БАРАКАИ УМРУ РИЗҚ

Баъд аз хатми мактаби миёна дар бригадаи пахтакории деҳқони чашмикордон, Пахтакори хидматнишондодаи Ӯзбекистон Солиҷон Абдураҳимов ҳисобчӣ шуда кор кардам.

Аз пунбадона бардоштани ҳосили фаровони пахта, умуман, асрори деҳқониро дуру дароз омӯхтам. Пахтакорӣ касби дӯстдоштаи ман гардид.
Пас аз ба ҷойи дигар сардори бригада таъин шудани С.Абдураҳимов маро ба ҷойи ӯ таъин намуданд. Ҳар мавсим бо деҳқонони меҳнатдӯсту фидокор хирманҳои калони «тиллои сафед» бунёд карда, ба некӯаҳволии халқу манфиатдории ватан туҳфаҳои арзандаи худро пешкаш менамудем. Марраҳои чашмдошткардаамонро забт намуда, комёбиҳо ба даст меовардем. Солҳо гузаштанд ва ман ба синни нафақа расидам.
Беш аз 15 сол аст, ки нафақахӯрам. Дар сиёсати давлатамон татбиқи кӯмаки иҷтимоӣ ба нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат, маъюбону ятимонро мушоҳида мекунем. Ин таъминот ҳар гоҳ дар муддаташ дастрасамон мешавад. Барои ин ба роҳбарони мамлакатамон, шахсан ба Президент барои сиёсати инсонпарваронааш  самимона миннатдорӣ баён мекунем.
Пурра дода шудани нафақа ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, ин дастгирии иҷтимоию илҳомбахш аст. Онҳо таҷрибадидаю корашон – пухта. Ба халқу давлат акнун боз самараноктар меҳнат мекунанд, шогирдони пуриқтидору иштиёқманд омода мекунанд. Ман хабар дорам, дар поликлиникаи оилавии рақами 48-уми деҳаи Варзик Эътибор Шарофова, Зебо Раҳимова, Турсуной Ёқубова ва Матлуба Азимова барин духтурони нафақахӯр дар роҳи саломатии мардум меҳнат мекунанд. Бешубҳа, онҳо кадрҳои заруранду аз ғамхориҳои сарвари мамлакатамон хеле мамнунанд.
Ватани мо ояндаи бузургу дурахшон дорад. Вазифаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати мутахассисони пешбини он асту хоҳад буд. Таҳти ин меҳрубониҳо бо баракаи умру ризқамон шукргузорӣ мекунему бо панду насиҳатҳо насли сазовори ба ҷамъияту кишварамон фоидаоварро ба воя мерасонем.

Обидҷон ҚОБИЛОВ,
нафақахӯр аз 
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: