«АЁ ШАҲРАМ, БА ДАСТАМ ХОМА ДОДӢ...»

Асад Гулзода Пире аз Бухорост,

Беҳин равшанзамире аз Бухорост.
Ба рағми кулли рӯбоҳони тарсу,
Яке Шери далере аз Бухорост.
(Паймон)

Мухлисони шеъру адаб кайҳо боз бо ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Асад Гулзодаи Бухороӣ ошно ҳастанд. 
Вақте дар бахши тоҷикии Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон кор мекардам, барои пуробурангии саҳифаҳои барномаи «Гулшани адаб», гуфторҳои адабӣ, барномаи рӯзи истироҳат дар қатори панду андарз, ғазалу рубоӣ ва ҳикояву достонҳои бузургон аз ашъори дилписанди Асад Гулзода низ шунавандагонро баҳраманд магардонидем. Тайи 60-65 сол аст, ки шоири маҳбуб, адиби заҳматкаш тавассути ашъори обдору намакинаш вирди забонҳо гашта, китобҳои шеъраш дастраси хонандагон гардидааст.
Бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирон тақдимоти китоби сеҷилдаи «Куллиёти осор»-и шоир баргузор шуд. Дар шаби шеър олимон, шоиру нависандагон, намояндагони миллатҳои дигар, ҷавонон, санъаткорон ва ҳаводорони шеъру суруд иштирок карданд.
Беҳтарини шеърҳои ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Мурғобӣ чӣ мекобад?», «Гулистони адаб», «Лафзи ширин», «Каҳкашони орзу», «Гули мурод», «Тазкираи адабиёти бачаҳо», инчунин дар китобҳои дарсии хонишу забони модарии синфҳои ибтидоӣ, адабиёти синфи ёздаҳум барои мактабҳои тоҷикӣ дохил гардидаанд. Вақте ки адибони маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон ба Бухоро меомаданд, меҳмони хонадони Асад Гулзода мешуданд. Сабаб ин буд, ки ба ҷуз аз қалби гарму меҳмондӯстонаи шоир, аз саҳни ҳавлии ӯ намои мақбараи Сомониён, зиёратгоҳи Зиндапил Аҳмади Ҷомӣ, қалъаи соҳибдарвозаи Тали Поч бо ҳолати пурраву асл ба дида пурҷило менамуду бо боду ҳавои форам ба тан оромиву ҳаловати тозае мебахшид.
– Шуои зиёбахши зиёратгоҳҳои ватани бобоии шоир – Бухоро сарманшаи илҳоми шоиранд. Ӯ як умр аз рӯйи андарзи «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» амал намуда, ин ҳикматро дар ашъори худ гунҷоиш додааст. «Насими Бухоро», «Хати пешона», «Шукуфаҳои Бухоро», «Намози рӯйи барг», «Нафаси баҳор», «Арзи сипос» (шеърҳо барои кӯдакон) маҷмӯаҳои шеърии шоир ба шумор мераванд, ки дар онҳо ақидаи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, барқарории маънавияти миллиро бо мазмуни чуқур ва обуранги баланди бадеӣ дармеёбем,– гуфт дар баромади худ гирдоварандаи куллиёти шоир, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Таваккал Чориев. 
Профессор Ҳасан Қудратуллоев, муҳаққиқ Амина Шарофиддинова ва дигарон изҳор намуданд, ки мавзӯи эҷодиёти шоир  доманфарох аст, аммо мавзӯи Ватан мавқеи ҷудогона дорад. 
Чунончӣ ин сатрҳо:
Аё шаҳрам, ба дастам хома додӣ,
Зи касбу кори ман бешубҳа шодӣ.
Нависам номае бар исми покат,
Саодатро ба рӯйи ман кушодӣ.
***
Аё, сарманзили овозадорам,
Ба мулки дигаре коре надорам.
Ту ҳастӣ дар ҷаҳон танҳою танҳо,
Ба дунё мавтани дигар надорам...
ба хурду калон нисбат ба Ватан, зодгоҳ ва дӯсту бародар меҳру муҳаббатро зиёда мегардонанд.
– Дилгармӣ ва дӯстдорӣ ба забонам, Ватани маҳбубам буд, ки шоир шудам. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ҳамаи миллатҳои Ӯзбекистон якдилу ҳамфикранд, барои рушди кишвар ҳамҷиҳатона меҳнат мекунанд. Ҳамеша шукри истиқлол, шукри замона бояд кард,– гуфт дар поёни маҳфил Асад Гулзода.
Хонандагони мактаби миёнаи рақами 17-уми шаҳри Ангрен, мактаби 9-уми ноҳияи Бӯка ва мухлисони каломи бадеъ аз шеърҳои шоир қироат намуданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: