҳосилнокӣ ҳосили зиёд рӯёнанд ва даромадашонро бештар кунанд. 
Ғаллапарварӣ барои соҳаҳои дигари хоҷагии қишлоқ низ аҳамияти бузург дорад. Аз ҷумла, хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ мунтазам ба озуқа эҳтиёҷ доранд. Минбаъд қарордодҳои бевоситаи байни чунин хоҷагиҳо ва фермерон бобати хариди қисми муайяни ҳосили ғалла ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар давраи кунунии парвариш ва ҷамъоварии ҳосили ғалладона ҳоҷагиҳои паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ метавонанд ба хоҷагиҳои фермерӣ маблағ равона кунанд ва минбаъд озуқаи арзон ба даст оваранд. Дар натиҷа ҳам ҳосилнокии зироати ғалладона зиёд мегардад ва ҳам нарх барои гӯшт, тухм ва маҳсулоти дигар аз ҳисоби вусъат додани истеҳсоли озуқаворӣ арзон мешавад. Аз ин ҳама манфиат мебинанд.
Дар машварат супориш дода шуд, ки кооператсияи байни хоҷагиҳои манфиатдор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо барои  бо ғалла куллан таъмин кардани талаботи хоҷагиҳои паррандапарвариву моҳидорӣ муқаррар карда шавад. 
Таъкид шуд, ки гурӯҳҳои кории ҷумҳуриявӣ оид ба парвариши зироати ғалладона бояд ба маҳалҳо сафар карда, якҷо бо роҳбарони чор сектори вилоятҳо ва ноҳияҳо «харитаи амалиёт»-ро бобати камаш 30 фоиз зиёд намудани ҳосилнокии ғалладона кор карда бароянд, ҳамчунин иҷрои онҳоро таъмин намоянд.
Дар ин маврид бояд ба кори дар муҳлати то 10 март бо нуриҳои азотӣ таъмин кардани зироати ғалладона эътибори махсус дода шавад. Ба Вазорати хоҷагии об супурда шуд, ки обро сарфакорона харҷ ва технологияҳои нави обёриро ҷорӣ намояд. Ба зиммаи роҳбарони секторҳои маҳаллӣ барои муайян кардани чорабиниҳои зарурии агротехникӣ дар ҳар кадом хоҷагии фермерӣ ва таъмин сохтани иҷрои мустақими онҳо вазифаҳо гузошта шуданд. 
Бинобар масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ шуданд, ахбори шахсони масъули соҳа, роҳбарони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо шунида шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: