ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ҲАЖДАҲУМИ УМУМИИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

28 феврали соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади ҳаждаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро оғоз кард.

Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд. 
Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилла Йӯлдошев гузашт.
Сенаторон пас аз тасдиқ намудани рӯзномаи ҷамъомади умумӣ ба муҳокимаи масъалаҳои пешбинишуда сар карданд.
Сенаторон корро аз баррасии Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» оғоз намуданд. 
Кодекси интихоботӣ мувофиқи Барномаи давлатии татбиқсозии Стратегияи амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» андешида шудааст. Ҳуҷҷат соддакунии меъёрҳои қонунҳои дар амалро оид ба интихобот, ки муносибатҳои вобаста ба таъмин гардидани кафолати ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, тайёр кардан ва баргузор намудани интихоботи Президент, депутатҳои Олий Маҷлис, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин фаъолияти Комиссияи марказии интихоботро ба танзим меоваранд, пешбинӣ менамояд.
Дар ҷараёни коркарди ҳуҷҷати мазкур бобати инвентаризатсиякунонии  қонунгузории интихоботӣ ва умумикунонии таҷрибаи миллии тайёрӣ ва баргузории интихобот корҳои муайяне амалӣ гардиданд. Ҳамчунин таҷрибаи беш аз 20 кишвар, аз ҷумла мамлакатҳои Фаронса, Ҳулланд, Канада, Италия, Шведсия, Белгия, Полша, Албания, Белорус, Озарбойҷон, меъёрҳои байналхалқии интихоботӣ, аз ҷумла тавсияҳои БИДҲИ САҲА, пешниҳодоти Комиссияи Венетсия омӯхта шуданд. 
Дар баромади сенаторон қайд шуд, ки қабул гардидани Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нафақат ба соддакунии қонунҳои доир ба интихобот мусоидат менамоянд, балки ба такмил додани қонунгузории интихоботӣ ва таҷрибаи интихоботӣ хидмат мекунад. Чунончи, дар Кодекси интихоботӣ меъёрҳое дохил карда шуданд, ки мувофиқи онҳо институти квотаи ҷойҳои депутатӣ дар Палатаи қонунгузорӣ барои намояндагони Ҷунбиши экологӣ бекор карда мешавад, дар ин маврид миқдори умумии ҷойҳои депутатӣ дар Палатаи қонунгузорӣ (150 ҷой) нигоҳ дошта мешавад. 
Ҳамчунин дар Кодекси интихоботӣ маҳдудият оид ба иштироки шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояте, ки хавфи калони ҷамъиятӣ надоранд ва барои ҷиноятҳои начандон вазнин аз озодӣ маҳрум шудаанд, бекор карда мешавад.
Ғайр аз ин тартиби пешниҳоди номзадҳо ба Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияҳо (шаҳрҳо) аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон ихтисор мегардад. Ҳамин тариқ ҳизбҳои сиёсӣ барои пешниҳоди номзадҳо ба Шӯрои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҳуқуқи комилро соҳиб мешаванд. 
Тартиби интихоби аъзои Сенати Олий Маҷлис мувофиқи қонун муайян карда мешавад. Ҳамчунин тартиби амали Рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки татбиқ сохтани раванди «як интихобкунанда – як овоз»-ро таъмин менамояд, яъне интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад, дар сатҳи қонунгузорӣ муайян мегардад.
Аз қонунгузорӣ мавҳуми «варақаи интихоботӣ» аз тариқи ҷорӣ намудани ҳуҷҷати ягона– бюллетени интихоботӣ ҳам барои овоздиҳии пешакӣ ва ҳам барои овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот бекор карда мешавад. Ба интихобкунандагон имконият дода мешавад, ки дар чаҳоркунҷаи бюллетен, ки дар тарафи рости фамилияи номзаде, ки барои вай овоз медиҳанд, ҷойгир шудааст, танҳо як нишон (+,v, x)-ро гузоранд.
Мувофиқи Кодекси интихоботӣ тартиби ворид намудани таклиф оид ба номзадҳо ба аъзогии комиссияи минтақавии интихоботии мақомоти худидораи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳое, ки дар ҷамъомадҳои Шӯрои ноҳиявӣ, шаҳрӣ муҳокима ва барои тасдиқ намудан ба комиссияи ҳавзавии интихоботӣ тавсия дода мешаванд, муқаррар карда мешавад. 

Қайд гардид, ки дар Кодекси интихоботӣ талаботе сабт мегардад, ки ба аъзои комиссияи интихоботӣ дода мешаванд. Чунончи, муқаррар карда мешавад, ки шаҳрвандони мамлакат, ки ба синни 21 расидаанд, маълумоти миёна ё худ олӣ ва дар тайёр кардану гузарондани интихобот таҷрибаи корӣ доранд, дар байни аҳолӣ соҳиби обрӯ мебошанд, метавонанд аъзои комиссияи интихоботӣ шаванд. Дар ин маврид аъзои комиссияи интихоботӣ наметавонанд узви дигар комиссияи интихоботӣ, ҳизби сиёсӣ бошанд. Дар ҳайати комиссияи интихоботӣ ҳокимон, шахсони мансабдори мақомоти прокуратура, судҳо, хешовандони наздик ва шахсони бовариноки номзадҳо, шахсоне, ки бевосита ба номзадҳо қаробат доранд, наметавонанд дохил шаванд.
Сенаторон таъкид намуданд, ки қабул шудани Кодекси интихоботӣ имкон медиҳад қоидаҳои умумӣ дар ҳуҷҷати ягона муттаҳид гардида, тартиботи масъалаҳои ҷараёни интихобот, аз ҷумла кори комиссияҳои қитъавии интихоботӣ мушаххас шаванд, раванди ошкорбаёнӣ ва рӯшодгӯии маъракаи интихобот мустаҳкам гардад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон»-ро баррасӣ карданд. Қонун мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 декабри соли 2018-ум «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ бобати куллан такмил додани низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» коркард шудааст. 
Сенаторони ба сухан баромада қайд намуданд, ки саломатии репродуктивӣ, умуман ҳифзи саломатии шаҳрвандон, модарону кӯдакон, таъмин сохтани тамоми шароитҳои зарурӣ барои ташаккули насли навраси ҳамаҷониба комил самти бартариноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Бо назардошти ин мақсад аз қонун муайян сохтани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобат кардани бенаслӣ маҳсуб меёбад. Танзими ҳуқуқии қонун ба таъмин намудани саломатии шаҳрвандони мамлакат, имкониятҳои онҳо бобати ташаккул додани оилаи солиму хушбахт нигаронида шудааст. 
Мувофиқи қонун равандҳои асосӣ, ки дар байни онҳо дастёбӣ ва сифати хидматҳои тиббӣ дар тамоми давраҳои ба роҳ мондани ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон, таъмин сохтани ҳаҷми хидматрасонӣ бинобар ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон ва ба нақшагирии оила, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, ҳифз аз дахолат ба ҳаёти шахсӣ, нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва оилавӣ, инсонпарварӣ, муносибати боэҳтиромона ба инсон, дурустии маълумот ҳангоми ҳаллу фасли мушкилоти репродуктивӣ, баробарҳуқуқии мардон ва занон дар масъалаҳои ҳифзи саломатии репродуктивӣ муқаррар карда мешаванд. Ғайр аз ин дар ҳуҷҷат самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур: коркард, тасдиқ ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ва ғайра дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон; инкишоф ва такмил додани низоми ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон; ба роҳ мондани муносибати бошууронаи падару модар ба таваллуди кӯдаки солим аз тариқи ба онҳо фаҳмонда додани масъулияташон барои таваллуди кӯдак ва ғайра муайян шудаанд.
Таъкид шуд, ки қонуни мазкур барои дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам гардидани низоми беҳсозии саломатии репродуктивии аҳолӣ хидмат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи назорати маъмурии баъзе табақаи шахсоне, ки аз муассисаҳои оид ба иҷрои ҷазо озод шудаанд»-ро муҳокима карданд. Қайд гардид, ки ҳуҷҷат мувофиқи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқсозии Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» коркард шудааст. 
Мувофиқи қонун равандҳои асосии назорати маъмурӣ: қонунмандӣ, инсонпарварӣ, мувофиқсозӣ ва шахсикунонии маҳдудиятҳои муқарраршуда, ҳамчунин мушаххаскунии мафҳумҳои: назорати маъмурӣ, маҳдудияти маъмурӣ, шахси таҳти назорат, ҷойи истиқомати шахси таҳти назорат муқаррар карда мешаванд. Муайян карда мешавад, ки назорати маъмурӣ метавонад аз тариқи суд, ҳангоми мавҷуд будани далелҳо дар муносибати шахсони болиғ, ки аз ҷониби суд ҷинояткори махсусан хавфнок эътироф шудаанд; барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё худ махсусан вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуданд; ҳамчун маҳкумшуда барои содир кардани ҷиноят дар ҳудуди давлати дигар, ки мувофиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷинояти вазнин ё худ махсусан вазнин ба шумор мераванд, муқаррар карда мешавад. Дар  ин маврид назорати маъмурӣ наметавонад нисбат ба шахсоне, ки сафед шудаанд, муқаррар гардад. Ғайр аз ин маҳдудияти маъмурӣ, ки нисбат ба шахсони таҳти назорат дар асоси қарори суд бо назардошти ҷиҳати содиршавии ҷиноят (манъкунӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ғайра) муқаррар шудаанд, дақиқ ва пурра карда мешаванд. 
Баробари ин мувофиқи қонун муқаррар карда мешавад, ки маҳдудиятҳои маъмурии истифодашуда метавонанд аз ҷониби суд бо пешниҳоди мақомоти корҳои дохилӣ ё худ аризаи шахси таҳти назорат, ё намояндаи ӯ, ҳамчунин мувофиқи дахолати ҷамоаи меҳнатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва мақомоти худидораи шаҳрвандон бо назардошти маълумот дар бораи тарзи ҳаёт ва ахлоқи ӯ қисман бекор карда шаванд.
Дар ҷараёни муҳокима таъкид шуд, ки қонун ба пешгирии такроран содир гардидани  ҷиноят аз ҷониби шахсони собиқан судшуда, дар онҳо ташаккул ёфтани мувофиқшавии мусбати иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд гардидани нақши ҷамъият дар тарбия ва пешгирии қонунвайронкуниҳо мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба демократикунонии тартиби созмон додани ҳукумат ва пурзӯр кардани масъулияти он»-ро баррасӣ карданд. 
Дар ҷараёни ҷамъомади умумӣ таъкид шуд, ки лоиҳаи қонун мувофиқи боби 2-юми Барномаи давлатӣ оид ба татбиқсозии Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ», ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 январи соли 2019 тасдиқ шудааст, коркард гардидааст.
Тасҳеҳҳо тартиби баррасӣ ва дар ҷамъомади умумии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис маъқул донистани номзадҳои аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешбинӣ менамоянд. Ғайр аз ин мувофиқи қонун меъёре сабт мегардад, ки бинобар он Сарвазир якҷо бо аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд дар ҳар семоҳа ба палатаҳои Олий Маҷлис дар бораи ҷараёни татбиқшавии Барномаи давлатӣ барои соли дахлдор, ки аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеоянд, ҳисобот диҳад. 
Нотиқон қайд намуданд, ки қабули қонуни мазкур ба пурзӯр шудани назорати парлумонӣ нисбат ба фаъолияти ҳукумат мусоидат менамояд ва тартиботи демократии ташаккулёбии Девони Вазиронро таъмин мекунад. Сенаторон қонунро пазируфтанд.
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳо» мавриди баррасии сенаторон қарор гирифт. Қонун ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил кардани тағйирот ва иловаҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба такмил додани механизми таъминсозии кафолати ҳуқуқҳои меҳнатии депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва сенатороне, ки дар Сенат мунтазам кор мекунанд, нигаронида шудааст.
Мувофиқи қонун ба Кодекси протсессуалии шаҳрвандӣ, Кодекси просессуалии иқтисодӣ ва ба  Кодекс дар бораи судҳои маъмурӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки ба дақиқ кардани ҳуқуқи иштирокдорони суд ва иштирокдорони ҷамъомади суд дар толор нигаронида шудааст, ки метавонанд мушоҳидаҳои хаттӣ кунанд, стинограмма ва овознависиро амалӣ намоянд. Қонун «Дар бораи судҳо» бо меъёр дар бораи аз ҷониби раиси Суди олӣ барои баррасии Пленуми Суди олӣ ворид кардани пешниҳод дар бораи қабул кардани муроҷиати Суди олӣ ба Суди конститутсионӣ дар бораи маънидоди қонунҳо ва (ё худ) мувофиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки дар парвандаи муайян бояд истифода шаванд, пурра карда мешавад. 
Ғайр аз ин ба як қатор қонунҳо тағйироте ворид карда мешаванд, ки ҳуқуқи намояндаи ваколатдори Девони Вазиронро дар палатаҳои Олий Маҷлис барои иштирок дар ҷамъомади кумитаҳои Палатаи қонунгузорӣ ҳангоми баррасии лоиҳаи қонунҳо, вазифаи ӯро бобати кӯмакрасонӣ дар таъмин сохтани саривақт расондани ҷавоб барои пурсиши парлумонӣ, ҳамчунин пурсиши сенатор, депутати Палатаи қонунгузорӣ, ки ба аъзои Девони Вазирон, шахсони мансабдори мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ҳамчунин бобати таъмин сохтани ҳамкории тарафайни Девони Вазирон бо палатаҳои Олий Маҷлис дар соҳаи фаъолияти қонунбарорӣ ва назорати парлумонӣ мушаххас мекунанд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кодекси ҷиноиву просессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ»-ро муҳокима карданд. 
Мувофиқи қонун ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекси ҷиноиву просессуалӣ ва Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки барои хилофи қонун кашондан, фурӯхтан, харидан, нигоҳ доштан ё худ истифода бурдани дастгоҳҳои парвозии бе сарнишин, қисмҳои маҷмӯӣ ва эҳтиётӣ ба онҳо, ҳамчунин барои вайрон кардани тартиби нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ё худ пешниҳоди дастгоҳҳои парвозии бесарнишин ба шахсони дигар, истифодаи бемақсади онҳо ҷавобагарии ҷиноиро пешбинӣ менамояд. Дар ин маврид иловае ворид карда мешавад, ки мувофиқи он ҳангоми ғайриқонунӣ кашондан, фурӯхтан, харидан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани дастгоҳҳои парвозии бесарнишин шахсе, ки дастгоҳҳои парвозии бесарнишинро ихтиёран супурдааст, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад.
Мувофиқи боби 2-юми Барномаи чораҳои аввалиндараҷа бинобар такмил додани фаъолияти сохтмон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 апрели соли 2018-ум тасдиқ шудааст, ба Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки зиёд кардани ҳаҷми ҷаримаҳоро барои вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ, ҷорӣ намудани ҷавобгарӣ барои иҷро накардани супоришоти инспексияи оид ба назорат дар соҳаи сохтмон ва бинобар назорати сифати корҳои роҳу сохтмон (ғайр аз иншооти сохтмони манзилҳои шахсӣ), барои сохтмони иншоот бидуни иҷозати инспексия оид ба назорат дар соҳаи сохтмон ва оид ба назорати сифати корҳои роҳу сохтмон пешбинӣ менамоянд. Дар ин маврид ваколати мақомот оид ба меъморӣ ва сохтмон, ки ба тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ дахл доранд, ба Инспексияи оид ба назорати соҳаи сохтмон ва оид ба назорати сифати корҳои роҳу сохтмон дода мешавад.
Ғайр аз ин дар Кодекс оид ба масъулияти маъмурӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки ба пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии нишони моли бегона, нишони хидматрасонӣ, номи ҷойи истеҳсоли мол ё худ номи фирма, ҷорӣ намудани масъулият барои вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои омехта, вайронкунии ҳуқуқ барои кашфиёт, модели муфид ва намунаи саноатӣ нигаронида шудаанд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас аъзои палатаи болоии парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «»Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»-ро баррасӣ намуданд. 
Меъёрҳои қонун ба додани ҳуқуқ барои иштирок дар баргузор намудани омӯзиши афкори умум бинобар масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон, намояндагони ҷомеаи васеъ нигаронида шудаанд. Мувофиқи қонун ваколати як қатор мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла Девони Вазирон, Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин вазифаҳои мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ бинобар назорати экологии ҳифзи ҳавои атмосфера: Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати корҳои дохилӣ мушаххас мегарданд. 
Сенаторони ба сухан баромада қайд намуданд, ки қабули қонун ба кам шудани ҳаҷми партовҳои зараррасон ба муҳит ва беҳтар гардидани тозагии ҳаво мусоидат менамояд, ки амнияти муҳити атроф, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва генофонди инсон, нигоҳ доштани эътидоли экологиро таъмин хоҳад кард. Сенаторон қонунро пазируфтанд. 
Баъдан сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон  вобаста ба такмил додани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва шахсонеро, ки таҳти назорат қарор доранд» муҳокима карданд. 
Сенаторон таъкид намуданд, ки ба мақсади пурзӯр кардани масъулияти мансабдорон дар назди Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (омбудсман) Кодекс дар бораи ҷавобагарии маъмурӣ бо меъёре пурра карда мешавад, ки ҷавобгариро барои писанд накардани фаъолияти қонунии Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) дар назар дорад.
Ғайр аз ин тағйирот ва иловаҳо ба Қонун «Дар бораи Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман)» аз ҷониби омбудсман андешидани чораҳо бобати пешгирии истинтоқ ва муомила ва ҷазоҳои дигари қатъиву ғайриинсононае, ки шарафи касро паст мезананд, аз тариқи боздиди мунтазам аз ҷойҳои нигоҳдории таҳти назорат барои онҳо пешниҳоди ҳуқуқи гирифтани маълумот дар бораи миқдори шахсоне, ки дар ҷойҳои таҳти назоратӣ қарор доранд, омӯхтани шароити нигоҳдорӣ ва муомила бо онҳо, баргузор намудани вохӯрӣ ва суҳбатҳои махсус бо онҳо, ҳамчунин кормандони маъмурии ҷойҳои нигоҳдории таҳти назорат, расмикунонӣ, ҷараёни ин вохӯриву суҳбатҳо бо истифода аз воситаҳои техникӣ нигаронида шудаанд.
Таъкид гардид, ки мувофиқи қонун ба омбудсман барои шиносшавӣ ва дастрас намудани нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани нигоҳдории шахсонро дар ҷойҳои таҳти назоратӣ тасдиқ мекунад, аз маъмурият дархост намудани маълумот дар бораи гузарондани назорати тиббӣ, расондани кӯмакҳои тиббӣ, рӯҳӣ ва ғайра ба онҳое, ки таҳти назорат қарор доранд, иштирок ҳангоми баргузор кардани чорабиниҳои мазкур ҳуқуқ дода мешавад. 
Ба Вакили Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқҳои инсон мувофиқи қонун барои аз роҳбарияти маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории таҳти назорат гирифтани маълумот доир ба масъалаҳои таъмин гардидани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки таҳти назорат қарор доранд, андешидани чораҳои ногузир барои пешгирӣ намудани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ (беамалӣ)-и маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории таҳти назорат, тартиб додани хулоса дар бораи шароитҳои нигоҳдории шахсоне, ки таҳти назорат қарор доранд ва ба ташкилоти дахлдор ё худ мансабдорон равона кардани онҳо, ҳамчунин ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани таклиф бинобар такмил додани кор бобати пешгирии истинтоқ ва хелҳои дигари муомила ва ҷиноятҳои қатъӣ, ғайриинсонӣ ё худ паст задани шараф ҳуқуқ дода мешавад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи  иштирокдорони мурофиаи ҷиноӣ»-ро муҳокима карданд.  Мувофиқи қонун ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба 24 қонун ва 8 кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ мегардад.
Аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи табобати иҷбории беморони майзада, нашъамандон ё худ токсикомания», «Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи телекоммуникатсияҳо», «Дар бораи муқаррар намудани рӯзи ходимони мақомоти корҳои дохилӣ», Кодекси ҳавопаймоӣ, Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ, Кодекси шаҳрвандӣ, ки барои таъмин намудани ягонагии истифодаи мафҳум ва истилоҳот, ки имконияти маънидодкунии гуногунро аз байн мебаранд, нигаронида шудааст, тасеҳҳо дохил карда мешаванд.
Ҳамчунин ба як қатор қонунҳо ба муносибати такмил ёфтани идораи таҳқиқ таҳрирҳо ворид карда мешаванд. Ба мақсади муайян кардани тартиб, шарт ва асосҳои ҳаракатҳои просессуалӣ дар режими видеоконфронсалоқаҳо Кодекси ҷиноиву просессуалӣ бо меъёрҳои нав пурра карда мешавад. Ба Қонун «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ» иловаҳо ворид карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо парвандаи ҷиноӣ нисбат ба таҳқиқшудагон, муфаттишон ва роҳбарони шуъбаҳои тафтишотии мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби прокурори Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, прокуророни шаҳри Тошканд, вилоятҳо ва прокуророни ба онҳо баробар, дар нисбати муфаттишон, роҳбарони шуъбаҳо ва сардорони Департаменти тафтишотии назди Вазорати корҳои дохилӣ – аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекиситон ё худ муовинони ӯ кушода мешаванд.
Қабули қонун ба минбаъд такмил додани мурофиаи ҷиноӣ мусоидат менамояд. Қонун аз ҷониби  сенаторон пазируфта шуд.
Баъдан сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ нигаронида шудааст» баррасӣ карданд.
Бо назардошти он ки ҳуҷҷати мазкур ба талаботи таъсири бевоситаи қонун ҷавобгӯ намебошад, Сенати Олий Маҷлис дар бораи вопас гардондани қонун ва таъсис додани комиссияи ризоияти палатаҳои парлумон барои аз байн бардоштани зиддиятҳое, ки дар ҷараёни баррасии он ба миён омаданд, қарор қабул кард. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати пурзӯргардида чораҳои ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории замин» муҳокима карданд.
Қонун ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ, Кодекси ҷиноӣ, Кодекси ҷиноиву просессуалӣ, Кодекси шаҳрвандӣ, Кодекси замин ва Кодекси андоз ворид кардани тағйирот ва иловаҳоро пешбинӣ менамояд. 
Қабули қонун ба таҳким ва баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои замин, ба хусус заминҳои обёрии  кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул ёфтанд.
Баъдан сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузори Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд.
Мувофиқи ҳуҷҷат ба Қонун «Дар бораи бозори коғазҳои қиматбаҳо», ба кодексҳои манзил, замин, шаҳрсозӣ ва як қатор қонунҳо тағйирот ворид карда мешаванд. Чунончи, ба Қонун «Дар бораи бозори коғазҳои қиматбаҳо» тағйироте ворид карда мешавад, ки ҷорӣ намудани мафҳуми «облигатсияи байналхалқӣ» (коғази қиматбаҳои эмиссионӣ)-ро, ки аз ҷониби эмитент бароварда ва аз тарафи гурӯҳи ташкилотҳои молиявӣ, дар як ё худ якчанд давлат, ғайр аз кишвари эмитент, ки дар ибтидо ба даст овардааст (аз ҷумла мувофиқи узвият танҳо аз тариқи гурӯҳи мазкур) паҳн карда мешаванд, ҷорӣ намудани «облигатсияҳои байналхалқӣ»-ро дар доираи тартиби мавҷуда, ки мувофиқи он аз ҷониби Девони Вазирон квотаҳо ва тартиби ба роҳ мондани коғазҳои қиматбаҳо паҳнкунӣ ва муомила муқаррар карда мешавад.
Сенаторони ба сухан баромада таъкид намуданд, ки ба шарофати солҳои охир дар ҷумҳурӣ қабул гардидани чораҳо нишондиҳандаи Ӯзбекистон дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналхалқии молиявии «Тарзи тиҷорат» ду баробар беҳтар шуд ва дар байни 190 давлати ҷаҳон мамлакати мо аз ҷойи 146-ум ба мавқеи 76-ум баромад.  Вале вазифаи минбаъд тамил додани асосҳои ҳуқуқии соҳа ҳанӯз рӯзмарра боқӣ мемонанд.
Чунончи, дар бораи бекор кардани шаҳодатномаи хатмии нотариалии шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул, бекор кардани талабот ба миқдори камтарини бунёди оинномавии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд, мушаххас намудани талабот ба миқдори камтарини сармояи оинномавӣ дар талаботи рухсатнома меъёрҳо ворид карда мешаванд. Ҳамчунин бекор кардани талабот дар бораи саҳми на камтар аз 15 фоизи сармоягузор дар сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ пешбинӣ мегардад. Тартибе муқаррар карда мешавад, ки мувофиқи он саҳмгузорони мавҷуда барои саҳмияҳои иловагии баровардамешуда, ба ҷамъомади умумии саҳҳомон додани вазифаи муайян кардани ташкилоти аудиторӣ барои баргузор намудани санҷишҳои ҳатмии аудиторӣ ҳуқуқи бартаринок пайдо мекунанд.
Сенаторон таъкид сохтанд, ки қонун таҳкими асосҳои ҳуқуқии ташаккул додани шароитҳои мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкориро таъмин менамояд.
Сипас сенаторон як қатор қонунҳоро дар бораи тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ муҳокима ва маъқул карданд,
Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади ҳаждаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлис анҷом ёфт.
***
1 марти соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади ҳаждаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод.
Дар он аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд. 
Ҷамъомадро Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилла Йӯлдошев бурд.
Аъзои Сенат ҳисобот дар бораи фаъолияти Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман)-ро дар соли 2018-ум шуниданд. Таъкид гардид, ки ба сифати самти асосии фаъолияти Омбудсман бинобар ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки дар маҳбас қарор доранд, корҳо пеш бурда мешаванд. Дар тӯли се сол дар доираи Ҷадвали ташкил ва баргузории чорабиниҳои назоративу таҳлилӣ бинобар роҳ надодан ба шиканҷа ва намудҳои муомила ва ҷазои  бешавқатӣ, ғайриинсонӣ, ё ки ба қадру қимати касе расидан, ки якҷоя бо палатаҳои парлумон тасдиқ шудааст, ба беш аз 70 муассисаҳои бо мандати механизми миллии превентивӣ фаро гирифташуда  ташрифҳои мониторингӣ ба амал оварда шуданд. Дар онҳо намояндагони корпуси депутатӣ, институтҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, созмони байналхалқии ҷамъиятии «Human Rights Watch» ва намояндагии Бунёди бачагонаи СММ дар Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар соли 2018-ум ба Омбудсман бино бар масъалаҳои амалӣ гардондани ҳуқуқҳои шахсӣ ва озодии инсон 3923 муроҷиат, аз он ҷумла 3489 шикоят, 428 ариза ва 6 пешниҳод расид. Ба сифати субъекти назорати парлумонӣ аз ҷониби Омбудсман 754 шикоят баррасӣ гардид, ки ин 34,9 фоизи шикоятҳои умумиро ташкил медиҳад. Бар манфиати муроҷиаткунандагон 48 қарор дар бораи рад намудани кушодани парвандаи ҷиноӣ бекор карда шуда, ба қарори судҳо 14 протест дароварда шуд. Бино бар муроҷиати Омбудсман аз ҷониби мақомоти прокуратура бобати ҳукмҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноӣ 7 протест дароварда шуд.
Аз ҷониби Омбудсман ваколатҳои қонунгузорие, ки дар соли 2017 ба амалиёт ҷорӣ шудааст, бомуваффақият аз озмоиш гузаронда шуданд. Ҳуқуқҳо барои ворид намудани таклифот ба кумитаҳои палатаҳои парлумон оиди аз ҷониби онҳо шунидани хабарҳои намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин тақдимоти роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар бораи барҳам додани қонуншиканиҳои дар соҳаи ҳуқуқ ва озодии инсон зоҳиргардида, сабаб ва шароитҳое, ки ба онҳо мусоидат менамоянд, амалӣ гардонда шуданд. Ҳуқуқ барои илтимоснома оиди ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар кирдорашон вайрон кардани ҳуқуқ ва озодии инсон муқаррар гардиданд ва додани ариза ва даъвоҳо ба судҳо бар манфиати шаҳрвандон бидуни пардохти боҷи давлатӣ самарабахш истифода шуданд.
Аз ҷониби Омбудсман инчунин бино бар минбаъд такмил додани қонунгузорӣ ва амалиёт дар соҳаи ҳуқуқи инсон тавсия ва таклифҳо дода шуданд. Ҳисоботи Омбудсманро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас сенаторон ахбори вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ҳолати тарғиботи ҳуқуқӣ ва маърифат дар соли 2018-ум шуниданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ислоҳот дар тамоми соҳаҳо фаъол идома дода шуда, дар ҷараёни онҳо як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ қабул мешаванд, ки дар навбати худ зарурати таъҷилӣ ба иҷрогарон расондани ҳуҷҷатҳои қабулшударо ба миён меорад. Маҳз ба зиммаи Вазорати адлия бино бар таъмин намудани то ба иҷрогарон дар шакли электронӣ расондани матнҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ вазифа гузошта шудааст.
Омӯзишу таҳлили дар ин самт гузарондашуда нишон доданд, ки дар баъзе ҳолатҳо матнҳои қонунгузорӣ то ба сохторҳои ҳудудии ташкилотҳои давлатӣ сари вақт расонда дода намешаванд. Бо назардошти ин аз ҷониби Вазорати адлия низоми нав ҷорӣ карда шудааст, ки дар доираи он ҳуҷҷатҳо дар як вақт аз ҷониби мақомоти ҳудудии адлия ба сохторҳои ҳудудӣ, аз он ҷумла дараҷаи ноҳияҳо фиристода мешавад. Дар натиҷа дар соли 2018 тамоми 1644 ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ пурра ба ҳамаи мақомоти давлатӣ, зершуъбаҳои сохторӣ ва ҳудудҳои онҳо фиристода шуданд.


Дар ин бобат натанҳо ба мақомоти давлатӣ, балки ҷамоатҳои шаҳрвандон эътибор дода шуданд. Бо назардошти ин ки на дар ҳамаи мақомоти худидораи шаҳрвандон имконияти мубодилаи электронии ахбор вуҷуд дорад, таъмин намудан бо матнҳои қонунгузорӣ, эзоҳҳои кӯтоҳи онҳо бо ёрии ахборотпаҳнкунандагони махсус дар як ҳафта як маротиба амалӣ гардонда мешавад. Тамоми ин ҷараён таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат қарор дорад. Ба ғайр аз ин, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо мунтазам аз ҷониби мақомоти адлия мавриди омӯзиш қарор мегирад. Аз ҷумла, фаъолияти вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, таълими халқ ва Кумитаи давлатӣ оид ба оморро дар соли 2018 таҳлил намуда, бино бар барҳам додани камбудиҳои зоҳиргардида чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ба мақсади таъмин кардани самарабахшии корҳо дар самти мазкур аз имкониятҳои шабакаи Интернет ва умуман технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Инак, фаъолияти Пойгоҳи миллии қонунгузорӣ – «Lex.uz», ки дар он беш аз 54 ҳазор ҳуҷҷат бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ ҷойгир карда шудааст, мунтазам такмил дода мешавад. Дар як рӯз аз онҳо ба ҳисоби миёна беш аз 25 ҳазор истифодабарандагон истифода мебаранд.
Ба ғайр аз ин, аз ҷониби вазорат бино бар ба Пойгоҳи миллӣ ҷойгир намудани матнҳои қонунгузорӣ, ки онҳо бояд мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла сармоягузорон шаванд, корҳо оғоз ёфтаанд. Дар зинаи якум рӯйхати ниҳоӣ тартиб дода шуда, матнҳо ба забони англисӣ тарҷума мегарданд.
Кор бино бар нашри адабиётҳои ҳуқуқшиносӣ самарабахш татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, дар соли 2018 маҷмӯаи Конститутсия ва кодексҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 43 номгуйи адабиёти ҳуқуқшиносӣ бо теъдоди 274 ҳазор адад нашр шуданд. Бинобар масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сипас сенаторон ҳисоботи ҳокими вилояти Қашқадарёро оиди рушди ҳудудҳо ва фаъолияти Кенгашҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ шуниданд. Таъкид гардид, ки дар соли 2018 бино бар рушди маҷмӯии минтақа ва ба ин ҷараён ҷалб намудани иқтидори Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ корҳои муайян амалӣ гардонда шуданд. Инак, дар соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудӣ 28,4 триллион сӯмро ташкил дода, нисбат ба солҳои гузашта афзуд. Бо ин ба маблағи 14196,5 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,7 фоизро ташкил дод.
Муомилоти савдои хориҷии вилоят 755 миллион доллари ИМА, ё ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,4 фоиз, аз он ҷумла содирот 265,9 миллион доллари ИМА, нисбат ба соли гузашта 117,5 фоиз, воридот 488,8 миллион доллари ИМА, ё ки нисбат ба соли гузашта 131,9 фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ ба миқдори 8339,2 миллиард сӯм маблағҳои асосӣ азхуд карда шуда, аз онҳо 1503,7 миллиард сӯмаш сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва 6835,5 миллиард сӯмаш – сармояҳои хориҷӣ таҳти кафолати давлат ва вомҳо мебошанд. Дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва муҳандисӣ дар вилоят ба маблағи 284 миллиард сӯм корҳои сохтмониву монтажӣ амалӣ гардонда шуданд. Бино бар рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ 937,6 миллиард сӯмина корҳо амалӣ гардонда шуданд.
Дар доираи иҷрои вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рафти ташриф ба вилояти Қашқадарё моҳи январи соли 2018 муайян намудааст, ба татбиқи 521 лоиҳа ва созмон додани беш аз 9 ҳазор ҷойҳои корӣ равона намудани 2,9 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Нақши Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид гардид. Инак, дар тӯли ду соли охир дар сессияҳои Шӯроҳои маҳаллӣ беш аз 150 масъалаҳои барои рушди ҳудудҳо аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дошта, баррасӣ гардиданд. Шӯроҳои маҳаллӣ ҳисоботи беш аз 400 шахсони мансабдорро нисбати ҳаллу фасли мушкилоти муҳиме, ки аҳолиро ба ташвиш меоранд, шунида, ба роҳбарони сохторҳои масъул беш аз 300 дархостҳои депутатӣ фиристоданд.
Баробари ин, сенаторон таъкид намуданд, ки дар вилояти Қашқадарё як қатор мушкилот ва камбудиҳое ҷой доранд, ки ба баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ, ки онҳо аз иқтидори мавҷуда пурра истифода наменамоянд, таъсири ногувор мерасонанд. Аз рӯи ҷамъбасти баррасӣ қарори Сенати Олий Маҷлис, ки ба баланд бардоштани масъулияти вазорату идораҳо, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия оиди ҳаллу фасли масъалаҳои рушди вилоят нигаронда шудаанд, қабул гардид.
Сенаторон масъалаи ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол намудани дархости парлумонӣ оиди ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, ки ба расмигардонӣ ва додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар ин самт алоқаманд мебошанд, баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки мувофиқи фармону қарорҳои дар тӯли вақтҳои охир қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2019 тартиби расмӣ гардондани стикери сабти рухсатдиҳӣ бекор карда шуда ва барои ба хориҷ баромадан шиносномаи хориҷии биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ карда шуд. Аммо омӯзишҳои дар маҳалҳо гузарондашуда мавҷуд будани як қатор мушкилотро нишон медиҳанд. Ба ин муносибат зарурати ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристодани дархости парлумонӣ оиди ҳолати иҷрои қонунгузории ба расмигардонӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ба шаҳрвандон ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар самти мазкур алоқаманд ба миён омад.
Сипас узви Палатаи болоӣ масъалаи ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия фиристодани дархости парлумонӣ оиди ҳолати иҷрои қонунгузории ба қайди давлатии объектҳои ғайриманқули шахсони ҷисмонӣ, ба андозситонӣ ҷалб намудани онҳо ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи мазкур алоқамандро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кадастрҳои давлатӣ», «Дар бораи кадастри давлатии замин» пойгоҳи ҳуқуқии қайди давлатии ҳуҷҷатҳои кадастрии шахсони ҷисмонӣ, гузарондани андози мол ташаккул ёфтаанд. Аммо натиҷаҳои омӯзиш, ки дар самти мазкур гузаронда шуданд, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон, фикру ақидаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳоршуда нишон доданд, ки дар соҳаи мазкур мушкилоту камбудиҳо ҷой доранд, ки зарурати ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия фиристодани дархости парлумониро ба миён меорад. Бино бар масъалаи мазкур қарори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сипас сенаторон масъалаи ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристодани дархости парлумонӣ оиди мувофиқати китобҳои дарсии мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба талаботи андозаҳои давлатии таълимиро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат дар беш аз 9,5 ҳазор мактаби таълими ҳамагонӣ беш аз 5,8 миллион хонанда таҳсил мегиранд, ки ба онҳо аз рӯи беш аз 20 фан 445 ҳазор омӯзгорон дарс медиҳанд. Натиҷаҳои корҳои назоратии хаттие, ки Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи фанни «Забони модарӣ» ва «Математика» дар соли хониши 2017/2018 гузаронданд, нишон доданд, ки дараҷаи азхудкунии хонандагон ба дараҷаи бояду шояд намебошад.
Дар рафти омӯзиши фикру ақидаи намояндагони вазорату идораҳои масъул, педагогҳо, муаллифони китобҳои дарсӣ, ноширон, олимон ва корбастҳо зоҳир гардиданд, ки номукаммалии китобҳои дарсии мавҷуда яке аз омилҳои асосие ба ҳисоб мераванд, ки ба дараҷаи азхудкунии хонандагон таъсир мерасонад. Ба ин муносибат зарурати ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол намудани дархости парлумонӣ оиди  мувофиқати китобҳои дарсии мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба талаботи андозаҳои давлатии таълим ба миён омад. Бино бар ҷамъбасти баррасӣ қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Дар рафти ҷамъомади ҳаждаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлис 23 масъала, аз он ҷумла 15 қонун баррасӣ гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуданд, ба мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва баланд бардоштани самарабахшии дигаргунсозиҳои васеъмиқёси дар мамлакат татбиқшаванда, инчунин рушди ҳамкории байналхалқӣ нигаронда шуданд.
Бо ҳамин ҷамъомади ҳаждаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба охир расонд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: