ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ ЁРДАМЧИИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА ОИД БА КОРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ ВА МАРКАЗИРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 феврал иҷрокунандаи вазифаи ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллсро, ки ба мамлакатамон барои иштирок дар давраи навбатии машварати сиёсии Ӯзбекистону ИМА омадааст, пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро хайрамақдам гуфта, ба рушди муназзами муносибатҳои дуҷониба, ки аз эҳтироми тарафайн ва боварӣ асос меёбанд, баҳои баланд дод.
Қайд гардид, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи майи соли 2018 воқеаи таърихӣ гардид, ки ба давраи нави шарикии стратегӣ ибтидо гузошт.
Дар дараҷаҳои гуногун мулоқоти фаъол бурда шуда, бино бар самтҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мебошанд, ҳамкории бисёрнақша муназзам ривоҷ меёбанд.
Дар ин ҷанба муҳим будани самарабахшии истифода бурдан аз механизми машваратҳои сиёсӣ барои баррасии масъалаҳои муҳим ва пешомади амиқсозии ҳамкории дуҷониба таъкид гардид.
Ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориву технологӣ бо ширкатҳои бонуфуз ва бонкҳои ИМА эътибори алоҳида дода шуд.
Ба ин муносибат зарурати идома додани таҷрибаи баргузор намудани «Ҳафтаи тиҷорати Амрико» алоҳида қайд гардид, ки бори аввал моҳи октябри соли гузашта дар Тошканд дар доираи ташрифи вазири савдои ИМА У.Росс ба Ӯзбекистон ташкил шуда буд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин бино бар масъалаҳои бо роҳи сулҳу осоиш ба танзим овардани вазъият дар Афғонистон, фаъол ҷалб намудани ин мамлакат ба ҳамкории минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Элис Уэллс ба Президент Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарму ҷӯшон миннатдории самимӣ изҳор намуда, саломҳои Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва Котиби давлатии ИМА Майкл Помпеоро расонд.
Дипломати амрикоӣ аз натиҷаи давраи ҳафтуми машварати сиёсӣ, ки дар пойтахт баргузор гардид, қаноатмандӣ изҳор намуд.
Меҳмон ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ шуда, ба навсозии иқтисодӣ, рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ ва такмил додани идоракунии давлатӣ нигаронда шудааст, баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки саъю кушиши ИМА ба амиқсозии минбаъда ва васеъ гардондани шарикии сернақшаи байни ду мамлакат қатъӣ мебошад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: