Дар ҷевони китоб

ДУ АРМУҒОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар як шаби шеъру суруд, ки ба ин муносибат баргузор мешавад, ба дилу дидаи иштирокдори хурду бузурги он симои сарояндаи ишқ ва зебоӣ, дӯстию рафоқат, ёру маҳбуба ва ватандӯсту халқпарвар Камоли Хуҷандӣ боз як бори дигар ҷилвагар мегардад.
Омӯзгор Ш. Бобоҷонов ғазалҳои дилнишини шоири хушгуфторро бо номи «Гулдастаи ғазал» ҷамъ овардааст, ки ин маҷмӯа барои омӯзгорони адабиёт, донишомӯзону мухлисони осори адабӣ роҳнамои хирад аст.
Маҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и пойтахт рӯйи чопро дидааст.
***
Маҷмӯаи шеърии дигаре, ки ҳоло дар даст дорем, «Базми гул» ном дорад, ки ба қалами шоири хушбаён Сулаймони Хоҷаназар мансуб аст.
Шоир зодаи деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиё буда, ҳаёташро ба мактабу маориф ва тарбияи насли наврас бахшидааст. Ӯ дар назм ва ҳам наср аз худ навиштаҳо боқӣ гузоштааст. Дубайтиҳои ӯ зиёда аз 4000 ададанд. Маҳсули эҷоди ӯ дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар», «Ховар» пешкаши хонанда гардидаанд.  Дубайтиҳои дилнишини Сулаймони Хоҷаназар касро ба дунёи андеша мебарад. Андешаҳои маргу зиндагӣ, буду набуд...
Ба гуфтаи муҳаррири нашриёт А.Исмоилзода барои шод намудани рӯҳи шоир дар рӯзҳои наздик навиштаҳои ӯ дар шакли китоби бузургҳаҷм нашр хоҳад шуд.
«Ман ба ҷавонон «Базми гул»-ро ҳамчун туҳфа тақдим карданро ваъда додаам. Пас аз чопи ин китобам куллиётамро ба чоп тайёр мекунам», мегуфт шоир.

С. БЕКНАЗАРОВА.     
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: