«ЛОКОМОТИВ» СОҲИБИ СУПЕРКУБОК

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и пойтахт байни чемпиони кишвар дар соли 2018 – «Локомотив» ва соҳиби ҷоми мамлакат дар соли гузашта дастаи «АГМК» сабқат барои суперкубоки Ӯзбекистон баргузор шуд ва дар он «роҳиоҳанчиён» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ мизбонони номиналӣ, футболбозони дастаи «Локомотив» ҳуҷумҳои зиёдро ба дарвозаи рақиб анҷом доданд. Гарчанд дар дақиқаи 7-уми бозӣ ҳуҷумгари дастаи номбурда Темурхӯҷа Абдухолиқов дарвозаи рақибро ишғол кард, голи вай, дар ҳолати берун аз бозӣ будан, ба инобат гирифта нашуд. Дар дақиқаи 12-ум бошад, Абдухолиқов бори дигар тавонист маҳорати худро нишон дода, тӯбро ба дарвозаи «АГМК» ҷойгир кунад: 1:0. Агар дар дақиқаи 74-уми қисми дуюми бозӣ голи дуюми дастаро Йован Ҷокич зада бошад, дар дақиқаи 77-ум футболбози дастаи «АГМК» Зафар Полвонов ҳисоби бозиро ба 2:1 расонд.  
Бо ҳамин дастаи «Локомотив» дар таърихи худ бори дуюм суперкубоки мамлакатро ба даст овард. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: