Баъд аз ташрифи Президент...

ШАХСЕ, КИ АЗ БЕДОНАПАРВАРӢ САРВАТМАНД ШУДААСТ

Дар мамлакатамон инсонҳое, ки бо соҳибкорӣ машғул шуда, баҳри фаровонии оила ва рушди ҷамъият ҳисса мегузоранд, хеле зиёданд. Сокини маҳаллаи Иттифоқи ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё Ӯткир Мирзоалиев аз ҷумлаи онҳост. Ӯ дар нуқтаи телекоммуникатсияи ноҳия кор мекунад. Дар баробари ин ба соҳибкории оилавӣ низ машғул аст, яъне дар хона бедона парвариш мекунад.
Роҳбари давлатамон ҳангоми ташриф ба вилояти Сирдарё бо фаъолияти заводи азнавкоркарди пахтаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бек кластер»-и ноҳияи Мирзообод шинос шуда, бо як гурӯҳ соҳибкороне, ки бо парранда, чорво ва асппарварӣ машғул мебошанд, вохӯрда буд.
– Бедонапарварӣ ва зиёд намудани ин паррандаи кучак соҳаи даромаднок,– мегӯяд Ӯ. Мирзоалиев. – Дуруст, вазни бедона сабук, тухмаш низ хурд аст. Аммо ба туфайли шифобахш будани тухму гӯшташ талабгорон ба он зиёданд. Алҳол дар хонаам қариб 3 ҳазор бедона мавҷуд. Ба ҳисоби миёна рӯзе 2500-2600 дона тухм мегирем. Як дона тухми бедона 250-300 сӯм мебошад. Моҳе 6 миллион сӯм даромад мегирем. Илова бар ин, шумораи бедонаро зиёд карда, мефурӯшем. Аз паси ин фарзандонамро хонондам, оиладор ва соҳиби хонаву ҷо кардам. Вақте доир ба фаъолиятам ба Президентамон ҳарф задам, хурсанд шуданд ва оиди васеъ намудани соҳибкорӣ тавсияҳо доданд. 
Соҳибкор ният дорад соли ҷорӣ барои парвариши бедона ба якчанд оила кӯмак расонад. Ҳокимияти ноҳияи Сайҳунобод ба сохтани қафас ва дигар корҳои ташкилӣ ёрӣ мерасонад, ки ба амал баромадани чунин корҳо ба фаровонии даҳҳо оила хидмат мекунад.
Дарвоқеъ, Ӯткирака  бисёр китоб мехонад, бо мутахассисони соҳа доимо дар мулоқот аст. Назар ба гуфтаи ӯ, бедона соле 250-300 дона тухм мемондааст. Тухми он нисбат ба тухми мурғ  шифобахштар аст. Дар таркиби он калий, оҳан, витаминҳои В1, В2, кислотаи никотин, фосфор, мис, нуқра... зиёданд. Миқдори сафеда низ бештар аст. Истеъмоли доимии тухми бедона ба мӯътадил нигоҳ доштани фишори хун, баланд шудани иммунитет, фаъолияти дил, камхунӣ, диабети қанд фоидаовар буда, мӯй ва дандонҳоро мустаҳкам мекунад.
Боз як хусусияташ дар он аст, ки ҳарорати бадани бедона аз 40 дараҷа баланд буда, ба касалиҳо тобовар аст.
Роҳбари давлатамон ҳангоми ташриф ба вилоятҳо дар бораи баъзе шахсоне, ки дар замини рӯйиҳавлиашон ҳатто як бех ниҳол намешинонанд, дилсӯзона ҳарф зад.
Ӯ. Мирзоалиев барин соҳибкорон барои онҳо намуна бояд бошанд. Сафи соҳибкорон чӣ қадар зиёд шавад, ба рушди ҷамъият  ва фаровонии оилаҳо ҳамон қадар фоидаовар аст. 
Замони пуршиддати имрӯза аз намояндагони соҳаи гуногуни ҷамъият омӯхтан ва меҳнату ҳаракатро талаб мекунад. «Аз ҳаракат – баракат» гуфтааст халқи дурандеши мо.

З. ҶОНИБЕКОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: