СОҲИБКОРӢ – ИНЪОМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҷавонии бобоёну падарони мо дар замони яккаҳокимиятии пахта гузашт.

Ин маҳдудият имкон надод,  ки халқи мо баҳри беҳбудии рӯзгор аз иқтидори ақлии худ ба таври бояду шояд истифода бубарад.  Имрӯз, агар ба гузаштаи начандон дурамон бо нигоҳи таҳқиқ назар афканем, аз дигаргуниҳое, ки дар тӯли бештар аз чоряк аср дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ба амал омадаанд, ангушти ҳайрат мегазем... 
Омилҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зиёданд.  Банда фикр мекунам,  ки эҳтиёҷ ҳам яке аз онҳост.  Зеро   эҳтиёҷ инсони солимақлро водор мекунад,  ки барои бо луқмаи пок таъмин намудани аҳли оилаи худ,  барои аз вартаи қашшоқӣ раҳоӣ ёфтан фикру андеша кунад, чора ҷӯяд. Маҳз ҳамин имконияти фикркуниву тадбирандешӣ аз ҷумлаи инъоми бебаҳои истиқлолият аст. 
Дар маҳаллаи мо 1138 оила,  ки намояндагони ҳафт миллатанд, аҳлона зиндагӣ мекунанд.  Боиси хушнудист,  ки номгӯи касбу кор дар маҳаллаамон сол то сол зиёд мешавад.  Ҳоло корафтодагон барои ҷустуҷӯи оҳангар,  челонгар,  дуредгар,  устои яхдону телевизор,  сартарош,  дӯзанда,  устои таъмири пойафзор... аз деҳа берун намераванд.  Сафи тадбиркорону ҳунармандон низ торафт меафзояд.  Агар соли 2017 беш аз 50 оилаи камтаъмин ба рӯйхат гирифта шуда бошад,  дар охири соли 2018 мо ҳамагӣ 18 оилаи камтаъмин ва 12-эҳтиёҷмандро ба рӯйхат гирифтем. Соли сипаригашта қариб 40 оила вом гирифт,  ки қисми зиёди онҳо  оилаҳои камтаъмин буданд.  Ғайр аз ин, маданияти истифода аз замини наздиҳавлигӣ низ баланд мешавад,  ки ин ҳам аз омилҳои коҳишёбии сафи кам таъминшудагон аст.  Бигирем,  агар пештар дар қитъаи наздиҳавлигӣ юнучқа,  ҷуворимакка корида,  даромади ночиз мегирифта бошем,  ҳоло дар ҳамон замин гармхона сохта, даромади хуб мегирем. Ба ин кору фаъолияти ҳамдеҳаамон Бобомурод Бобоев мисол шуда метавонад.  Ӯ ҳамагӣ дар 12 хол замин гармхона сохтааст ва помидору бодирингашро ба Русия ва Қазоқистон мефурӯшад.  Овозаи лимӯзори гармхонаи Мирзо Муртозов, дару тирезаҳои дуредгар Нозим Насриддинов,  дарвозаҳои оҳангар Фарҳод Холов кайҳо дар ҳудуди ноҳияамон ва берун аз он паҳн гаштааст.  Тадбиркори дигар Худойбердӣ Ҷабборов дар корхонаи хурди худ ширро аз нав кор карда, ҷурғоту равған ва боз чанд навъи  маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад, 30 нафар ҳамдеҳагонро бо кор таъмин кардааст.  Дар маҳаллаамон сафи чунин корхонаҳои хурд меафзояд.  Ба наздикӣ  тавассути воми филиали вилоятии Асакабонк боз шаш мошини дарздӯзӣ ва 4  сехи нонпазӣ мехарем.  Чорвопарварӣ касби аҷдодист.  Аз ин рӯ фермерони чорвопарвари маҳаллаамон ба касби бобоӣ содиқ монда,  дар роҳи гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ мекунанд. Яке аз онҳо Равшан Бозоров аст,  ки тавассути вом аз Украина чорвои зотӣ овард. Алҳол, агар фермерони чорвопарвари мо дар таъмин намудани аҳолии вилоятамон бо маҳсулоти ширӣ ва гӯшт саҳми арзанда доранд, гӯям, дурӯғ нест. 
Беҳуда нагуфтаанд: «Халқ сарватманд шавад,  ватан обод мегардад!»  Ду кӯчаи дохилии маҳалла хеле абгор буд.  Соли гузашта сокинони ин кӯчаҳо камари ҳиммат баста,  аз ҳисоби худашон санг рехтанд.  Усто Нозими дуредгар ба боғчаҳои деҳа ҷевонҳои китоб туҳфа кард,  фермерони савобҷӯ Равшан Бозоров ва тадбиркор Суҳроб Раҳимов дар ободкунии қабристони деҳа саҳм гирифтанд. Хушбахтона, ин рӯйхатро метавон боз давом дод. 
Алҳол аз замини наздиҳавлигӣ пурсамар истифода бурдан аз масъалаҳоест,  ки ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифтааст. Тавре  ки дар боло ишора кардем,  аҳли маҳаллаи мо дар ин бобат ба ташвиқот эҳтиёҷ надорад. Онҳо илми аз ҳар як ваҷаб замин оқилона истифода бурданро омӯхтаанд... 
Албатта, зикри муваффақиятҳо ба кас хуш меояд,  аммо ин маънои онро надорад, ки дар маҳалла камбудӣ ё муаммое набошад.  Банда ҳамчун раиси маҳалла бештар дар бораи маънавияти халқамон андеша мекунам.  Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ борҳо собит намудааст, ки ояндаи дурахшони халқу миллат ба маънавияти ӯ сахт вобаста аст.  Бояд иқрор шуд, ки ҷавононамон кам китоб мехонанд. Маъракаи обунаи имсола собит намуд, ки рӯзномаву маҷаллахониамон низ таърифӣ нест... 
Мо аз ҳокимияти ноҳия хоҳиш кардем, ки дар маҳаллаамон китобхона сохта шавад. Ғайр аз ин дар нақшаи кории имсолаамон ба китобхонӣ тарғиб намудани ҷавонон, гузаронидани чораву тадбирҳо бобати китобхонӣ дар радифи аввал меистад.   Умед дорем, ки ин тадбиру даъватҳо дар ояндаи наздик натиҷаи дилхоҳ медиҳанду мо чун дар соҳаҳои дигар бо дастовардҳои маънавии ҷавононамон низ ифтихор мекунем. 

Фирдавс МАҲМУДОВ, 
раиси ҷамоати шаҳрвандии маҳаллаи «Пахтаобод»-и
ноҳияи Сайҳунобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: