«SHARQ» – ТАРҒИБГАРИ НУРИ МАЪРИФАТ

Ошкору равшан аст, ки дар замони муосир ҳар як миллат адабиёт, таърих, фарҳанг ва дар кул, ҳар гуна дастовардҳои миллию маънавии худро аз тариқи интишори китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо рӯнамоӣ мекунад.

Ва ин муаррифӣ бояд тавре сурат гирад, ки ҳама саъю талоши мардум, истеъдод ва салоҳияти зиндагисозӣ, хоставу орзуҳои воқеии халқ на танҳо дар марзи худ, балки то гӯшаву канори ҷаҳон доман паҳн кунад. Ин гуна масъулияти муҳимро дар ҷамъияти мо, пеш аз ҳама, муассисаҳои табъу нашр ба уҳда доранд. 
Дар Маркази матбуоти миллии ҷумҳурӣ аз сӯйи Ширкати саҳҳомии табъу нашри «Sharq» бо ҳузури намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ва шоиру нависандагон анҷумани матбуотӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст нотиқон роҷеъ ба аҳамияти китобу рӯзнома, моҳияти шеъру шоирӣ, нақши осори адабию бадеӣ дар зиндагӣ суханронӣ намуданд ва бештар аз ҳама, таваҷҷуҳи ҳозирин ба фаъолияти густурдаи муассисаи табъу нашри «Sharq» ҷалб гардид. 
Бояд гуфт, ки нашриёти «Sharq» нахустин бор кори худро соли 1921 бо таъсиси чопхона оғоз намуда, соли 1924 дар таркиби муассисаи интишории «Средазкнига» густариш ёфтааст. Дертар ба маҷмӯи ягонаи табъу нашри рӯзномаю маҷаллаҳо табдил меёбад. Баъдан гузашта аз Ӯзбекистон дар тамоми Осиёи Марказӣ ба унвони бузургтарин маҷмӯаи интишории рӯзномаю маҷаллаҳо шинохта шудааст.
Имрӯз нашриёти «Sharq» бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, рӯзномаю маҷалла, китобҳои гуногун бо муқоваҳои сахту нарм, маводи барчаспӣ (этикетӣ) ва рангину тасвирӣ, ҳар гуна маҳсулоти нашриётӣ мебарорад  ва рӯз то рӯз ҳаҷми тавлидотии ин маҷмӯа зиёдтар мешавад. Агар бо рақамҳо баён кунем, дар айни ҳол ин муассиса 70 хел рӯзнома ва 10 намуд маҷалла чоп мекунад, ки теъдоди солонаи рӯзномаҳои баровардааш ба 66 миллиону 300 ҳазор нусха ва маҷаллаҳояш ба 3 миллиону 300 ҳазор нусха расидааст. Маблағи тавлидоти муассиса дар соли 2018 ба  67 миллиард сӯм ва дар муомила ба 77 миллиарду 800 миллион сӯм баробар шуда, аз хориҷа ба маблағи қариб 5 млн. доллари ИМА воридоти маводи хом сурат гирифтааст. Ҳоло дар ин маҷмӯа 620 нафар машғули кор ҳастанд ва моҳонаи мутавассит қариб 2 миллион сӯмиро ташкил медиҳад. Даромади холиси муассиса ба 699 миллиону 500 ҳазор сӯм расидааст.
Пӯшида нест, ки муассисаи табъу нашри «Sharq» пас аз содир шудани дастури раёсати ҷумҳурӣ 12 январи соли 2017 ва эълон шудани қарори Президент «Дар бораи такмили низоми интишори китоб, боло бурдани фарҳанги китобхонӣ ва тарғиби он» беш аз пеш ба чопи китоб таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳар сол бештар аз 200 номгӯй ва дар кул, ба миқдори бештар аз 700 ҳазор китоби илмию оммавӣ, динию маърифатӣ, донишномавӣ ва адабиёти бачагона ба чоп мерасонад. Барномарезӣ шудааст, ки дар соли ҷорӣ барои мактабҳо 5 миллион нусха китоби дарсӣ ва 6 миллион нусха дафтари хонишро ба чоп расонад.
Ширкати «Sharq» аз таҷҳизоти навтарини муосир истифода бурда, бо маҳсулоти хушсифат ва бозоргири худ ҳарчи бештар дар бозор мақомашро мустаҳкам менамояд. Ин муассиса бо Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии телевизион ва радио, Маркази ҷумҳурии «Маънавият ва маърифат», Созмони ҷавонони Ӯзбекистон ва дигар ташкилотҳои бонуфуз ҳамкориҳои самарабахш дорад.
 Набояд фаромӯш кард, ки дар густариш ва паҳн кардани маводи интишорнамудаи «Sharq» саҳми Маркази муомилаи китобҳо – «Шарқ зиёкори» ва шуъбаҳои минтақавии он бениҳоят калон аст.
Анҷумани матбуотии мазкур бори дигар собит намуд, ки китоб ва рӯзнома дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд ва интишору паҳнкунандаҳои ин манбаъҳои омӯзишию донистанӣ, ба монанди нашриёти «Sharq», тавре ки яке аз иштирокдорони анҷуман, нависанда, мутарҷим ва мунаққид Иброҳим Ғафуров онро тарғибгари нури маърифат номид, омили пешбаранда дар ин арса ҳастанд.
  
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: