ШИФОКОР ҶИНОЯТ СОДИР КАРД

Обид Алимов дар Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона ба вазифаи шифокори рӯҳшинос кор кардааст.

Ӯ аз рӯйи вазифа беморони рӯҳиро табобат карда, ҳангоми зарурат аз моддаҳои психотроп истифода мебурд. Фикр мекунед, ки ин ҳолат табиист?
Ӯ пештар бо сабаби фурӯши моддаҳои психотроп  бо қарори суд аз вазифааш сабукдӯш гардида, барои ислоҳи ахлоқ ба мӯҳлати 2 сол ҳукм карда шуда буд. Аммо ӯ аз фурӯхтани моддаҳои психотроп даст накашид. 
Рӯзе шифокори иттиҳодияи тиббии ноҳияи номбурда Камол Қосимов (номҳо дигар карда шудаанд) ба О. Алимов таклиф кард, ки моддаи психотропи ба беморон тавсияшударо ҳамроҳ фурӯшанд  ва даромади бедардимиён ба даст дароранд.
О. Алимов ба бемор С. Мадиева моддаи психотропи «Феназепам 1мг»-ро ба миқдори зиёд тавсия карда, таъин мекунад, ки зиёдатиашро ба К. Қосимов расонад. Бемор як қуттӣ «Феназепам 1мг»-ро, ки аз 10 дона кулчадору иборат аст, ба К. Қосимов мефурӯшад. К. Қосимов моддаи мазкурро ҳангоми фурӯш ба М. Холматова дар утоқи кориаш аз ҷониби ходимони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда мешавад. О. Алимов, К. Қосимов ва С. Мадиева мувофиқи моддаи 273, қисми 3, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор дониста шуданд.
– Дар қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани кӯмаки психиатрӣ» боз ҳам такмил додани низоми ёрии психиатрӣ ба аҳолӣ таҷдиду сохтани биноҳои муассисаҳои психиатрия ва бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ ҷиҳозонидани онҳо пешбинӣ шудааст,– мегӯяд раиси суди корҳои ҷиноии ноҳияи Ёзёвон Бекзод Ҳайдаров. 
– Чунин саъю ҳаракат ва қонунҳо бо мақсади ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардан қабул карда мешаванд. Доир ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, муайян кардани беморони ба касалии рӯҳӣ дучоршуда, табобат ва реабилитатсияи онҳо як қатор корҳо амалӣ мегарданд. Аммо, афсӯс, баъзе мутахассисони соҳа, ки давлат ба онҳо боварӣ дорад, бо корҳои ноқонунии худ ба рушди соҳа халал мерасонанд.
К. Қосимов аз вазифааш сабукдӯш гардида, ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ба С. Мадиева низ ҷазои ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гаштан дода шуд. О. Алимов ба муддати 2 солу 6 моҳ аз вазифааш сабукдӯш гардида, ба ӯ ҷазои сесолаи ислоҳи ахлоқ таъин гардид.
«Кӯр асояшро як бор гум мекунад» гуфтааст халқи дурандеши мо. Аммо О. Алимов барин намояндагони соҳа ба огоҳкуниҳо аз паси панҷа нигариста, масъулияти корро фаромӯш мекунанд, ба корҳои зидди қонун даст мезананд, дар натиҷа дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
мухбири ӮзА.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: