«ХИРМАНИ СУХАН»

Агар мутарҷим бори масъулият бар дӯш дошта бошад, тарҷума, хоссатан тарҷумаи бадеӣ, кори осон нест.

Зеро дар ҷараёни тарҷума дороии маънавии миллате:  шеър, ҳикоя, қисса, роман... бояд ба дороии маънавии  миллати дигаре табдил  ёбад. Инҷониб дар навиштаҳояш, ҳангоми зарурат  такрор таъкид кардааст, ки ҳар он чӣ собиқа дорад, оянда дорад. Яъне гуфтаниям, ки дар таърихи беш аз ҳазорсолаи тоҷик  ба форсии тоҷикӣ баргардондани  осори адибони ҷаҳон амали нав набудааст. Мо метавонем «Марзбоннома»-и Саъдуддини Варовинӣ, «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ  ва «Ҳазору як шаб»-ро ба тариқи мисол ба забон гирем, ки аз ҷониби номбурдагон бо меҳру маҳорати тамом ба форсии тоҷикӣ баргардонда шудаанд. Агар дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ оварда намешуд, ки асарҳои мазкур осори тарҷумавиянд, ҳеч кас гумон намекард, ки онҳо моли маънавии дигар халқҳоянд. Яъне аҷдоди мо тавонистаанд, ки осори қавмҳои дигарро ба мулки маънавии форсизабонон табдил диҳанд. Ин тавоноӣ, бешак, далели нуктафаҳмӣ ва забондонии пешинагони пурифтихори мост. Онҳо ҳангоми тарҷума истиқлолияти забониро ҳифз намудаанд, яъне нагузоштаанд, ки сарфу наҳви забони форсии тоҷикӣ мутеъи грамматикаи забони мавриди тарҷума қарор гирад.
Агар мо ба тарҷумаҳои осори публитсистӣ ва бадеии қарни сипаригардидаи мутарҷимони тоҷик назари таҳлилӣ афканем, хоҳем дид, ки дар баъзеи онҳо истиқлолияти забонӣ риоя нашудааст, гоҳо ифодаҳо тоҷикона нестанд. Ин иллат ҳанӯз каму беш ба назар мерасад. 
Ҳамзабонони эронии мо дар кори тарҷума ба дунболи аҷдод рафтаанд. Лозим меояд, ки баъзан тарҷумаҳои онҳоро аз забонҳои  англисӣ, франсузӣ, олмонӣ, русӣ ва дигар забонҳо мутолиа намоям. Дар тарҷумаи онҳо истиқлолияти забонӣ нигоҳ дошта шудааст, ибораву ифодаҳо ҳама ба забони форсиянд, агар номҳои аврупоии қаҳрамонони асар сарфи назар шаванд, гумон мекунед, ки нависандаи эроние асари  наве таълиф намудааст...
Бисёре аз осори нависандагони садаи ХХ  ӯзбек мисли «Падаркуш»-и Беҳбудӣ, «Рӯзгори мозӣ», «Каждум аз меҳроб»-и Абдулло Қодирӣ, «Бачаи шум»-и Ғафур Ғулом, «Навоӣ»-и Ойбек, «Уфуқ», «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад, «Меъмор», «Темурмалик»-и Мирмуҳсин , «Дафншудагони бекафан», «Ҷонҳои зинда»-и Шукрулло, «Дунёи куҳан»-и Одил Ёқубов, «Шабҳои пурситора»-и Пиримқул Қодиров, «Кулоҳаки сеҳрнок»-и Худойбердӣ Тӯхтабоев, «Фариштаҳои дурӯғгӯй»-и Неъмат Аминов, «Алабӯҷӣ»-и Шукур Холмирзоев, «Нур ва соя», «Нигоштаҳои ҳошияи дафтар»-и Ӯткир Ҳошимов, «Тири охирин», «Шайтанат»-и Тоҳир Малик, «Саҳроҳои монда аз падарам»-и Тағой Мурод ...  ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шудаанд.
Умуман, тӯли сад соли охир насри муосири ӯзбек на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст. Ин ҳама, дар ин ё он сатҳ, кори тарҷумаи бадеӣ аст.  Хонандагони тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои насри ӯзбек ошноянд.       
Чанде қабл нашриёти «Noshirlik yog`dusi»-и пойтахт китоби «Хирмани сухан»-ро (қисми I) бо теъдоди 1000 нусха (муҳаррир Асадуллоҳ Исмоилзода) ба хонандагон армуғон кард. Китоб ҳикояҳои беҳтарини  чанд тан нависандаи саршиноси ӯзбекро бо сурат ва шарҳи ҳолашон дар бар мегирад, ки онҳоро нависанда ва мутарҷими борикбин Юнуси Имомназар  ба тоҷикӣ баргардондааст. Мутолиаи ҳикояҳо ба тасбит мерасонанд, ки тарҷумон бо нигоҳ доштани истиқлолияти забони форсии тоҷикӣ ва ифодаҳо онҳоро ба сарвати маънавии халқи тоҷик табдил дода тавонистааст. Мутаваҷҷеҳ бошед ба ин ибораву ифодаҳои ӯзбекӣ, ки мутарҷим онҳоро ба тоҷикӣ чӣ хел ифода кардааст: «Дардни бардош енгади» – «Бо дард бисоз, ки ба дармон бирасӣ», ё «Нимасини айтасан» – «Ту нагӯю ман насӯзам», ё «Одамга одам қувват беради» – «Одам ба одам зинда аст»... Дар осори мавриди тарҷума ин гуна ибораю ифодаҳои миллӣ зиёданд.
Дар шакли маҷмӯаи дастҷамъӣ ба хонандаи тоҷик пешниҳод гардидани ҳикояҳои нависандагони баргузидаи ӯзбек дар кишвари мо бори аввал сурат мегирад. Он ба сифати хрестоматияи адабӣ барои  хонандагони синну соли гуногуни мактабҳои таълими ҳамагонӣ пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои наздик китоби дуюми «Хирмани сухан» низ дастраси хонандагон хоҳад гардид.  
  
С. ВАРОРӮДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: