ПАЙРАВОНИ КАСБИ ПАДАР

(Лавҳа)

Дар маросими ёдбуди яке аз қаҳрамонписарони диёри Сӯх Тешабой Одилов гурӯҳи донишомӯзони мактаби рақами 14 намоишномаи адабӣ-бадеии ҷолибе ба намоиш гузоштанд. Ин намоишнома якчанд шеър ва порча аз достонҳоеро дар худ фаро гирифта буд ва шоирони гуногуни тоҷик, ӯзбек, русу украин ва белорус дар васфи шуҷоати беназири “Баҳодури тоҷик” эҷод кардаанд. Намоишномаро аҳли толор хеле хуш истиқбол намуд ва барои тақдимгарони он кафкӯбӣ карданд.
Иттифоқ афтод, ки бори дигар дар яке аз маҳфилҳои идонаи мактаби мазкур иштирок кунам. Ин чорабинӣ ба рӯзи омӯзгорон ва мураббиён бахшида шуда буд. Барандаи маҳфил гоҳ шеър мехонд, гоҳ ба омӯзгорони мактаб ва меҳмонон навбати сухан медод, ҳамчунин гоҳ аъзои дастаи ҳунарии мактаб бо суруду тарона нишастро ҳусни тоза мебахшиданд.  
Дар ин лаҳза ба назди микрофон омӯзгорзане даъват карда шуд, то ки ҳамкоронро  бо ид табрик кунад. Ҷавонзан ба назди баландгӯяк омад ва бо лаҳни тозаи шево ва гуворо суханронӣ кард. Чунин ба назар расид, ки вай дар назди микрофони барномаи  радиоӣ машғули суханронӣ аст.
 Азбаски баландгӯяк ба мо наздик буд, аз шунидани ин ҳарфҳо беихтиёр рӯй ҷониби зани сухангӯ гардондам ва ба ҳарфҳои ӯ  бо диққати том гӯш додам. Шояд дар чанд соли охир чунин нутқи равону буррои тоҷикиро дар маҳфилҳову маросимҳо хеле кам  шунидаам. Дар охири суханронӣ ин омӯзгор чанд байт аз ашъори шоирон хонд, ки ба устоду мураббӣ бахшида шудаанд.
Вай духтари Мирзоҳотам Ҳакимов –  яке аз устодони шодравонам  буд, ки солҳои мактабхонӣ ба мо аз  фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ додааст. Устодамон бо дониш ва маҳорати хубаш дар байни омӯзгорон ва мардуми деҳ  обрӯ ва эътибори хос пайдо карда буд. Вай хатмкунандаи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик буд. Мутаассифона, Мирзоҳотам Ҳакимов бар асари бемории тӯлонӣ ин дунёро барвақт  падруд гуфт.
– Наргис, пайрави ҳақиқии падарат шудаӣ, офарин! Лаҳни гуфторат хеле хушоянд ва дилпазир буд. Минбаъд дар кору фаъолият низ муваффақ бошӣ, – гуфтам  ӯро  васфкунон.
– Ташаккур, муаллим, – шармгинона ва кӯтоҳ ибрози сипос кард Наргис Ҳакимова. 
Ба гуфтаи директори мактаб Садриддин Абдураҳмонов муаллифи намоишномаи адабӣ-бадеие, ки гурӯҳи донишомӯзони мактаб дар маросими ёдбуди   Тешабой Одилов ба маърази тамошо  гузошта буданд,  маҳз Наргис Ҳакимова мебошад.  Директор афзуд, ки дар баробари бо салиқаи баланд гузаронидани дарсу машғулиятҳои фаннӣ, ӯ ҳамчунин дар баргузор намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангии мактаб нақши муҳим мебозад.
– Ягон чорабинии мактабро бе ширкати ӯ ва шогирдонаш наметавон тасаввур кард. Дар интихоби мавзӯъҳо ва ба роҳ мондани намоишномаҳои адабӣ-бадеӣ хеле таҷриба андӯхтааст, – бо қаноатмандӣ гуфт С. Абдураҳмонов. 
Наргис Ҳакимова соли 1998 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз ҳамон сол инҷониб дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 14-уми ноҳияи Сӯх ба насли наврас таълим медиҳад, пайваста меомӯзад. Дарсу машғулиятҳои ӯ тавассути аёниятҳои гуногун ва пуршавқу завқ мегузаранд.
– Ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби миёна  шавқу ҳаваси касби омӯзгорӣ дар дилам маъво гирифта буд. Аз як сӯ, дар оилаи омӯзгор ба дунё омаданам ва  муҳити хонавода ба мо, фарзандон бетаъсир намондааст. Аз сӯи дигар, падарам дар интихоби ин касби бошараф, вале пурмасъулият бароям хеле мусоидат кардаанд. Аз он кас пайваста меҳнат карданро омӯхтам. Устодони дигар  низ дар мактаб ба ману ҳамтоёнам нозукиҳои пешаи омӯзгориро ҳамеша меомӯзанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Дар айни ҳол дар роҳи ба даст овардани комёбиҳои бештар талош ба харҷ медиҳам, – мегӯяд Н. Ҳакимова. 
Бар асоси гуфтаҳои ӯ фанни адабиёт аз фанҳое маҳсуб меёбад, ки пайваста   рушду такомул меёбад. 
– Ба таври мисол қаблан мазмун ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайёми Нишопуриро дар шакли дигар талқин мекарданд. Имрӯз мазмуну мундариҷаи ин рубоиёт куллан маъноҳои дигарро касб намудаанд ва дар ҳамин замина ман ин рубоиҳоро ба шогирдон маънидод мекунам. Лозим меояд, ки рӯзномаҳоро варақ занем, китобҳои тозанашрро хонем, донишамонро пайваста такмил диҳем,  – иброз намуд Н.Ҳакимова.
Тавре ки мавсуф тазаккур дод, замон тараққӣ мекунад, технологияҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд, барои ҳамин кормандони соҳаи маориф низ баробари замон бояд қадам гузоранд. Тибқи гуфтаҳои ин омӯзгор ҳоло тавассути шабакаҳои интернетӣ метавон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адиби дилхоҳи классикиву муосир тамоми маълумоти заруриро дастрас кард. Наргис мегӯяд, омӯзгорони забон ва адабиёти мактаб Зарифҷон Ботиров ва Нафиса Зокирова дар роҳандозии чорабиниҳои зиёди маънавию маърифатӣ аз наздик дасти кӯмак дароз мекунанд. 
– То ин замон роҷеъ ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, дӯстии Ҷомиву Навоӣ, ҳаёту фаъолияти Заҳириддин Муҳаммад Бобур, «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ якчанд тадбирҳоро баргузор намудем. Бо фарорасии фасли Баҳор ва иди фархундаи Наврӯзи Аҷам ба таҳияи намоишномаи адабӣ ва бадеиву мусиқӣ таҳти унвони «Омад фасли баҳорон» омодагӣ мегирем. Ба ин чорабинӣ даъват кардани муаллимони собиқадор, падару модарон ва меҳмонони дигарро барномарезӣ кардаем, – мегӯяд муаллима.
 Ногуфта намонад, ки  хоҳари Наргис – Таҳмина ва бародари ӯ – Дониёр низ пайравони падари шодравони худ ҳастанд. Ҳар се дар мактаби номбурда ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: