ПАНДИ ДОНОЁН – РОҲНАМОИ ҲАЁТ

Ҳар вақте ки роҳам аз назди дӯкони «Шарқ зиёкори»-и пойтахт гузарад, бо мақсади гирифтани китоби хондание дарашро мекушоям.

Чанде пеш дар дӯкон будам. Китобҳоро тамошокунон чашмам ба китобе афтод, ки «Донолар пандлари» («Панди доноён») ном дошт. Ба даст гирифта варақ задам. Дар он доир ба ҳар мавзӯъ суханони ҳикматноки доноёни ҷаҳон, ҳадису ривоятҳо, зарбулмасалу мақолҳо, латифа ва байтҳои шоирони халқҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд.
Як боби он «Ватан. Ватанпарварӣ. Ишқи Ватан» ном дошт. Дар ин боб чашмам тасодуфан ба ғазали машҳури Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо байти:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме...

сар мешавад, афтод. Мураттибон ғазалро ба забони тоҷикӣ оварда, дар поёнаш мазмуни онро ба забони ӯзбекӣ шарҳ додаанд, ки ба мавзӯи «Ишқи Ватан» хеле мувофиқ омадааст. Дар боби мазкур байти зерини Абулқосим Фирдавсӣ мавзӯи ватанпарвариро такмил додааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Тарҷумаи ӯзбекиаш:
Бирма бир жонимиз этамиз фидо,
Ватанни душманга бермаймиз асло.

Вобаста ба мазмуну мундариҷаи мавзӯъҳо, дар баробари мақолу зарбулмасали дигар халқҳо, мақолҳои тоҷикӣ ҳам аз қабили «Нимта нон роҳати ҷон, якта нон балои ҷон» дар китоб бо шарҳашон оварда шудаанд.
Бобҳои «Занон», «Зан. Хушдоман», «Оила. Зану шавҳар», «Меҳмон. Меҳмоннавозӣ», «Одоби сухангӯйӣ», «Дӯст», «Мактаб. Таълим», «Омӯзгор. Хонанда», «Қаноат. Гурусначашмӣ», «Тандурустӣ»... гумон мекунам барои ҳар хонанда мароқангезанд. Ин гуна китобҳо пештар ҳам чоп мешуданд, вале дар онҳо панди доноёни Шарқ, хусусан минтақаи мо, камтар оварда мешуд.
Гирдоварандагони «Панди доноён» ба ин китоб суханони ҳикматомези шоиру олим ва нависандагони ӯзбеку тоҷикро, аз қабили Рӯдакӣ, Саноӣ, Байҳақӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Баҳоуддини Нақшбанд, Умари Хайём, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Бедил, Нодирабегим, Садриддин Айнӣ, Саид Аҳмад, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева... бештар дохил намудаанд, ки боиси ифтихор аст.
Мураттибон Илҳом Эгамбердиев ва Аброр Ҳайдаров дар сарсухани китоб, аз ҷумла навиштаанд: «Барои инсоне, ки аз хазинаи донишу фарҳанг ва арзишҳои умумиинсонӣ баҳра мегирад, кушодадилӣ ва ифтихори миллӣ бегона нест». Суханони ҳикматомез ва панду андарзи доноёни дунё дар бораи ҳақиқати зиндагӣ аҳамияти худро ҳеҷ гоҳ гум намекунанд, онҳо дар тарбияи инсони комил нақши муҳим доранд.
Бегоҳӣ ширро дар зарфе монед, рӯзи дигар ба рӯяш қаймоқаш ҷамъ мешавад. Суханони ҳикматноки доноёни ҷаҳон ҳам қаймоқи фикри онҳост дар бораи воқеияти зиндагӣ.
Баъди эълон шудани Фармоиши Президент «Дар бораи созмон додани комиссия доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштан ва тарғиб кардани маданияти китобхонӣ» аз 12 январи соли 2017 нашриётҳо ба чопи китобҳои хушсифат ва хонданӣ рӯ оварданд. Инро касе, ки ба дуконҳои китоб сар халондааст, ҳис мекунад. Ороишу сифати китоби «Панди доноён», ки онро бо теъдоди ҳазор нусха нашриёти «GLOBAL BOOKS» чоп кардааст, хуб мебошад. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: