ХАБАРҲО

ҲАМКОРИҲО САМАРА МЕБАХШАНД

Бо мақсади ривоҷ додани тибби замонавӣ идораҳои масъули соҳа ба масъалаи омӯзиши беҳтарин таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ эътибори алоҳида медиҳанд, ки ҳамкориҳо дар ин самт самараи худро мебахшанд.
Яке аз иллатҳои хавфнок, ки умумро ба ташвиш мегузорад, бемории сил ва пулмонологист. Дар пойтахти мамлакатамон бо мақсади ҳалли якҷояи муаммоҳо марбут ба ин иллат анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Уфуқҳои нав, инноватсияи муолиҷаи сил ва имкониятҳо» рӯйи кор омад. Мутахассисони соҳаи тиббии хориҷӣ, ки касбашон сарҳад нашинохта ва хидмат дар роҳи солимии ҳамҷамъияти ҷаҳонро тақозо менамояд, таҳти ҳамдастӣ бо як қатор созмонҳои байналхалқии инсонпарвар дар тадбир маърӯзаҳо хонданд ва қайд карданд, ки ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон дар ин самт натиҷа мебахшанд.

МУСИҚӢ – ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО

Ҷамъиятҳои дӯстии Латвия ва Литва таҳти ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаи дӯстона бо мамолики хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои боз ҳам мустаҳкамсозии риштаи бародарии ӯзбекистониён бо аҳолии соҳили Балтика корҳои самаранок пеш мебаранд.
Яке аз чорабиниҳое, ки бо ташаббуси онҳо дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон бо унвони «Мусиқӣ дӯстиро мустаҳкам мекунад» рӯйи кор омад, ба 140-солагии оҳангсози номии латиш, Ҳунарпешаи мардумии Латвия Э.Менгайс бахшида шуд. Э.Менгайс солҳои 1904-1920 дар Тошканд зиста ва як қатор асарҳои мусиқии ҷолиб офаридааст. Донишҷӯён дар асоси мусиқиҳое, ки ӯ навиштааст, маҳорати хуби иҷрогарӣ намоиш доданд.


ҲАМНАФАС БО ҒОЯҲОИ ИНФОРМАТИКӢ

Бештар аз 25 сол аст, ки дар ҷумҳуриамон ба масъалаи таълими информатика бо техникаи замонавии компутерӣ диққати махсус дода мешавад.
Мактаби таълими умумии рақами 6-уми ноҳияи Сергелии пойтахт ба амиқ омӯзонидани фанҳои физика-математика махсусонида шудааст. Дар ин таълимгоҳ таҳти мавзӯи «Ҳамнафас бо ғояҳои информатикӣ» тадбири маънавӣ-таълимӣ доир гардид ва дар он устодону шогирдони мактаб иштирокдоронро бо комёбиҳои инноватсионии худ дар ҳайрат гузоштанд. Таҷрибаи муаллима Д.Муродова, ки антивирус барои компутерҳоро офаридааст, бозёфти хуб эътироф гардид. Донишандӯзон аз рӯи 5 шарт дониш ва маҳорати худро оиди информатикаи электронӣ аз санҷишҳо гузарониданд ва ғолибон муносиб тақдиронида шуданд.

АДАБИЁТИ ҶАҲОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ҳар сол тақрибан панҷ ҳазор адабиётҳои бадеӣ аз тарафи нашриётҳои мамлакатамон интишор дода мешаванд, ки аз онҳо наздик ҳазор номгӯро тарҷумаҳо ташкил менамоянд.
Анҷумане, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президент баргузор гардид, ба масъалаи тарҷумаи осори бадеии адибони ҷаҳон ба ӯзбекӣ бахшида шуд.
Дар чорабиние, ки таҳти мавзӯи «Комёбиҳо дар баргардониши дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба ӯзбекӣ, мушкилиҳо ва реҷаҳои истиқболӣ» ба амал омад, зарурати номнавис кардан, мониторинг сохтани беҳтарин асарҳои ба тарҷума муносиб таъкид гардид. 

М. ШОДИЕВ.

ОЗМУН-АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ «ТАРОНАҲОИ БАҲОР» 
Ҳар сол ба таври анъанавӣ миёни дастаҳои фалклорӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии ашула ва рақс озмун-азназаргузаронии «Баҳор тароналари» («Таронаҳои баҳор») гузаронида мешавад. Ин озмун барои дастаҳои ҳунариву фолклорӣ барои минбаъд дар иду ҷашнвораҳо иштирок намуданашон як нав имтиҳон ҳисоб меёбад.
Дар озмун-азназаргузаронии «Таронаҳои баҳор»-и имсола, ки дар театри мусиқӣ-драмавии вилоят шуда гузашт, дастаи фолклории «Офарин» (ноҳияи Зарбдор) ҷойи аввалро гирифт. Гурӯҳҳои «Зебомхон»-и ноҳияи Шароф Рашидов ва «Боғдон гуллари»-и ноҳияи Фориш соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.

ТАХТАИ ШОҲМОТИ ҶАВОНОН

Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, шуъбаи вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон байни мактаббачагони аз 7 то 14 сола ва хонандагони литсейҳои академӣ дар литсейи академии назди Донишкадаи давлатии политехникии Ҷиззах мусобиқаи «Тахтаи шоҳмоти ҷавонон»-ро гузоронд.
Дар ин мусобиқа аз 540 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ва литсейҳои академӣ хонандагон аз рӯи шаш  синну сол иштирок намуданд.
Натиҷаҳои мусобиқа собит намуд, ки аз шаҳри Ҷиззах шаш нафар, ноҳияҳои Ғаллаарол се нафар, Шароф Рашидов ду нафар, Бахмал як нафар — ҳамагӣ дувоздаҳ нафар ғолиб гардида, ба марҳилаи ҷумҳурӣ роҳҳат гирифтанд. Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: