НАМОЯНДАИ НОМИИ МАКТАБИ САРОЯНДАГИИ БУХОРО

Инсон, ки офаридаи бузурги Худованд аст, метавонад бо саъю кӯшиш ва иродаи қавӣ соҳиби маърифату маънавияти воло ва фазилатҳои неки инсонӣ гардад.

Шиноси деринаам, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Аҳмадҷон Шукуров яке аз чунин шахсон ба шумор меравад, ки ҳамеша бо меҳнати ҳалолу пурмашаққат ба дастовардҳои эҷодӣ ноил гаштааст.
Ӯ дар деҳаи Қалъаи Миришкори ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро дида ба дунё кушод. Падари ӯ Мулло Шукур Азимӣ бо адабиёти форсу тоҷик, турку араб шинос буда, аз сафи зиёиёни давраш ҷой дошта буд. Модараш Фотима низ зани саводноку мактабдида буд. Оилаи онҳо дар солҳои табъид душвориҳои зиёдро аз сар гузаронида буд. 
Машаққатҳои зиндагӣ маҷбур кард, ки Аҳмадҷони ҷавон бори вазнини онро ба дӯш гирад. Ӯ ба  Мирзобой ном усто шогирд афтида, сирру асрори хонасозиро омӯхт. Аммо душвориҳо ба орзуву мақсадҳои ҷавони наврас монеъ шуда наметавонист, ӯ дар дил иштиёқи баландро нисбат ба сурудхониву мусиқӣ мепарварид...
Шукурака ҳавасмандии писарашро хуб пазируфт. Азбаски худи ӯ ба мусиқӣ эҳтироми баланд дошт, фарзандашро дастгирӣ кард, шояд аз ин сабаб бошад, Аҳмадҷон падарашро устоди аввалини худ мешуморад. 
Баъд аз хатми мактаб Аҳмадҷон дар озмунҳое, ки дар миқёси вилоят баргузор мешуд, фаъол иштирок кард. Акнун мардум ӯро ҳамчун хонанда эътироф мекарданд.
Муаллимони Донишкадаи педагогии Бухоро Аҳмадҷон Шукуровро барои пурра азхуд намудани илми мусиқӣ ба донишкада таклиф карданд. Аҳмадҷон санҷишҳои давлатиро бомуваффақият супорида, соҳиби номи донишҷӯ шуд.
Баъди як соли таҳсил дар телеозмуни «Ғазалхон ёшлигим» иштирок карда, аз қатори ғолибон ҷой гирифт ва ӯро ба Филармонияи давлатии ба номи М. Қориёқубов ба кор даъват карданд.
Ман бо устод Аҳмадҷон Шукуров ҳамон сол шинос шудам. Ҳоло хуб дар ёд дорам: ба Аҳмадҷони қоқинаи қоматбаланди чусту чолок ҳама бо ҳавас менигарист. Сабаби ҳавасмандӣ маълум буд: ӯ дар байни мардум бо хушхониаш шинос шуда, сурудҳояш дар радиову телевизион садо медод.
Баъд аз ба Тошканд омадан, таҳсилро дар шуъбаи ғойибона давом дод ва баробари он дар ҷамоаи хор фаъолият бурд.
Солҳое, ки дар дастаи суруд ва рақси давлатии «Баҳор»-и ба номи М. Турғунбоева ба сифати хонанда ва созанда кор кард, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Бештари сурудҳои хонандаи номӣ, ки ҳоло аз 60 адад зиёд аст, ҳамон вақт эҷод шуда буд. Аҳмадҷон дар зиёда аз 30 мамлакати дунё сафари ҳунарӣ дошт.
Ӯ ҷавонони истеъдодаш баландро ҷамъ карда, ҷамоаи «Зарафшон»-ро ташкил кард, ки даста  бо меҳнати пурмашаққати устод дар байни мардум шуҳратманд гашт.
Репертуари ҷамоа сол аз сол ғайр аз сурудҳои мардумии Зарафшон, ба хусус, мавригӣ бо оҳангу сурудҳои халқҳои гуногуни дунё ғанӣ мегашт. Бар ивази чунин саъю ҳаракат аввал ба унвони Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон, баъдтар ба Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон сазовор шуд.
Баъд аз рӯй ба таназзул овардани Иттифоқи шӯравӣ корхона ва ташкилотҳои давлатӣ ба душвориҳои моддӣ дучор мешуданд. Театри мусиқӣ ва драмаи вилоятии Бухоро ба номи Устод Айнӣ низ аз ин дар канор намонд. Марди ватандӯсту қавиирода Аҳмадҷон Шукуров аз пайи ба по мондани фаъолияти театри мазкур шуд. Хонанда ҳамчун роҳбари театр кӯшиш намуд, ки дар байни ҷамоа муҳити солим – меҳру оқибат, якдилӣ азнав ташаккул ёфта, ҳолати моддии он низ беҳтар шавад, савияи асарҳои саҳнавӣ ва барномаҳои консертӣ баланд гардад.
Бо таклифи Аҳмадҷон Шукуров бастакору драматург, созандаву хонандагон аз пойтахт барои ҳамкорӣ ба театр меомаданд. Бо мадади саховатмандон ҳолати моддии театр низ беҳ шуд. 
Сафарҳои эҷодии ҷамоаи театр ва ғолиб шудани он дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ самараи меҳнати роҳбар буд.
Ростгӯӣ, адолатпарварӣ фазилатҳои ба худ хоси устод буд. Албатта, чунин феълу атвори ӯ ба шахсоне, ки аз сабаби санъату маданият дур будан арзиши онро намедонистанд, манзур намешуд...
Аз ин сабаб Аҳмадҷон Шукуров ба пойтахт баргашт. Устодро ҷамоаи театр ва ихлосмандонаш ба Бухоро борҳо даъват карданд, аммо ӯ барнагашт.
Баъд аз ба Тошканд омадан, овозхон дар студияи «Маънавият»-и Телерадиокомпанияи ҷумҳурӣ ҳамчун сармуҳаррир чандин сол ифои вазифа намуд.
Ҳоло Аҳмадҷон Шукуров роҳбарии мактаби санъат ва мусиқии рақами 28-уми ноҳияи Қибрайро дар ӯҳда дорад. 
Созанда, хонанда, бастакори моҳир, муаллифи якчанд асари саҳнавӣ, намояндаи пуриқтидори мактаби сарояндагии Бухорову Самарқанд Аҳмадҷон Шукуров ба синни 70-уми умр қадам мегузорад. Алҳол ӯ дар авҷи камоли эҷодӣ аст.

Н. ЗОЙИРОВ,
муаллими мактаби санъат ва мусиқии рақами 28-уми ноҳияи Қибрайи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: