«Алла»-и модар чӣ маъно дорад?

Чун тифл ба дунё меояд, модар бо як олам орзуву умед ӯро дар сари гаҳвора ё дар бағал ва ё дар арғунчак бо замзамаи «алла, аллаё» ором мекунаду мехобонад.

Ин «алла»-и гуворову дилпазири модари тоҷик, ки тифли гирёнро ором мекунаду ӯро хоб мебарад, чӣ маънӣ ва сеҳр дорад? Барои  дарёфти посухи ин суол ба таърихи ниёконамон назар меафканем.
Дар аҳди бостон, дар давраи салтанати Ҳахоманишиён, ки хаташон мехӣ буду забони онҳоро форсии қадим ёд мекунанд, Худоро бо вожаи «баға» (ифодагари маъноҳои бахшанда, бахшандаи бахти нек, баъдан маъноҳои ҳоким, соҳиб, ҷаноб, амлокдор ва ғайра) ном мебурданд.
Дар ибтидо забони мазкур, ки бо 8 ҳолат (падеж) ва баъдтар бо 6 ҳолат мустаъмал истифода мешуд, бештари вожаҳо бо садонокҳо хатм мешуданд ва садонокҳои охири вожаҳо анҷомаҳо (ҳолатҳо)-и падежӣ буданд. Вобаста ба мавқеият, яъне афтидани задаи таърихӣ дар ҳиҷоҳо тадриҷан садоноки охири бештари вожаҳо ихтисор гардид, ки дар ин раванди таҳаввул ҳолатҳо (падежҳо) пайи ҳам аз байн рафтанд (алҳол калимаҳои забони муосири тоҷикӣ дар як ҳолат – падежи номинатив (именителний) боқӣ мондаанд ва вожаи «баға» низ дар ҳамин замина шакли «бағ» ва тадриҷан «баг» (дар забони русӣ – «бог»)-ро гирифт, ки баъдан он ба ҳукми вожаи матрук (архаистӣ) эътироф шуда, лекин дар таркиби чандин калима, аз ҷумла, дар вожаҳои Бағдод (тоҷикии Худодод, муродифи Богдани русӣ) ва боғбон то кунун ҳифз шудааст.
Дар тӯли таърих вожаи «бағ»-и форсии қадим на танҳо дар забонҳои гурӯҳи эронӣ, ҳатто дар гурӯҳи забонҳои славянӣ, туркиву муғулӣ ва қафқозӣ низ ба тағйироту таҳаввулоти гуногуни овозӣ ҷилванамоӣ карда, дар ташаккули номҳои ашхос то имрӯз нақши назаррас дорад. Таҳаввули вожаи «бағ» («бог»)-ро номшиноси нуктасанҷу пухтакор, дотсент Мамлакат Аюбова таҳқиқ намуда, шаклҳои: бағ, баг, бог, бег, бек, бик, бай, баа, ба, би, бий, бу, бӯ, пай ва ғайраро бо далелҳо муайян кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо шакли гӯшнавозу равонии «бай», ки аз вожаи «бог» маншаъ гирифтааст, дар забони русӣ ҳангоми тифлхобонӣ ба шакли «бай-бай» замзама мешавад.
Чун мо далел дар даст надорем, то собит созем, ки модари тоҷик то пазируфтани ислом бо кадом вожаву суруд тифли нозпарварашро навозиш мекарду мехобонид ва аз Яздони пок баҳри ҷигарбандаш чӣ навъ бо ниёишу дуо умри дарозу хушбахтиашро талаб мекард. Замоне, ки дини ислом дар Эрону Хуросони бузург интишор ёфту реша давонд, дар қатори ҳазорҳо вожаи арабӣ муродифи Худо вожаи Аллоҳ (Оллоҳ) низ ба забони тоҷикӣ ворид шуд.
Чун табиатан забон, махсусан забони тоҷикӣ, равонӣ, гӯшнавозӣ ва осонии талаффузро мепарварад, дар ин замина вожаи «Аллоҳ»-ро, ки маъмулан тоҷикон дар талаффуз ҳамсадои ҳалқии «ҳ»-ро мепартоянд ва «Аллоҳ»-ро ба шакли «алла» пазируфтанд, чаро ки ин шакл (алла), аз як тараф, боиси сарфаи неруи гуфтор гардида, аз ҷониби дигар, равониву мавзунӣ ва мусиқиро тавлиду таъмин менамояд.
Ҳангоми замзама, ки ба шакли «алла, аллаё» сурат мегирад, «-ё» («-о») алифи нидоест, ки дар охири исмҳои хос (Худоё, Худовандо, Ҳофизо, Саъдиё ва ғайра) омада, муроҷиат баҳри лутфу мадад, ниёиш ва дуои хайрро ифода менамояд. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ин суруди аввалини аҳли башар дар забонҳои эронӣ тақрибан мушобеҳи якдигаранд. Чунончӣ, дар байни эрониён онро лолоӣ, дар забони дарӣ – лолоӣ, дар миёни паштузабонон ба шакли лулуӣ, дар байни бадахшониён ба сурати лай-лай (суруди лайлаик) ва ғайра замзама мегардад.
Ҷойи таъкид аст, ки дар сари гаҳвораву арғунчак ва ё бағал модар сурудҳои беҳтарину гӯшнавоз ва дилпазирро аз офаридаҳои мардумӣ ва ё аз осори аҳли адаб гулчин намуда, месарояд ва «алла, аллаё»-ро чун нақарот замзама менамояд. Аз ҷумла, шоира Меҳринисо дар сари гаҳвораи тифлаконаш бо сад орзуву умед  садои дилашро бо чунин суруди «Алла» ифода намудааст:
Нури чашми интизорам, аллаё,
Муждаори навбаҳорам, аллаё.
Эй таманнову тасаллои дилам,
Эътибори рӯзгорам, аллаё.

Алла, алла, аллаё,
Алла, алла, аллаё.
                            
Ҷони модар, ҷони ҷонам, аллаё,
Муниси рӯзу шабонам, аллаё.
Эй сароғози хушиҳоям, бихоб, 
Ман туро танҳо намонам, аллаё.

Алла, алла, аллаё,
Алла, алла, аллаё.

Тӯтии ширинзабонам, аллаё, 
Чилчароғи хонадонам, аллаё.
Дарду доғатро набинад модарат,
Доруву дармони ҷонам, аллаё.

Алла, алла, аллаё,
Алла, алла, аллаё.

Ман, ки ҳоло шокири рӯйи туям,
Содиқона дар такопӯйи туям.
Толеи некат бихоҳам аз Худо,
То ки ҳастам, ман дуогӯйи туям.

Алла, алла, аллаё,
Алла, алла, аллаё,
Ҷони модар, аллаё.

Шояд андешаи инҷониб дар мавриди «алла» баҳсангез бошад, дар ҳар сурат, ҳақиқат зодаи баҳс аст, хулоса кардан аз шумост.

Шаҳбоз КАБИРОВ, 
профессори ДМТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: