ДАР БОРАИ САРФАРОЗ ГАРДОНДАН БО МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ ЗУЛФИЯ

Ба мақсади сазовор арҷ гузоштан ба занони мамлакатамон, афзун гардондани мавқею нуфузи онҳо дар ҷамъият, ба воя расондани насли солиму баркамол, рағбатноксозии муносиби духтароне, ки бо истеъдод ва фаъолияти шоистаи худ ба ҷавонон намунаи ибратанд, қобилияту имкониятҳояшонро дар ҷабҳаву соҳаҳои гуногун татбиқ менамоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокӣ ва ташббускорӣ нишон медиҳанд, ҳамчунин мувофиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дастгирии пешниҳодҳо бобати таъсис додани Мукофо

1. Пешниҳодоти комиссияи Мукофоти давлатии ба номи Зулфияи назди Кумитаи занону духтарони Ӯзбекистон дар бораи бо Мукофоти давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардондани духтарони соҳибиқтидори Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои хулқи аъло, истеъдоди нодир, закигӣ, ташаббускорӣ, комёбиҳояшон дар таҳсил, ҳамчунин дастовардҳои алоҳидаашон дар соҳаи таълим, илм,  адабиёт, маданият, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятиашон бино ба замимаи рӯйхат маъқул дониста шавад.
2.  Ба ҷоизадорони Мукофоти давлатии ба номи Зулфия диплом ва нишонҳои сарисинагӣ дар тантанаҳои бахшида ба ҷашни 8 март – Рӯзи байналхалқии занону духтарон  супурда шаванд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар як соҳибҷоизаи Мукофоти давлатии ба номи Зулфияро бо мукофоти пулӣ ба миқдори 50 баробари музди маоши  камтарин таъмин намояд.
4. Ба Оҷонсии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки фаъолияти ибратпазир, истеъдоди нодир ва дастовардҳои соҳибҷоизаҳои Мукофоти давлатии ба номи Зулфияро васеъ равшан намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Норбоева гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
2 марти соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: