МОДАРАНДАР

Рӯзи истироҳат буд.

Дар назди телевизор нишаста сериалеро тамошо мекардем. Ин ҳангом занги дар баланд шуд. Вақте кушодам, дар рӯ ба рӯям апаи Тоҷигулу духтараш Ӯралойро дидам. Онҳо аз ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах омада буданд. 
– Хоҳарҷон, имрӯз дар хона буданатро медонистам. Суроғаатро аз хоҳарат Соҷида гирифтам. Хайрият, хонаатро бе душворӣ ёфтем. Ҳавои Тошканд он қадар хунук не, тарафҳои мо сард аст,– дастшӯён суханашро идома дод меҳмон.
Баъди пурсупос ва нӯшидани як пиёла чой апа мақсадашро баён намуд.
– Ҳамин духтарам 7-8 сол инҷониб аз дарди гӯш азият мекашад. Ба духтурони ноҳияву вилоят муроҷиат кардем, бино ба тавсияи онҳо муолиҷа кардем, аммо бефоида.
Суҳбати мо бо меҳмонон то поси шаб давом кард. Рӯзи дигар духтаракро аз назорати мутахассисон гузарондем. Меҳмононро ба хонаашон гусел кардам.
Апаи Тоҷигулро дида, як ҳодисаи талхи солҳои бачагӣ ба ёд омад ва хостам аз   шароити душвори он айём, ҳаёти ин зани қавииродаву меҳнаткаш, ки бори номи «модарандар»-ро бар дӯш дорад, ҳикоя кунам...
... Зимистони соли 1971. Барф чунон борида буд, ки кӯчаҳои деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато тамоман баста шуда буданд. Саҳарӣ аз садои изтиробомези модарам бедор шудам.
– Додош, имшаб Мукаррамро дард гирифт. Момои Орзуро ҷеғ задем. Ӯ мегӯяд, ки зоиши аввалин, бар замми ин бача якпаҳлӯ барин. Ман аз ин вазъият метарсам, дарҳол духтурро бояд ҷеғ занем. Чӣ мекунем?– модарам бо нӯги сарбандаш ашки чашмонашро пок кард.
Падарам саросема либосҳояшро пӯшид ва ба модарам рӯ оварда гуфт:
– Гиря накун, ба келин қувват деҳ, Худо худаш мадад хоҳад кард. Як илоҷ карда то поёни деҳа мефуроям, ягон мототсикл ё аспдореро меёфтагистам, ки то маркази совхоз барад...
Мукаррам — завҷаи амаки Бойназар, ки бо падарам хешигарӣ дошт, бо мо ҳамсояи девордармиён буд.
Рӯз торик, дарди апаи Мукаррам торафт пурзӯртар мешуд. Аммо аз духтур ҳамон дарак набуд...
Момои Орзую Давлат, холаи Муаззам ва модарам дар гирди ӯ парвона буданд. Яке дар бухорӣ оташ мегиронд, дигаре пилтаи чароғи керосиниро дуруст мекард, сеюмӣ атола мепухт. Модарам ҳазориспандро дуд карда пичирросзанон дуо мехонд: «Ҳазориспанда дуд кунед, ҳазор балора дур кунед...»
Ногоҳ садои хурсандибахши момои Орзу баланд шуд: «Шукр, шукр, чашмаш равшан шуд, духтар таваллуд кард!». Ҳама хурсандӣ кардем, аммо дарди апаи Мукаррам ҳамон давом мекард. Даробарои момоён зиёдтар шуда буд. Ба гуфтаи онҳо ҳамроҳаки тифл намеафтид...
Аз падараму амаки Бойназар ва духтур дарак набуд. Баъди дарди ҷонкоҳи бардавом апаи Мукаррам ба модараш нигоҳи илтиҷоомез дӯхта гуфт:
– Очаҷон, чаро духтур намеояд? Дигар тоқат надорам.
– Духтарҷонам, Офаридгор ҷонакатро аз санг кунад, сабр кун, азизакам. Ҳоли ҳозир расида меояд,– гирякунон духтарашро тасаллӣ медод холаи Муаззам.
Апаи Мукаррам дигар мадори оҳу нола надошт, оҳистакак чашмонашро пӯшид. Момоён гумон карданд, ки баъди ҷонбозии тӯлонӣ хобаш бурдааст. Аммо Мукаррам ба хоби абадӣ рафта буд...
Фиғони холаи Муаззам ва дигарон ба фалак печид...
Ҳамон вақт мани наврас ба шароити душвору сангини кӯҳистон нафрат хонда будам. Агар роҳ дур набуд, мисли имрӯз нақлиёту телефонҳо зиёд буданд, сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ мерасид, апаи Мукаррам ҷавонмарг намешуд. Мӯйҳои сиёҳи дарози дар гирди сар печондааш, табассуми ширин ва гуфтори нармаш ба ҳуснаш меафзуданд.
Ҳамин тариқ, ба тифл номи ӯро доданд. Парастории духтарак ба дӯши момои Давлат афтид. Момо ба ӯ шири буз медод, дар гаҳвора баста алла мегуфт:
Духтарҷонам калон шав, алла, алла, аллаё,
Дастёри хонадон шав, алла, алла, аллаё.
Аз модараш ёдгорам, 
ба падараш ғамхорам,
Алла, алла, аллаё!

Момо Мукаррами хурдсолро ба бағал гирифта, ба писари ягонааш ҳамсари муносиб мекофт. Ба дари духтардорҳо сар мехалонд, онҳо «ятимакаш» будааст гуфта дарро ба рӯяш мебастанд...
«Як дари баставу сад дари кушода» гуфтаанд. Ниҳоят аз деҳаи ҳамсоя ба амаки Бойназар арӯс ёфтанд ва кӯдак модардор шуд.
Рӯзе момои Давлат модарамро ҷеғ зада гуфт:
– Хосият, ту ба ман ҳам келин ва ҳам ҳамсоя мебошӣ. Дар ғаму кулфатам ҳамеша шарик ҳастӣ. Ман акнун пир шудам, саломатиам ҳам хуб не, аз арӯси ҷавон дилам пур не. Мукаррамам ба шумоён амонат...
Аз байн солҳо гузаштанд. Момои Давлат аз ҳаёт чашм пӯшид. Амаки Бойназар духтараку арӯсашро гирифта ба тарафи Ҷиззах кӯч баст. Аз рӯйи нақли ҳамдеҳагон, арӯси ҷавон бо амаки Бойназар муросо накардааст ва онҳо баъди ду соли хонадорӣ ҷудо шудаанд.
Тақдир риштаи умри апаи Тоҷигулро бо ин оилаи мусибатзада пайваст.
– Қисмат ҳамин будааст, бо амакат ҳамхона шудем. Ӯ одами хуб буд, духтарчаам Гулсараро, ки аз шавҳари якумам буд, чун фарзанди худ қабул кард. Мукарраму Гулсара мисли аппаю хоҳар ба воя расиданд. Барилова дертар соҳиби ду писару ду духтар шудем, – мегӯяд апаи Тоҷигул.
– Мукаррамро аз фарзандони худ ҳам зиёдтар дӯст медорам. Ба ӯ хӯрокпазию нонпазӣ, говҷӯшӣ ва дигар корҳои рӯзгорро омӯзондам. Додару хоҳаронашро ба Мукаррам монда, ба кори саҳро мебаромадам.
Солҳо паси сар шуданд. Амаки Бойназар ба беморӣ гирифтор шуда, аз дунё гузашт. Апаи Тоҷигул  ба Мукаррам чун ба духтари калонӣ муносибат дошт, ҳаракат мекард, ки ҷойи холии модарашро пур кунад. Дертар ӯро ба шавҳар дод. Вақте аз қисмати минбаъдаи Мукаррам пурсидам апаи Тоҷигул гуфт, ки алҳол Мукаррам ёри вафодори шавҳар, модари ғамхори фарзандон ва момои меҳрубони се набера мебошад. 
Вақте сухан аз айёми тифлӣ, деҳа, момои Давлат ва падару модараш ба миён меояд, ӯ маҳзунона мегӯяд:
– Модари барвақт хазоншудаамро, ки ба сабаби вазнинии ҳаёт дар деҳот, сари вақт нарасидани ёрии таъҷилии тиббӣ аз олам чашм пӯшидааст, ёд мекунам. Аммо як умр шумо ҷойи холигии ӯро пур кардед, Худоро шукр, ки бо оилаам зиндагии осуда дорам.
Оре, ҳаёт давом мекунад. Чунин саргузаштҳо барои ҷавонони имрӯз бояд сабақи зиндагӣ шаванд. Имрӯз дар деҳаҳои дурдасти кишварамон зоишгоҳҳои замонавӣ қад рост кардаанд. Табибони соҳибтаҷриба дар хидмати модарони ҷавонанд. Қариб дар ҳар як оилаи кӯҳистониён як мошини сабукрав ҳаст, ки дури одамонро наздик, мушкилашонро осон мекунанд. Хабар тавассути телефонҳои мобилӣ ба марказҳои ёрии таъҷилӣ дар як фурсат мерасад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: