ДАР СУҲБАТИ МОМОИ РӮЗГОРДИДА

Вақте дар кӯчаҳои зодгоҳ занони куҳансолро мебинам, шукр мегӯям, ки ин занҳои рӯзгордида ҳастанду дар тарбияи набераву абераҳои худ, аз ҷумла фарзандони аҳли деҳа саҳм мегузоранд, аз арӯсони худу ҳамсоягон маслиҳати худро дареғ намедоранд.

Воқеан, ҳангоме ки дар суҳбати онҳо нишинед, аз таърихи ҳаёти талху ширини гузашта бохабар мешавед. Назар ба гуфти модарам солҳои пеш дар деҳаи мо низ «Модарони қаҳрамон», яъне занҳое, ки беш аз 10 фарзандро таваллуд кардаву ба воя расондаанд, зиёд будаанд. Яке аз онҳо зани қавииродаву меҳнаткаш Анзуратбибӣ Абдуллоева мебошад, ки роҳи ҳаёти ибратпазирро паси сар намудааст. Ин ном барои мардуми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка шинос аст. Аз корҳои нек ва пурсавоби вай он мардуме, ки ҳамроҳи ӯ ба ин ҷо мусофир шуда буданд, бохабаранд... Боре аз Анзуратбибӣ хоҳиш кардам, ки дар бораи ҳаёт, тарбияи фарзандон, пастиву баландиҳои пасисарнамудааш, муносибати келину хушдоман ва зиндагии худ ҳарф занад, ки барои занон ва гулдухтарони имрӯза дарси ибрат хоҳад буд. 
– Чӣ ҳам мегуфтам, зиндагии мо бо шавҳари раҳматиам Абдушукур ба ҳар ҳол нағз гузашт, – суҳбатро оғоз намуд бибӣ. – Албатта, тӯли ҳаёт бисёр душвориҳоро паси сар кардем. 
Бинобар нақли Анзуратбибӣ ӯ танҳо 4 сол мактаб хондааст. Вале ин зани меҳнаткаш, оқилаю доно, машаққати зиндагӣ ва мусофирӣ дида, 13 нафар фарзандро ба дунё оварда, сазовори унвони «Қаҳрамонмодар» гардид. 
– Ҳанӯз хурд будам, ки падарам вафот кард. Модарам маҷбур шуд боз шавҳар кунад, мо ҳамроҳи вай зиндагӣ мекардем. Ӯ маро дӯст медошт. Ҳамроҳи падарандар чанд муддат дар Кӯктерак ном мавзеи Тошканд зистем. Ман дар ҳамин ҷо чор сол дар мактаби ӯзбекӣ таҳсил кардам. Баъдан ба ноҳияи Мастчоҳи имрӯза кӯч бастем. Дар ин ҷо дар 17-солагӣ ба шавҳар баромадам. Ҳамроҳи шавҳар солҳои 1960-1961 ба ноҳияи Бӯкаи имрӯза омадем. Он замон 7 хонавода кӯч баста буд. Дар хонаҳои похсагин зиндагӣ мекардем. Рӯзҳои боронӣ аз боми онҳо об мечакид. Ба тирезаҳо гилему матоъ кашида, менишастем. Фикр мекунам он солҳо меҳру оқибат буд. Дар як хона чанд оила мезистем. Мо – занҳо дар як танӯр нон мепӯхтем. Албатта, дар он замон машаққатҳо бисёр буданд, вале мо бо ҳамдигарфаҳмӣ он рӯзҳои сахту душворро паси сар менамудем. Халқ беҳуда намегуфтааст, ки ёр аҳл бошад, кор саҳл аст. Он вақт ман се фарзанд доштам. Шахси ёрирасон надоштам. Фарзандон, ки хурдсол буданд, баъзан шабона хоб намекардам. 
Шавҳарам мошини боркашон дошт. Тамоми бору кӯчи мардумро аз ноҳияи Мастчоҳи имрӯза ба ин ҷо оварда буд. Баъзан ба маркази хоҷагӣ пиёда рафта, мошинҳои дигаронро таъмир карда меомад. Он замон хӯрондану пӯшондани фарзандон кори осон набуд. Деҳқонӣ намекардем. Бо маблағи ронандагии вай фарзандонро калон кардем. 
Ҳаёт чунин будааст, бачам, рӯзҳои неку бад ҳама паси сар мешудаанд. Тӯйу тамошоҳо додем. Бо гузашти солҳо фарзандон калон ва хонаю дардор шуданд. Имрӯз ҳар яки онҳо соҳиби хонаву дар, фарзанд ва ҳаёти мустақилона ҳастанд. Шукрона мегӯям, ки имрӯз фарзандон, набераву абераҳо ҳурмату эҳтиромамро ба ҷой мегузоранд, писару духтаронам аз ҳолам хабар мегиранд. Дар рӯзҳои ғаму шодӣ хешу табор, аҳли маҳалла дар хидматанд. 
Ҳаёти кунунии ҳамдеҳагон, шароити мусоиди зиндагии имрӯзаи одамонро дида хурсанд мешавам. Онҳо бо роҳату фароғат зиндагӣ доранд. Худо мегӯям, ки аз ин ҳам беҳтар шавад. Вале бо ин ҳама нигоҳ накарда, баъзе занону навхонадарон ноз мекунанд, ба сахтиҳои зиндагӣ тоб намеоваранд, китоб намехонанд, агар мехонданд мефаҳмиданд, ки «таги сабр тиллост». Илоҳо, зиндагиашон хуб бошад, сарашон дардро набинад. Фарзандонашонро хуб таълиму тарбия диҳанд. Аз мо – пиронсолон акнун фақат насиҳату дуои нек...
Ба келинҳо маслиҳат диҳам, баъзан иҷро кунанд, гоҳе аз гуфтаи худ намемонанд. Дар ин фурсатҳо хомӯширо авло медонам. Баъзан аз писаронам хоҳиш мекунам, занҳоятонро дар назди ман ҷанг накунед. Зеро ман нороҳат мешавам. 
Тавре ки дар боло гуфтам, имрӯз меҳру оқибат дар байни одамон кам шудааст. Ҳатто баъзе фарзандон ба қадри падару модари пиронсоли худ намерасанд. Аз ҳолу аҳволи онҳо кам хабар мегиранд. Вале ман шукр мегӯям, ки ҳар субҳ фарзандонам барои ҳолпурсиам меоянд. Аз дидани онҳо шод мешавам. Баъзан аз таҷрибаи зиндагии худ мегӯям, ки ҳаёти худро бо хушӣ гузаронанд. Ба рӯзҳои неку бад, ғаму шодӣ сабр кунанд. Бо ҳамсарони худ осуда бошанд, – гуфт дар анҷоми суҳбат Анзуратбибии 85-сола.  

Меҳровари ҚОДИР, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: