МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ БОЯД ПАЙГИРОНА БОШАД

Аз ба тасвиб расидани Қонуни таърихии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ду сол сипарӣ гардид.

Мақомоту идораҳои дахлдор тӯли ду сол дар ин росто хеле корҳоро  анҷом доданд. 
Мардум нисбати ин фасоди ҷамъият дар чӣ фикранд? То куҷо онро метавон решакан кард? Оё пойро аз ин ботлоқ метавон кашид? Тасмим гирифтем, ки бо шаҳрвандони касбу корашон гуногун дар ин хусус суҳбате анҷом диҳем.
– Хонум, бубахшед, мо аз рӯзнома, худро муаррифӣ мекардед.
– Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд Саломат Ниёзова ҳастам. Чӣ буд?
– Аз қабули Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ду сол сипарӣ гардид. Онро фасод ё садди роҳи пешрафти ҷамъият меҳисобанд. Оё дуруст аст?
– Билкул дуруст. Фикр мекунам, ки мисли ҳама гуна ҷиноятҳо коррупсия низ садди роҳи пешрафту тараққиёти  давлату ҷамъият аст. Зеро он дар дили шаҳрвандон нисбат ба давлату қонун ҳисси нобовариро меангезад, волоияти қонунро аз байн мебарад. Кору амали хидматгузори давлатие, ки соҳибвазифа асту ба ивази пора талабу дархостҳои ғайриқонунии  шахси порадодаро иҷро мекунад, ё аз рафторҳои ба қонун хилофи ӯ чашм мепӯшад, ба манфиати давлату ҷамъият нест. Коррупсия дар роҳи татбиқи ислоҳотҳо  низ монеаҳои зиёд эҷод мекунад. Барилова, доман густурдани коррупсия  пояҳои конститутсионии давлатро суст мегардонад, ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид месозад.
Коррупсия, ҳамчунин, ба фурӯпошии бинои маънавию ахлоқии ҷамъият  замина мегузорад, мавқеи шаҳрвандии аъзои ҷамъиятро аз байн мебарад.
– Ба фикри шумо Қонуни мазкур саривақт қабул шуд ё дер?
– Он пештар эълон мегардид, ба фикрам, хеле корҳо анҷом дода мешуданд.
– Амак, ассалому алайкум, худро мешиносондед.
– Карим Зокиров – сокини маҳаллаи «Ширинобод» - и ноҳияи Яшнободи пойтахт. 84 сол дорам. 
– Умри бобаракат ва саршор аз таҷрибаи зиндагӣ.
Аз эълон гардидани Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» хабар доред?
– Чаро не? Хориҷиён ҳам хабар доранд.
– Бисёр хуб. Ба фикри  Шумо то куҷо метавон ин иллати ҷамъиятро аз байн бурд?
– Ин кори басе душвор. Зеро ин фасод ба одат табдил ёфтааст. Одат бошад ҷонсахт аст. Вале фаромӯш набояд кард, ки инсон барои иҷрои корҳои мушкил, сабук кардани бори гарони дигарон ба дунё меояд. Дер бошад  ҳам чунин як қонуни таърихӣ қабул шуд. Халқ хеле доност. Мақолҳои ӯ пури ҳикматанд, ба инсон роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳанд. Халқ мегӯяд: «Об аз сарчашма пок бошад, поёноби дарё пок хоҳад шуд». Қонунро одамони қаторӣ кам вайрон мекунанд, бештар онҳое қонуншиканӣ мекунанд, ки қонунро хуб медонанд. Ҳоло мардуми кишвар ва хориҷиён ба мушоҳида гирифтаанд, ки дар давлати ҷавони демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо қонунҳои қабулшуда чӣ хел ба амал татбиқ мегарданд. Ба воситаи телевизор дида истодаем ва аз рӯзномаҳо мехонем, ки амалдорони порахӯр ба даст меафтанд. Ман бисёр мехостам, ки амалдори бо пора ба даст афтодаро дигар ба кори роҳбарӣ намонанд. Авҷ гирифтани коррупсия  имкон намедиҳад, ки мутахассисони чашмикордон ба сари кор оянд. Ҳол он ки таҷрибаи мамлакатҳои ривоҷёфта нишон дода истодааст, ки ба пешрафти ин ё он соҳа танҳо мутахассис метавонад саҳми назаррас гузорад... Аҷдоди мо бо роҳи ҳашар бисёр корҳои мушкилро, аз қабили хонасозӣ, кандани ҷӯю канал... сарбаландона анҷом додаанд. Ба як кас мушкил, агар мо дастҷамъона ба муқобили ин иллат мубориза барем, Худо хоҳад, ба мамлакатҳои пешрафтаи дунё расида мегирем.
Умар Ҷабборов, табиб — кардиолог, сокини пойтахт.
Вақте ба ӯ суол кардем, ки дар кишвари мо коррупсияро то куҷо метавон коҳиш дод,  посух дод:
– Ин вобаста аст ба муборизаи мақомоти дахлдор ва кӯмаки аҳолӣ, мубориза ҳар қадар шадидтар гардад, коррупсия ба он андоза коҳиш меёбад. Ҳоло дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла хидмати давлатӣ, суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, андоз, муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи тандурустӣ... дигаргуниҳои куллӣ рӯй медиҳанд. Муомилаю муносибат ба аҳолӣ тағйир меёбад. Гуфтаи ҳикматомез ва инсонпарваронаи сарвари мамлакат: «На халқ ба мансабдорони ҳокимияти давлатӣ, балки мансабдорони мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд» кам - кам таъсири худро мегузорад. Дигаргуншавии сохтор ва тартиби бо роҳи тест қабулкунии донишҷӯён ба муассисаҳои таълими олӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо низ то ҷое ба коҳиш ёфтани  коррупсия мусоидат менамояд. Мисоле: чанд сол қабл ҳамшираи шафқат бешафқатӣ зоҳир карда аз бемор ба ивази як сӯзандору пули муайян мегирифт, ҳоло бим дорад, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ин ҳамаро мардум эҳсос мекунанд ва мебинанд... Ман фикр мекунам, ки  мубориза бар зидди ин иллат дар кишвари мо тӯлонитар хоҳад шуд. Зеро ин фасод дар хуни мо нишастааст.  
Аммо таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки  ин зарпечакро аз киштзори ҷамъият метавон батамом  дур андохт. Вале шарташ ин аст, ки мубориза бояд пайгирона бошад. Лозим омадааст, ки ин ҷониб дар Малайзия, Австралия ва ИМА барин кишварҳо муддате зиндагонӣ кунам. Дар зинаҳои поёнии мақомоти давлатии ин кишварҳо порадиҳию порагирӣ ба мушоҳида намерасад. Тамоми хоҳишу мушкилҳо дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл мегарданд. Вале гоҳ - гоҳ дар рӯзномаҳо хабаре чоп мешавад, ки ин ё он вазир пора гирифта ба даст афтодааст...
– Намешавад танҳо бо дастгир кардан ва ҷазо додан ба коррупсия пирӯз омад. Ба фикри Шумо боз чӣ бояд кард, ки он коҳиш ёбад ё батамом нест шавад?
– Дар боло гуфтем, бо ибтикороти роҳбари давлат дар созмону идораҳои гуногун механизми кор тағйир дода мешавад, чораҳое андешида мешаванд, ки роҳҳои амалкарди коррупсияро танг месозанд. Дар баробари масъулият, маоши мансабдорони давлатӣ ва ходимони соҳа низ зиёд карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд дасти ришвахӯр ва ришвадиҳанда кӯтоҳ карда хоҳад шуд. Дар мо баъзан аз ҳамаи айбҳои ходим чашм пӯшида, вақте ӯро аз вазифа сабукдӯш карданӣ мешаванд, дар дафтарчаи меҳнатиаш менависанд: «Бо ихтиёри худ аз вазифа озод карда шуд». Ман фикр мекунам, ки агар дар дафтарчаи меҳнатиаш нависанд: «Ба ивази порагирӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд», дар созмону идораҳо дигар ӯро ба курсии мансаб намешинонанд. Хусусигардонии завод ва ширкату корхонаҳо низ ба коҳиш ёфтани коррупсия мусоидат менамояд...
Усмонова Елена ЕВГЕНЕВНА, депутати шӯрои ноҳиявӣ, директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 145 - уми ноҳияи Яшнободи пойтахт.
– Муҳтарам, Елена Евгеневна, бо Шумо перомуни Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» суҳбати фишурдае анҷом доданием. Ба фикри Шумо қонуни мазкур дар мо дер қабул шуд ё барвақт?
– Дер қабул шуда бошад ҳам, хеле корҳо анҷом дода шуданд. Бубинед, дар дафтари кории ман видеокамера насб карда шудааст. Чунин воситаҳои назоратӣ дар дафтарҳои кории соҳибвазифагони дигар низ насб карда шудаанд. Ба фикрам, фасоди ҷамъият будани онро дар ҳама ҷо амиқ дарк намудаанд. Чанде қабл дар Қазоқистони ҳамсоя будам. Дар роҳ чашмам ба чунин шиор бархӯрд: «Ба қулла баромадан хоҳӣ, пора нагир!» Қулла истиораи пешрафту тараққиёт аст, ки маънои агар тараққиёту пешрафти давлату ҷамъиятро хоҳӣ, ба коррупсия барҳам бидеҳро дорад. 
Мегӯянд, ки дар Хитой нисбати соҳибвазифагоне, ки ришва мегиранд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд, дар Сингапур ба ин фасоди ҷамъият пирӯз омадаанд. Шояд дар роҳи мубориза  алайҳи ин офат таҷрибаи кишварҳои рушдкарда низ ба кор ояд. Дар ин росто дуруст ба роҳ монда шудани корҳои таълиму тарбиявӣ низ натиҷаи матлуб мебахшад. Агар ба мушоҳида гирифта бошед, дар низоми таълими олию миёна низ дигаргуниҳои куллӣ рӯй медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҷамъият рӯ ба покшавӣ мениҳад.
Вақте суолҳои болоиро ба миён гузоштем, журналист  Ҷ.Исмоилов изҳор дошт: 
– Бо пурзӯр намудани назорат, қабули қарору қонунҳо,  маърӯзаю ваъзхонӣ ва ёдрас кардани азоби гӯр порахӯрро ба одами ҳалол табдил додан кори мушкил. Ҳастанд нафароне, ки тибқи талаби замон имрӯз услуби кори худро тағйир додаанд, даҳон ба тӯъмаи ҳаром намеолоянд. Аммо онҳое, ки  дарди тамаъкорӣ дар хунашон нишастааст, ҳушёриро аз даст намедиҳанд. Пештарҳо агар худ ишора мекарданд, ки бе «чиз» кор буд намешавад, ҳоло бо баҳонаҳои гуногун корро ба таъхир андохта, «ба забон даромадан» - и  корафтода ё аз ҷониби ӯ ба миён гузоштани «шахси сеюм» - ро интизор мешаванд.
Тавассути сиёсати ошкорбаёнии роҳбари давлат, Стратегияи амалиёт ва мавзӯъҳое, ки шахсони бедору огоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир мекунанд, маълум мегардад, ки порахӯрӣ ва қонуншиканӣ дар мамлакат амиқ реша давондааст. Аз овардани ному вазифа ва шахсияти соҳибвазифаҳое, ки бино ба маълумоти хидмати матбуоти Сарпрокуратура ҷинояташон фош гардидааст, худдорӣ менамоям. Гап соҳиби худро меёбад. Ҳама медонанд: соҳибмансабоне, ки дирӯз «бо амир шавла намехӯрданд», бо як ишора миллионҳо сӯм ба кисаашон медаромад, шаҳрвандони бегуноҳро ба маҳбас метиққонданд, имрӯз худашон дар паси панҷара шармандаву  шармсоранд... 
Дар баъзе мамлакатҳои рушдкардаи ҷаҳон ба коррупсия куллан пирӯз наомада бошанд ҳам, онро ба таври назаррас коҳиш додаанд. Дар роҳи мубориза алайҳи коррупсия бояд ақиб нагашт. Ақиб гаштан баробари он аст, ки  бо ин фасоди ҷамъият созиш кунем...              
Донишҷӯйи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии юридикии Тошканд Шоҳрух Ҷумъабоев ба суоли инҷониб: «Коррупсия чаро садди роҳи пешрафти  ҷамъият аст?» дар мисоли қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълими олӣ чунин посух дод:
– Мисолан, ба муассисаҳои таълими олӣ ба ҷойи ҷавонони донишманд ба ивази пора ҷавонони бедониш  дохил мешуданд ва тӯли чор ё панҷ сол пора дода аз санҷишу имтиҳонҳо мегузаштанд. Онҳо баъди хатми донишгоҳ, вақте ба истеҳсолот, хоҷагии халқ, мактабу маориф, соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ба кор мераванд, дониши сатҳиашон ба ривоҷ додани  соҳа намерасад. Дар натиҷа ҷамъият аз тараққиёт бозмемонад. Ҳол он ки  қувваи пешбарандаи ҷамъият мутахассисонанд.
Мо метавонистем доир ба ин мавзӯъ суҳбатро ба дарозо кашем. Вале бо мулоҳизаи он ки аксарият ба суолҳо тақрибан чунин посух медиҳанд, ба навишта нуқта гузоштем. Бешубҳа, мубориза алайҳи ин иллат ё фасоди ҷамъият кори дастаҷамъист.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: