ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 феврал бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба воситаи телефон суҳбат кард.

Сарони давлатҳо бо қаноатмандии амиқ таъкид намуданд, ки ба туфайли иродаи қатъии сиёсӣ ва саъю кӯшиши роҳбарони ду давлат муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории ба ҳамдигар муфиди байни Ӯзбекистон ва Туркманистон муназзам ривоҷ ёфта, пайваста таҳким меёбад.
Ташрифу музокироти тарафайни олидараҷа муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистонро бо мазмуни аниқ ғанӣ гардонд.
Дар Тошканд ва Ашқобод гузаронда шудани намоишгоҳҳои тарафайни миллӣ ва бизнес-форумҳо, созмон додани Шӯрои корчаллонон, рушди ҳамкории наздики байниидоравӣ ба вусъат додани ҳаҷми муомилоти мол ва кооператсия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт мусоидат намуданд.
Дар рафти суҳбат ба чорабиниҳои амалие, ки бино бар беҳтар гардондани ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ, барҳам додани оқибатҳои ногувори фоҷиаи экологии Наздиарал андешида мешаванд, эътибори алоҳида дода шуданд.
Таъкид гардид, ки бомуваффақият гузаронда шудани ҳамоиши Бунёди байналхалқии наҷоти Арал дар шаҳри Аваза ва раисии пурмаҳсули Туркманистон дар бунёди мазкур ба саъю кӯшиши муштараки мамлакатҳои минтақа ва ҷомеаи байналхалқӣ бино бар ҳаллу фасли масъалаи Арал суръати нав бахшиданд.
Ба оғози фаъолияти Фонди траст дар асоси шарикии бисёрҷониба бино бар бехатарии инсон барои минтақаи Наздиарал таҳти шафоати СММ ва корҳои васеъмиқёс бинобар бунёд намудани ҷангалзор дар соҳилҳои хушкшудаи баҳр баҳои баланд дода шуд.
Инчунин бино бар ҷадвали чорабиниҳои оянда, аз он ҷумла тайёрӣ ба дувумин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мегардад, мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар поёни суҳбати телефонӣ роҳбарони ду давлат бори дигар ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон баҳри фаровонии ду мамлакат ва халқҳои бародар моилии қатъӣ доштанашонро собит намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: