ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ДАР СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ ВА МАЪРИФӢ ГУЗОШТАШУДА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДРО МЕКУШОЯНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ҷории бунёдкорӣ ва лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо ва инчунин барои мулоқот оростан бо мардум 28 феврал — 1 март ба вилояти Намангон омад.

Дар вилоят корҳои васеъмиқёс барои иҷрои супоришҳое, ки роҳбари давлат зимни сафари пешина 2 майи соли 2018 дода буд, ба иҷро расидааст. Эътибори алоҳида ба рушди муттасили саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, соҳаи хидматрасонӣ ва ғайра, сохтмони манзил, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ нигаронда шуд.
Роҳбари давлат сафари ҷориро дар вилояти Намангон аз шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқии гармии Тӯрақӯрғон шурӯъ намуд.
Рушди босуботи мамлакат ва баланд гардидани некӯаҳволии мардум аз таъминоти бовариноки электрооэнергия вобастагӣ дорад. Бинобар ин ба такомули соҳаи энергетика, ҷалб намудани технологияи замонавӣ, минбаъд баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди энергия эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Лоиҳаҳои истиқболнок дар ин самт ба амал татбиқ мегарданд.
Яке аз онҳо сохтмони нерӯгоҳи барқии гармии молики иқтидори 900 МВт дар ноҳияи Тӯрақӯрғон ба шумор меравад. Ба кор андохтани нерӯгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки комилан ва бидуни таваққуф аҳолӣ ва саноати водии Фарғона бо электроэнергия таъмин карда шавад.
Қимати умумии лоиҳа беш аз 1 миллиарду 195 миллион долларро ташкил менамояд, ки он аз ҳисоби маблағи Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA), Фонди таҷдид ва тараққиёти Ӯзбекистон ва ҶС «Ӯзбекэнерго» пардохта мешавад. Сохтмони нерӯгоҳ аз ҷониби консорсиуми ҷопонии «Mitsubishi Corporation» ва «Mitsubishi Hitachi Power Systems» ба амал меояд.
Дар корҳои сохтмон беш аз 2,4 ҳазор мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд. Корҳои лоиҳакашиву тадқиқотӣ ва сохтмону монтаж аз ҷониби муҳандисон ва техникҳои ширкати «Calik Enerji»-и Туркия анҷом дода мешавад.
То ҳол аз агрегатҳои асосии истеҳсолкунандаи энергия блокҳои якум ва дуюми трансформатор, турбинаҳои газ ва буғ, дегҳои маҳвкунанда ва таҷҳизоти дигар насб гаштаанд. Насб намудани агрегатҳои дигар идома дорад. Дар ҳудуди НБГ  хобондани коммуникатсияи берунӣ, шабакаи таъмини об анҷом дода шудааст. Объект бо гармӣ аз тариқи газопроводи магистралии «Сӯх – Намангон» таъмин гардида, оби техникӣ аз Канали калони Намангон расонда мешавад.
Дастгоҳи якуми буғу гази нерӯгоҳро моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кор андохтан ба нақша гирифта шудааст, дуюмаш бошад, моҳи декабр ба кор хоҳад даромад. Дар натиҷа соле 6,7 миллиард кВт/соат электроэнергия тавлид мегардад. 300 нафар бо кор таъмин хоҳад гардид.
Президент таъкид кард, ки лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, нерӯгоҳ имкон медиҳад зарфияти иқтисодии вилоятҳои водӣ ба таври назаррас баланд шуда, бо электроэнергия таъмин намудани аҳолӣ боварибахш гардад.
Доир ба бомуваффақият ба кор андохтан ва истифода намудани НБГ, бо ин мақсад тарбия намудани кадрҳои баландмалакаи соҳа супоришҳо дода шуд.
Зимни сафар ба вилоят қатори мошинҳои президентӣ берун аз нақша дар назди бозори деҳқонии ноҳияи Тӯрақӯрғон таваққуф намуд. Роҳбари давлат ба назди одамон баромад ва бо онҳо суҳбати самимӣ намуд.
Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки ислоҳот дар бобати тезондани тараққиёти иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ бо назардошти фикри халқ идома дода мешавад. Дар бораи лоиҳаҳои доманфарохе, ки дар бобати ҷалб намудани сармояи назаррас ба ҳар як ноҳияи вилояти Намангон, сохтмони корхонаҳои нав, санатория, мактаб, кӯдакистонҳо, ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор оғоз гаштаанд, нақл намуд.
Аҳли ноҳия аз сафари Президент хушнудии худро изҳор намуда, таъкид карданд, ки натиҷаи ислоҳот дар ҳар як соҳа эҳсос мегардад. Ба роҳбари давлат барои тағйироти ҷорӣ дар вилояти Намангон ва умуман дар тамоми мамлакат изҳори миннатдорӣ карданд.
Бо ғами халқ зистан – меҳвари асосии фаъолияти Шавкат Мирзиёев. Чунин вохӯриҳо бо халқ дар ҳар минтақае ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба  он ҷойҳо роҳбари давлат сафар менамояд ва яке аз онҳо дар ноҳияи Тӯрақӯрғон соли 2017 баргузор гардида буд.
Президент аз ёдгории меъмории Ахсикент дар ноҳияи Тӯрақӯрғон боздид намуд.
Ахсикент аз асри III то эраи мо бунёд гардидааст ва яке аз бузургшаҳрҳои Роҳи бузурги абрешим ба шумор меравад. Дар манбаъҳои таърихӣ, аз он ҷумла дар «Бобурнома», аҳамияти фавқулоддаи шаҳри мазкур чандин бор зикр гаштааст. Он манбаи оби зеризминии хусусии худро дошт ва барои муҳофизати дарозмуддат мутобиқ гардонда шуда буд.
Ҳоли ҳозир харобаҳои шаҳр дар майдони 60 гектар боқӣ мондааст, ки ин макони мазкурро  ёдгории бузурги археологии водии Фарғона мегардонад. Археологҳо устохонаи оҳангарӣ, колоҳои ҳаммомро, ки ба асрҳои X-XIII мансубанд, толор, масҷиди ҷомеъ, деворҳои қаср, шабакаҳои зеризаминии обрасонӣ, маҳаллаи ҳунармандон, арки ҳукуматро пайдо намуда, омӯхтаанд.
Бино бар супориши Президент соли 2017 кори доманфарох оид ба ҳифз ва омӯзиши Ахсикенти қадим, барқарорсозии солномаи бовариноки таърихии он супоришҳо дода шуда буд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маъмурият оид ба муҳофизат ва тадқиқоти объекти мероси археологии Ахсикент» таъсис дода шуд.
Ёдгории мазкур барои баланд бардоштани зарфияти сайёҳии вилояти Намангон аҳамияти муҳим дорад. Дар намоишгоҳҳои сайёҳии мамлакат ва дар хориҷ аз он тақдимоти Ахсикенти қадим ба вуқӯъ мепайвандад. Дар натиҷа дар байни сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷӯҳ ба ёдгорӣ меафзояд. То ҳанӯз ин осори боқимондаи шаҳрро сайёҳони Белгия, Австрия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигар тамошо кардаанд. Консепсияи махсус оид ба тадқиқоти ёдгорӣ, баланд бардоштани ҷолибияти он ва афзудани мавҷи сайёҳон таҳия гаштааст. Имрӯз дар асоси он чорабиниҳо доир ба рушди сайёҳии дохилӣ дар водии Фарғона андешида мешавад.
Ба Президент дар бораи нақшаи генералии  маҷмӯа, объектҳое, ки дар онҳо тадқиқот бурда шудааст, лоиҳае, ки дар ин ҷо бо муқаррароти маҷмӯи сайёҳӣ сохта мешавад, маълумот дода шуд.
Ҳамин тариқ, ташкил намудани музей, сохтмони арки рамзӣ ба хотири шаъни собиқаи Ахсикент, гузоштани ёдгориҳо ба Умаршайх Мирзо ва Бобур аз рӯи образи ин шахсиятҳои таърихӣ дар эҷодиёти Камолиддини Беҳзод ба нақша гирифта шуд. Шароит барои ташкили саёҳат дар қаиқ дар саросари Сирдарё ва сайри шутурсаворӣ дар шаҳри кӯҳна ба вуҷуд оварда мешаванд. Хуллас, инфрасохтори ногузир ба вуҷуд омада, Ахсикент ба маркази сайёҳӣ бадал мегардад.
Ахсикент ин оинаи таърихи бузурги мост. Дар ин ҷо ашёҳои зиёд аз ҳаёт ва қаҳрамониҳои гузаштагонамон вуҷуд доранд, ки барои барқарор намудани манзараи таърихи гузашта кӯмак мерасонанд. То ҳанӯз мо таърихро танҳо аз рӯи шаҳрҳои барои ҳама маъруф меомӯхтем, ба чунин шаҳристонҳо эътибор намедодем. Агар хоҳем, ки маънавияти мардум, хусусан ҷавононро боло барем,  аз мероси гузаштагонамон онҳоро бархӯрдор созем, гуфт Президент.
Шавкат Мирзиёев доир ба баргузор намудани ҷашнвора дар маҷмӯа, ки таърихи моро ташвиқ менамояд, кушодани самти археологии таълим дар Донишгоҳи давлатии Намангон тавсияҳо дод. Ногузирии тадриси таърих, баргузор намудани машғулоти амалӣ ва дарсҳои алоҳидаи таълими мактабиро бо сафар ба ёдгориҳои таърихӣ зикр намуд.
Дар мамлакатамон барои машғул шудан бо соҳибкорӣ имконоти васеъ ба вуҷуд оварда шудааст. Теъдоди соҳибкороне, ки ҳамқадами замонанд, зиёд гардида, онҳо корхонаҳои истеҳсолии  маҳсулоти содиротбоби имрӯза ба вуҷуд меоранд.
Яке аз чунин воҳидҳои соҳибкорӣ корхонаи муштарак дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «FT TEXTILE GROUP» дар ноҳияи Тӯрақӯрғон ба шумор меравад. Имрӯз калобаҳои корхона ба Чин, Русия, Туркия ва Украина фиристода мешаванд.
Корхона дар ҳудуди деҳаи Шаҳанд фаъолият дорад. Соҳибкор Зафар Раҳимов иморати нимхаробро гирифта, онро таъмир намуд ва мошинҳои замонавии калобаресии Олмон ва дигар таҷҳизоти хориҷиро насб кард. Соли 2018 марҳалаи якуми он ба кор даромад.
Ба кор даромадани корхона имкон дод, ки 300 нафар аз аҳли маҳаллаҳои Боғишамол, Дукат, Темирқишлоқ, Олчин, Ахсӣ ва ғайра бо кор таъмин гарданд. Имрӯз корхона соле 15,6 ҳазор тонна калоба истеҳсол менамояд. Ба қимати 10,2 миллион доллар маҳсулот ба хориҷа фурӯхта шуд.
Шоистаи зикр аст, ки корхона бо электроэнергия худро таъмин карда метавонад. Дар ин ҷо газогенератори замонавии Олмон гузошта шудааст, ки корхонаро бетаваққуф  бо барқ таъмин менамояд. Оби гарме, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба вуҷуд меояд, барои гармсозии гармхона дар майдони 9 гектар истифода мегардад.
Роҳбари давлат бо фаъолияти корхона шинос гардида, бо коргарон суҳбат орост. Ногузирии афзоиши миқдори чунин корхонаҳо, васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти тайёр аз нахи пахта таъкид гардид.
Дар мамлакатамон насли нави соҳибкорон бо бархӯрди инноватсионӣ ба кор ба вуҷуд меояд. Теъдоди онҳоро зиёд ва ҳамеша дастгирӣ намудан зарур аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба Президент дар бораи марҳалаи дуюми корхона, ки соле 20,8 ҳазор тонна калоба истеҳсол мекунад ва ба вуҷуд овардани боз 200 ҷойи корро пешбинӣ менамояд, маълумот доданд. Дар баробари ба поён расидани лоиҳаи мазкур иқтидори истеҳсолии он ба 36,1 ҳазор тонна, ҳаҷми содирот ба 25,2 миллион доллар, теъдоди ҷойҳои кор ба 500-то мерасад.
Тақдимоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар вилояти Намангон бо ҳамдастии сафоратҳои Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар ба амал татбиқ мегарданд. Ба амал татбиқ намудани 43 лоиҳаи истиқболнок ба нақша гирифта шудааст. Истеҳсоли чароғҳои автомобил, мопед, скутер, мотосикл ва мотороллер ва ҳамчунин дастгоҳҳои дӯзандагӣ дар корхонаи муштараки «Uz youcheng group» дар ноҳияи Поп аз ҷумлаи онҳост.
Роҳбари давлат бо фаъолияти ҶММ «Golden egg of Namangan» дар ноҳияи Намангон, ки ба паррандапарварӣ ихтисос ёфтааст, шинос гардид.
Дар корхона таҷҳизоти замонавии Олмон, Канада, Русия, Туркия ва дигар давлатҳо гузошта шудааст. Соли гузашта дар корхона, ки 44 нафар меҳнат мекунанд, 107 миллион дона тухм ва 3,3 ҳазор тонна гӯшти парранда, 4,6 миллион сар чӯҷа истеҳсол ва ба даст оварда шуд. Имрӯз кор бобати ба кластери паррандапарварӣ табдил додани корхона пеш бурда мешавад.
Президент ба шахсони масъул бобати васеъ намудани кредити паррандапарварӣ, тарбияи кадрҳои соҳибмалака барои соҳа, босамар истифода намудани технологияи замонавӣ супоришҳо дод.
Шавкат Мирзиёев аз корхонаи «Art Soft TexGroup» дар шаҳри Намангон боздид намуд.
Дар ин ҷо сачоқ, хилъат, ҷилди кӯрпа ва маҳсулоти дигар истеҳсол мегардад. Ҳамаи он ба бозори дохилӣ ва ҳамчунин ба Русия, Украина, Молдова, Булғория ва мамлакатҳои ҳамсоя бароварда мешаванд. Дар соли гузашта маҳсулот ба қимати 290 миллиард сӯм истеҳсол шуда, ба миқдори 9,4 миллион доллар коло ба хориҷа содир гардид.
Корхона дар ноҳияҳои Намангон, Риштон ва Янгиқӯрғон сехҳо низ дорад. Дар онҳо беш аз 2 ҳазор нафар кор мекунанд. Ба қарибӣ сех доир ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри бофандагӣ ба кор даромада, боз қариб ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда шуд.
«Art Soft TexGroup» фаъолияти худро васеъ намуда, ба низоми кластер мегузарад. Барои корхона дар ноҳияҳои Булоқбошӣ ва Поп замин ҷудо карда шуда, техникаи кишоварзӣ харид гаштааст.
Роҳбари давлат ба нақшаҳои ояндаи корхона рағбат зоҳир кард. Лоиҳаҳоро доир ба дар таркиби он ташкил намудани гармхонаҳо ва фермаи чорводорӣ, корхонаҳо оид ба азнавкоркарди пахта ва ғалла, омода намудани тухмӣ, истеҳсоли хӯрока дастгирӣ намуд.
Дар ҳамин ҷо лоиҳаҳои рушди паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, харгӯшпарварӣ, боғдории интенсив дар вилоят, ба амал татбиқ намудани чораҳои обёрӣ ва мелиоратсия, ба муомила даровардани заминҳои захиравӣ тақдим гардиданд.
Яке аз лоиҳаҳо ба азхуднамоии инноватсия дар низоми заминдорӣ ва кадастр дар асоси технологияи блокчейн бахшида шудааст. Мақсади лоиҳа баланд бардоштани шаффофияти номнавис намудани объектҳо, ҷудо намудани замин ба тартиби электронӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки муддати додани шиносномаи электронии кадастр аз 50 рӯз то 2 рӯз кӯтоҳ карда шуда, барои ба сафи 30 мамлакати аввал дохил гардидани мамлакатамон аз рӯи нишондоди мазкури таснифи «Doing business» мусоидат намояд.
Президент ногузирии баланд бардоштани самаранокии иқтисодии лоиҳаҳо, зудтар ба кор андохтани онҳо ва бо кор таъмин намудани аҳолиро таъкид кард.
Шавкат Мирзиёев бо маркази санаториву солимгардонии «Чортоқ ресортс», ки дар ноҳияи Чортоқ бунёд мегардад, шинос шуд.
Аз ҳисоби маблағи соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба миқдори умумии 25 миллион доллар дар ин ҷо маҷмӯи замонавӣ дар майдони беш аз 15 гектар сохта мешавад. Ин имконоти иловагиро барои рушди сайёҳии тиббӣ ва экологӣ дар вилоят фароҳам меорад.
Дар санатория корҳои табобатӣ дар асоси оби маъданӣ, ки таркибаш аз йод, бром, радон ва дигар моддаҳо ғанӣ мебошад ва онҳо барои узвҳои такягоҳиву ҳаракатӣ, дилу раг ва низоми асаб ҳангоми бемориҳои эндокринологӣ ва дерматологӣ истифода мегарданд, ба роҳ андохта мешаванд. Дар санаторияе, ки барои 230 ҷой муқаррар гаштааст, 250 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Ҷалб намудани духтурони баландмалака, ташкили муоинаҳои тиббӣ бо иштироки мутахассисони Олмон ба нақша гирифта шудааст. Ҳоли ҳозир сохтмони биноҳои табобатӣ ва хобгоҳ, коттеҷҳо барои истироҳаткунандагони оилавӣ, меҳмонхонаҳо ба итмом расидаанд. Барои равшан намудани ҳудуди санатория тахтаҳои офтобӣ гузошта шудаанд.
Дар маҷмӯа инчунин табобати иппотерапия роҳандозӣ мегардад, ки барои табобати дасту пой ва тангнои камарбанд муфид мебошад.
Президент бо шароите, ки дар санатория фароҳам оварда шудааст, шинос гардид. Барои афзудани шабакаи чунин муассисаҳо, фаро гирифтани тамоми қишри аҳолӣ, коҳиш додани нархи хидматрасонӣ аз ҳисоби рақобат супоришҳо дод.
Норасоии йод барои минтақаи мо масъалаи муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз оби Чортоқ, ки аз йод ғанӣ мебошад, хеле ба дард мехӯрад. Одамон ин ҷойҳоро намедонанд. Аз ин рӯ аз тамоми гӯшаи мамлакат онҳоро ҷалб намудан зарур. Саломатии аҳолӣ, хусусан бачаҳо  бароямон хеле муҳим аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат бо лоиҳаи вусъат додани иқтидори ҶММ «Chortoq mineral water» шинос гардид. Зарурияти соле то 20-30 миллион дона расондани истеҳсоли оби шиша, ба кӯдакистон, лагерҳои тобистона, бемористонҳо, дорухонаҳои иҷтимоӣ ва мағозаҳои тамоми мамлакатро таъкид намуд.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаи ба шаҳри экологӣ табдил додани Чортоқ, рушди инфрасохтори шаҳрҳои миёнаҳолро якҷоя бо Бонки ҷаҳонӣ, бозсозии маркази Чортоқ, васеъ намудани аэропорти Намангон, ба тартиб овардани ҳаракати автобусҳои байнишаҳрӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба вуқӯъ пайваст. Президент ин лоиҳаҳоро дастгирӣ кард, дар бобати минбаъд то охир расондан ва сари вақт татбиқ намудани онҳо супоришҳо дод.
Зарурияти дар ноҳияҳои кӯҳӣ парвариш намудани себ, олбухорӣ ва дигар дарахтҳои мевадиҳандае, ки ба маҳалҳои мазкур мувофиқанд, роҳандозии занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ дар оилаҳо, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор ва манбаи даромад аз тариқи чунин роҳҳо таъкид гардид.
Президент аз супермаркети «Best market» дар Намангон боздид намуда, аз нарх ва сифати маҳсулот пурсон шуд. Ногузирии таъмини барқарории нарх, афзудани ҳиссаи номгӯйи молҳои истеҳсоли ватанӣ ва таъмин намудани эҳтиёҷи аҳолиро таъкид кард.
***
Рӯзи аввали баҳорро сокинони Намангон бо хушнудии зиёд ва умедҳои нек пешвоз гирифтанд. Ташрифи сарвари давлатамон ба вилоят ба онҳо илҳом бахшид.
Дар рӯзи дувуми сафар Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Намангон  бино бар масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилоят, минбаъда беҳтар гардондани шароитҳои зиндагии аҳолӣ ҷамъомад баргузор намуд. Дар он, аз он ҷумла ба воситаи алоқаи видеоконфронсӣ фаъолони вилоят, депутатҳо, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳокимони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, оқсақолон, соҳибкорони ҷавон, намояндагони ҷомеаи васеъ иштирок карданд.
Сарвари давлатамон оиди корҳое, ки дар вилоят соли гузашта амалӣ шуданд, истода гузашта, натиҷаҳои дар тамоми соҳаҳо бадаст овардашударо таҳлил намуда, вазифаҳои навро муайян кард.
Ҳамаи мо бояд ба худ суол диҳем, ки соли гузашта чӣ гуна натиҷаҳо ба даст овардем, дар ҳаёти одамон чӣ хел дигаргуниҳо ба амал омаданд? Барои ҷавоб ёфтан ба ин суолҳо бояд ҳамқадами замон шуда, бо ақлу заковат меҳнат кунем. Танҳо ҳамон вақт иқтисодиёти мо рақобатпазир мегардад. Ба рақобатпазирӣ чӣ хел бояд муваффақ гардид? Бояд технологияҳои пешқадамро ҷорӣ намуда, сафи ҷавононеро, ки онҳоро ба кор бурда метавонанд, васеъ гардонда, маҳсулоти хушсифат истеҳсол намуд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки соли гузашта дар вилоят 577 объекти истеҳсолӣ ва хидматрасонии арзиши умумиашон 1,8 триллион сӯм ба истифода супурда шуда, ҳаҷми сармояҳо 1,7 баробар зиёд гардид.
Баробари ин зикр шуд, ки имконият ва захираҳои барои рушди минтақа мавҷуд ҳоло пурра ба кор бурда нашудаанд. Факти соли гузашта аз нишондиҳандаи ҷумҳуриявӣ 2 баробар паст шудани суръати афзоиши маҳсулоти умумии минтақавӣ, кам шудани ҳаҷми истеҳсолот дар кишоварзӣ зери танқид гирифта шуд.
Барои рушди маҷмӯии вилояти Намангон ба маблағи 2,8 миллиард доллар барнома коркард шуд. Мувофиқи он дар солҳои 2019-2020 беш аз 1,4 ҳазор лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷалби 1,1 миллиард доллар сармояҳои хориҷӣ татбиқ карда хоҳад шуд. Ин имконияти созмон додани 39 ҳазор ҷойи доимии кориро фароҳам меорад.
Намангониён аз азал бо қобилияти соҳибкориашон ҷудо шуда меистанд. Дар солҳои охир соҳибкорони ҷавон бо ғояҳои креативиашон ба саҳна мебароянд.
Сарвари давлат маълум кард, ки бо назардошти ин барои татбиқи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» дар вилоят як триллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Аз ҳисоби ин маблағ низоми нави дастгирии соҳибкории оилавӣ ҷорӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки барои ободонии марказҳои ноҳиявии вилояти Намангон ба ҳар як ноҳия 20-25 миллиард сӯм, инчунин иловагӣ 2 миллиард сӯм ба деҳот ва маҳаллаҳое, ки ба барномаи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ворид шудаанд, ҷудо карда хоҳад шуд.
Дар натиҷаи қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ривоҷ додани сектори хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ дар маҳалҳо муассисаҳои тиббии замонавӣ ба кор андохта мешаванд. Маркази хусусии ташхиси «ANAMED» дар Намангон аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Шавкат Мирзиёев аз ин марказ боздид намуд.
Ин марказ, ки ба нейроҷарроҳӣ, неврология, кардиология ва урология ихтисос ёфтааст, бо пешқадамтарин дастгоҳҳои ташхис, ки маҳсулоти чунин ширкатҳои маъруф мисли «General elektrik», «Siemens», «BTL»,  «Mirevarra», «Fijifilm» мебошанд, таъмин гаштааст. Дар ду блоки ҷарроҳӣ бо дастгоҳи пешқадам шароит барои ба амал овардани ҷарроҳӣ дар дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳоло ба баҳрабардорӣ суурдани статсионар барои 52 кат ба нақша гирифта шудааст. 
Дар марказ, ки беш аз 30 нафар кор мекунад, ходимони баландмалака ҷамъ омадаанд.Аз рӯи ҳамкории илмиву амалӣ бо марказҳои ташхиси пешқадами Британияи Кабир, Ҷопон, Русия ҳамкорӣ роҳандозӣ гаштааст. Дар давраи гузашта гурӯҳе аз шифокорон дар ин мамлакатҳо такмили малака намуданд.
Аз Ҳиндустон ва Русия духтурони соҳибтаҷриба даъват гаштаанд. Бо ба кор даромадани шуъбаҳои статсионар ва физиотерапия боз бештар аз 50 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад. 
Роҳбари давлат таъкид кард, ки чунин марказҳои замонавии ташхис дар бармаҳал аниқ намудани беморӣ ва гузоштани ташхиси дақиқ аҳамияти муҳим доранд.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти  консепсияи такомули маркази ахбору китобхона ва боло бурдани маданияти китобхонии вилояти Намангон аз ҷониби Агентии ахборот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президент баргузор гардид. Бино бар он дар вилоят боз дар 50 маҳалла китобхона, 12 фурӯшгоҳи сайёри замонавии китоб барпо намудан, роҳандозии фаъолияти 4 «библиобус» дар назар дошта шудааст.
Шавкат Мирзиёев дар бораи ба аҳолӣ ба тарзи қулай расондани китоб, нашр намудани асарҳои аллома ва адибони бузурги парвардаи Намангон супоришҳо дод.
Президент ҳангоми сафар ба вилоят моҳи майи соли 2018 бо боғи маданият ва истироҳати «Афсоналар водийси» шинос гардид, ки дар маркази шаҳр бунёд мегардад ва зарурияти сохтмони онро бо назардошти талаботи пешқадамтарин таъкид кард. Зимни сафари кунунӣ ӯ бо ҷараёни корҳои сохтмон шинос шуд.
Дар сохтмони боғ ширкати «DOME Partners»-и Туркия иштирок менамояд. Маҷмӯаҳои тиҷоартиву шодкунанда, маркази ҳунармандон, сайргоҳ, аквапарки кушод ва сарпуш, китобхона, қаҳвахона ва тарабхона, роҳи трамвай, меҳмонхонаи чорситорагӣ, маҳалли истироҳати оилавӣ, фаввораҳои мусиқӣ бунёд мегарданд. Дар боғ 8 намуди аттраксион насб карда мешавад.
Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни кор шинос гардида, таъкид кард, ки боғи мазкур, ки яке аз нодиртарин дар ҷаҳон бояд гардад, чун шиносномаи нафақат вилоят, балки тамоми мамлакат бояд шавад.
Маҳаллаи Юксалиши шаҳри Намангон дар ду соли охир тамоман қиёфаи нав касб намуд.Соли 2018 дар ин ҷо 14 иморати иқоматии молики 588 хонадони арзон сохта шуд.
То охири соли ҷорӣ иморатҳои истиқоматӣ боз 14-то зиёд гардида, миқдори хонадонҳо ба 1176 мерасад. Инчунин дар ин ҷо барои хидматчиёни вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, вазъиятҳои фавқулодда ва ҳам Гвардияи миллӣ 8 иморати иқоматии панҷошёна барпо мегардад.
Ғайр аз ин, бино бар нақшаи генералӣ сохтмони иморатҳои замонавии нӯҳ ва дувоздаҳошёнаи намунаи монолит, бозор, марказҳои варзишиву солимгардонӣ, мактаб, боғчаҳои бачагона,   гаражҳои бисёрошёна барои автомобил ба нақша гирифта шудааст.
Дар шафати маҳалла ташкил намудани минтақаи хурди саноатӣ дар 80 гектар, ки дар он ба вуҷуд овардани беш аз 7 ҳазор ҷойи корӣ б нақша тгирифта шудааст. 
Корхонаи автомобилсозии «Hundai» якҷоя бо Ҷумҳурии Куриё ташкил мегардад. Аз ҳисоби ин зарфияти истеҳсолии ҳудуд афзуда,  маҳаллаи Юксалиш ба шаҳраки баландтехнологӣ табдил  меёбад.
Роҳбари давлат бо ҷараёни сохтмони иморати бисёрошёна дар ин маҳалла ва лоиҳаҳои инкишофи ҳудуд шинос гардид.
Дар кӯчаи А.Хӯҷаеви шаҳри Намангон маркази инноватсионии «IT Park» барпо мегардад. Дар бинои сеошёна курсҳо ва маҳфилҳо доир ба таълими мактаббачагон ва донишҷӯён аз рӯи донишҳои технологияи замонавӣ роҳандозӣ мегардад. 
Ба Президент маълумот дар бораи таклифҳо дар бобати ривоҷ додани шаҳри Намангон, ки якҷоя бо мутахассисони Русия таҳия гаштааст, ободонии маҳаллаи Юксалиш дар асоси талаботи замонавӣ, нақшаҳо дар бораи сохтмони бизнес-марказҳо, маҳалҳои истироҳат, хиёбонҳо маълумот дода шуд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар баробари сохтмони сифатнок, ки иморатҳо дараҷаи хидматрасонии онҳоро низ бояд баланд бардошт. Доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои пешкашгардида , ки барои рушди минбаъдаи шаҳр хидмат мекунанд, супоришҳо дод.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Намангон ба поён расид.

Умар АСРОРОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: