БАҲОРИ ФУТБОЛ ФАРО РАСИД

Ниҳоят рӯзе, ки онро ҳаводорони футболи кишвар мунтазир буданд, фаро расид.

Албатта, ҳангомаҳои атрофи футбол ва олами футбол беҳтарин суҳбати мухлисони ин бозии миллионҳо ба ҳисоб меравад. Оғози ҳар мавсими нав ва бурду бохтҳои он, дигаргуниҳои чемпионати футболи кишвар аз ҷониби ихлосмандон ҳамаҷониба муҳокима мегарданд. 
Шоистаи қайд аст, ки соли гузашта бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи мамлакат ва Лигаи футболи касбии Ӯзбекистон бобати инкишоф додани футбол дар кишвар тарҳи нави чемпионат тасдиқ гардида буд, ки мувофиқи он мусобиқаҳои Лигаи олӣ ба Суперлига ва Лигаи якум ба Про-лига табдил ёфтанд. Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани пирӯзӣ 12 дастаи Суперлигаи мамлакат, аз ҷумла дастаҳои футболи «Бунёдкор», «Локомотив» ва «Пахтакор» (Тошканд), «Бухоро» (Бухоро), «Қизилқум» (Зарафшон), «Металлург» (Бекобод), «AGMK» (Олмалиқ), «Суғдиёна» (Ҷиззах), «Насаф» (Қаршӣ), «Қӯқон-1912» (Қӯқон), «Навбаҳор» (Намангон), «Андиҷон» (Андиҷон) талош варзиданд, ки дар натиҷа унвони чемпионӣ ба дастаи футболи «Локомотив»-и пойтахт насиб гардид. Чанде қабл дар пойтахт маросими қуръапартоии мавсими футболи соли 2019 баргузор шуд, ки бино бар он 8 март чемпионати Суперлига оғоз ёфт. Мувофиқи тақвими бозиҳои чемпионати XXVIII Ӯзбекистон ба рӯйхати дастаҳои Суперлига ҷамоаҳои «Сурхон»-и Тирмиз ва «Динамо»-и Самарқанд, ки чанд муддат аз ин мусобиқа дур шуда буданд, ҳамроҳ гардиданд. Дар ин бобат аз ҷониби мухлисони футбол суханҳои бисёр гуфта шуд, ҳатто баъзе фикрҳои норозиёна низ садо доданд, вале ба ин масъала АФӮ қарори худро гуфт ва он дар амал  татбиқ гардид. Ва инак ба вилоятҳои Сурхондарёву Самарқанд низ футболи калон баргашт ва аз ҷониби мухлисони дастаҳои мазкур хеле хуб пазироӣ гардид. 
Шоистаи қайд аст, ки тӯли се рӯз бозиҳои давраи якуми Суперлига анҷом ёфтанд. Маросими кушоиши он, ки дар Навоӣ бо бозии дастаҳои «Қизилқум» ва «Андиҷон» шурӯъ гардид, ҷолиб буд. Ин сабқат якранг (1:1) анҷом ёфт. Ҳамин тавр бозиҳои дигари давраи якум: «Динамо» – «Насаф» (1:1), «АГМК» – «Бухоро» (0:0), «Сурхон» – «Металлург» (1:1), «Навбаҳор» – «Қӯқон-1912» (1:1) анҷом ёфтанд. «Суғдиёна» «Бунёдкор»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозии байни дастаҳои «Пахтакор» ва «Локомотив» бинобар мусобиқаҳои ЛЧО ба санаи 16 март гузошта шуд.     
Бояд гуфт, ки дастаҳои «Локомотив» ва «Пахтакор» шарафи ҷумҳуриро дар Лигаи чемпионҳои Осиё–2019 ҳимоя мекунанд. Дастаҳои мазкур дар давраи якуми бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бозии хуб нишон доданд. Агар дастаи футболи «Локомотив» дар Тошканд дастаи «Ал Ваҳда»-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда бошад, «Пахтакор» дар сафар бо дастаи «Персеполис»-и Эрон якранг (1:1) кард. Дастаи «Локомотив» бозии дуюми худро дар сафар бо дастаи «Ал-Раййан»-и Қатар анҷом дод ва бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда бошад, дастаи «Пахтакор» дар Тошканд бо дастаи «Ал Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ рӯ ба рӯ мешавад.   

М. ҚОДИРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: