ВАЗИФАҲОИ ИЛОВАГӢ ДОИР БА РУШДИ МАҶМӮИИ ҲУДУДҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 феврал доир ба масъалаҳои ҳудудҳое, ки аз нигоҳи инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ ақиб мондаанд, ҷамъомад баргузор намуд.

Дар мамлакатамон доир ба рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани некаҳволии минтақаҳо ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳои доманфарох муайян карда шудаанд. Барои татбиқи босамари онҳо бо фармонҳои роҳбари давлат Вазорати иқтисодиёт ва саноат ва Вазорати сармоя ва тиҷорати хориҷӣ таъсис гаштааст. Вазифаҳои асосии Вазорати иқтисодиёт ва саноат инкишофи маҷмӯии минтақаҳо ва соҳаҳо, ботаносуб ҷойгир намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ муайян гаштаанд, вазифаи Вазорати сармоя ва тиҷорати хориҷӣ бошад, аз таъмини коркард ва татбиқи босамари барномаҳои сармоягузории соҳавӣ ва минтақавӣ, танзими фаъолияти содиротии корхонаҳо ва ташкилотҳо иборат аст.
Ин вазоратҳо, бо ҳамдигар дар ҳамоҳангӣ кор бурда, доир ба комилан ба кор даровардани имконоти мавҷуда бо назардошти талаби бозор ва рушди босуръати минтақаҳо ва соҳаҳо чорабиниҳо меандешанд.
Имрӯз ба афзудани саҳми саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Чандин лоиҳа дар ин самт таҳия мегардад.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки аксарияти лоиҳаҳо ғолибан дар ноҳияҳое ҷойгир карда мешаванд, ки инфрасохтори муносибро соҳибанд ва бино бар ин роҳбари давлат таъкид кард, ки ба ҳудудҳои дигар низ эътибори алоҳида нигарондан муҳим мебошад.
Он нукта зери танқид қарор гирифт, ки дар 32 ноҳияи мамлакатамон саҳми саноат ҳатто то 3 фоизи нишондоди вилоят намерасад. Ба вуҷуд доштани имконот барои васеъ истифода намудани мавқеи географӣ, пойгоҳи ашёи хом, захираи меҳнати ин ноҳияҳо ишора гардид.
Ба вазоратҳои иқтисодиёт ва саноат, сармоя ва тиҷорати хориҷӣ, Кумитаи давлатии геология ва захирҳои маданӣ ташаккул додани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба индустриализатсияи ноҳияҳои зикргардида бино бар захираи канданиҳои фоиданок супориш дода шуд.
Таъкид ёфт, ки 266 ҳазор гектар замин ғайри қобили истифода гашта, аз муомила хориҷ карда шудааст. Ба вазоратҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагии об таҳия намудани барнома доир ба рушди кишоварзӣ дар ин заминҳо аз ҳисоби татбиқи технологияи сарфакунандаи об супориш дода шуд.
Доир ба истифодаи оқилонаи потенсиали  логистикӣ ва содироту хидматрасонии ноҳияҳое, ки бо мамлакатҳои ҳамсоя ҳамсарҳаданд, вазифаҳо супурда шуд.
Ногузирии дар ноҳияҳои аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ нисбатан ақибмонда ташкил намудани минтақаҳои хурди саноатӣ дар асоси кооператсия ва ҳамчунин дар онҳо татбиқ намудани лоиҳаҳо доир ба бофандагӣ, истеҳсолоти дубил, таҳия ва нигоҳдории маҳсулоти меваву сабзавот таъкид ёфт. Қабул намудани барномае, ки ба рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва нақлиётӣ дар ноҳияҳои мазкур нигаронда шудааст, супурда шуд.
Дар ҷамъомад инчунин чорабиниҳои ташкилӣ доир ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда муайян гардиданд.
Пеш аз ҳама гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовинони Сарвазир ба маҳалҳо рафта, аз рӯи 32 ноҳия бинобар соҳаҳо лоиҳаҳо бояд таҳия намоянд.
Ин лоиҳаҳо бояд дақиқ буда, ба тамоми масъалаҳои мазкур бояд ҷавоб гӯянд: чӣ қадар корхона ба кор андохта мешавад, чанд объекти инфрасохтор сохта мешавад, чанд нафар соҳиби кор мешавад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Қобили қайд аст, ки масъалаи таъмини молиявии лоиҳаҳои мазкур дар вобастагӣ бо барномаҳои «Ҳар як оила – соҳибкор», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» ҳаллу фасл бояд гарданд. Барномаи манзилии ҳамдастӣ барои худ кор пайдо кардани оилаҳои камтаъмине, ки дар ноҳияҳои мазкур зиндагӣ мекунанд, ба амал татбиқ мегардад.
Роҳбарони масъул доир ба масъалаҳои дар маҷлис муҳокимагардида ҳисоботи худро пениҳод намуданд. 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: