АЗ МУЛОҚОТ – БА АМАЛ

ё дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои сарҳадӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешавад Ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ибрагим Ҷунусовро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
– Дар айни ҳол 120 нафар соҳибкорони фарғонагӣ дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Норин, Боткент, Қадамҷо, Қизилқия ва амсоли он бо соҳибкорони қирғизистонӣ ҳамкориҳо ба роҳ мондаанд, ки ба манфиати мардуми ду тараф хизмат мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Боткент соҳибкорони мо парвариши пилларо ба роҳ монданианд. Ин соҳа манбаи фоидаи калон мебошад. Ҳамчунин соҳибкорони қирғиз аз тариқи вилояти Фарғона маҳсулоти  худро дар бозорҳои шаҳри Тошканд ба фурӯш мерасонанд,– гуфт ҳокими вилоят.
Ба таъкиди Шӯҳрат Ғаниев имкон фароҳам оварда шудааст, ки дар фароғатгоҳи “Чимён” пирамардони кишвари ҳамсоя истироҳат ва саломатии худро барқарор намоянд. Вай тазаккур дод, ки кушода шудани роҳу посгоҳҳои марзӣ дар мустаҳкам шудани робитаҳо ва афзоиши тиҷорат мусоидат менамояд.
– То мулоқоти сарони ду кишвар ҳанӯз дар назди мо масъалаҳое маҳфузанд, ки ҳаллу фаслашонро ногузир мешуморам. Яке аз ин масъалаҳо муназзам сохтани инфрасохтори роҳҳоямон мебошад. Дар қаламрави вилояти Фарғона роҳҳое мавҷуданд, ки ба рӯи равуокунандагони кишвари ҳамҷавори мо – Қирғизистон низ боз карда хоҳанд шуд.  Дар маҷмӯъ, ҳадафи роҳбарони ду мамлакат ва мову шумо низ аз он маншаъ гирифтааст, ки ҳаёти мардуми Ӯзбекистону Қирғизистон  беш аз пеш фаровонтар шавад ва муносибатҳои мо бештару беҳтар таҳким ёбанд,– иброз намуд Шӯҳрат Ғаниев.
Зимни мулоқот ҳокими вилоят таваҷҷӯҳи сафири Қирғизистонро ба масъалаҳои дигар низ ҷалб намуд. Вай гуфт, ки боз шудани баъзе посгоҳҳои марзии миёни ду вилояти Ӯзбекистону Қирғизистон, ҳамчунин ҳалли масъалаи истифодаи манбаъҳои об, ки аз тариқи қаламрави кишвари ӯ ба вилояти Фарғона ҷорӣ мешавад, аз масъалаҳои ҳаллашон ногузир маҳсуб меёбанд.
– Баъди ба ин мақом таъин шуданам пеш аз ҳама сарҳадҳои байни ду кишварро таҳқиқ намудам. Ба вилоятҳои Андиҷон ва Намангон низ сафар кардам ва бо мушкилоти марзӣ аз наздик ошно шудам. Дарвоқеъ, пӯшида нест, ки ба рӯи ҳам боз шудани посгоҳҳои марзиву гумрукӣ барои мардуми ду самти марз имкониятҳои фаровонеро ба вуҷуд меоранд ва бесарусомониҳо аз байн мераванд.
Бояд феҳристи соҳибкорон таҳия ва тартиб дода шавад, то ки доираи имконияти ҳамкориро бо соҳибкорони Қирғизистон фарохтар созем. Дар айни ҳол, миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон вориду содир намудани меваву сабзавот, ангишт, семент, нахи пахта, травертин ва амсоли он ба роҳ монда шудааст. Аммо барои он ки   мо ҳаҷми табодули моли миёни ду кишварро тибқи гуфтаи президентҳо  ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонем, корҳои ҳаллашон ногузир пеши мо мавҷуданд. Гузашта аз ин, дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ, бояд дар самти ҳамкориҳои гуманитарӣ низ иқдомоти тоза сурат гиранд,– гуфт сафири Қирғизистон.
Бар асоси ҳарфҳои сафир баргузор намудани “Рӯзҳои фарҳангу адабиёти Ӯзбекистон дар Қирғизистон” мадди назар гирифта шудааст. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

АЗ ИДОРА: Чопи мақолаи “Оё роҳи Сӯх – Риштон кушода мешавад?” («Овози тоҷик», 23.02.2019, №17) маҳз чунин мавзӯъҳоро дарбар мегирифт. Бо эътимоди қавӣ метавон қайд намуд, ки яке аз натиҷаҳои мусбати ин мақола мулоқоти ҳокими вилояти Фарғона бо сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ӯзбекистон мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: