КОРВОНИ МАЪНАВИЯТ

28 феврал ва 1 марти соли ҷорӣ ҳангоми ташрифи навбатии сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Намангон дар ҷамъомади фаъолони вилоят чунин суханони Президент эътибори иштирокчиёнро ба худ ҷалб кард: «Барои фарзандонамон хонаи нав ва мошин туҳфа кунем, куҳна шуда аз байн меравад.

Вале як чиз ҳаст, ки куҳна намешавад, ин донишест, ки ба фарзандонамон пешниҳод мекунем».
Чунин суханони сарвари давлат баъди як ҳафта дар миқёси вилоят татбиқ гардид. Пагоҳирӯзии 9 марти соли ҷорӣ 25 ҳазор нусха китоб, маҷмӯи 10 номгӯ анҷомҳои мусиқӣ ва 2 миллиард сӯмина 87 номгӯ анҷомҳои варзишии «Корвони маънавият» ба шаҳри Намангон расида омад.
Дар мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати рақами 11-уми шаҳри Намангон, бо ширкати Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Ёқуб Аҳмедов ва гурӯҳи санъаткорони аз пойтахт ташрифоварда тақдимоти анҷомҳои мусиқӣ ба амал омад. Санъаткорони машҳур барои санъаткорони наврас машғулиятҳои маҳорат гузарониданд.
Дар маҷмӯи варзишии «Баркамол авлод» барои мактабҳои варзиши бачагон ва наврасони шаҳру ноҳияҳои вилоят, маҳаллаҳо бо иштироки варзишгарони собиқадор, чемпионҳои Осиё ва ҷаҳон тақдимоти анҷомҳои варзишӣ баргузор гардид. Инчунин, дар шаҳри Намангон Маркази технологияи рақамнок ба фаъолият шурӯъ кард. Ба ин ҷо 400 миллион сӯмина ҳамагӣ 20 компутер пешниҳод карда шуд.
Косонсой ноҳияест, ки дар бағали қаторкӯҳҳои Чотқол воқеъ буда, аз байни он дарёи Косонсой ҷорӣ мешавад ва ҳавои дилфиребу табиати зебояш ҷолиби диққат аст. Дар ҷойи бекорхобидаи истироҳатгоҳи собиқи ноҳия хишти аввалини сохтмони истироҳатгоҳи минтақавии ҷавонон гузошта шуд. Истироҳатгоҳи номбурда дар давоми сол фаъолият мебарад ва соле қариб 7 ҳазор ҷавонон метавонанд дар он истироҳат кунанд.
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Намангон барои 400 нафар ҷавонони оилаҳои камбизоат обунаи бепул ба рӯзнома ва маҷаллаҳо ба роҳ монда шуд. Ҳамон рӯз дар Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти сарварии раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид, гурӯҳи шоирону нависандагон, вохӯрии ҷавонон ва эҷодкорони водии Фарғона ба амал омад. Шоирон аз шеъру ғазалҳои худ намунаҳо қироат карданд.
Чорабиниҳои мазкур барои соҳиби дониши баланд гаштани ҷавонони вилоят мусоидат мекунанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: