«ТАЛИСАФЕД» ВА ТАЛИСАФЕДИЁН

Талисафед яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Шофиркон ба шумор рафта, он дар самти ҷануби ғарби ноҳия воқеъ гардидааст.

Мегӯянд, ки ин деҳа тақрибан 900-1000 сол таърих дорад ва аҷдодони аҳолии маҳаллӣ — хоҷагони ҷӯйборӣ ин ҷоро обод кардаанд. Машғулияти асосии мардум деҳқонӣ (зироатпарварӣ), косибӣ (ҳунармандӣ) ва чорвопарварӣ будааст. Аҳолии деҳа меҳнатдӯст ва илмпарваранд. Намояндаи амири Бухоро Ҳаит Амин, ки дар китоби устод С.Айнӣ дар борааш сухан рафтааст, аз ҳамин ҷост. Солҳои 30-40-уми асри гузашта Талисафед ҳамчун яке аз марказҳои маъмурии ноҳия мақоми ба худ хос доштааст. Фарзандони асили деҳа баҳри ободию равнақи диёр ва шуҳратёр гардидани зодгоҳашон хидматҳои арзанда кардаанду мекунанд. Яке аз онҳо шодравон Назир Раҷабов буд. Вай солҳои зиёд ҳамчун роҳбари аввали вилоятҳои Намангону Самарқанд, вазири сохтмони Ӯзбекистон ва вазири сохтмони деҳоти Ӯзбекистон фаъолият нишон додааст. Талисафедиён бо вай ва ҳамдиёрони худ шоир ва тарҷумон Самандар Воҳидов, шоири ғазалсаро ва шифокор Сайфӣ Наҷмӣ, кормандони собиқи ҳизбию давлатӣ Наим Раҷабов, Аҳрор Шамсиев, декани собиқи ДДБ, дотсент Музаффар Бозоров, дотсент Зиёвиддин Тошев, сарҷарроҳи ноҳия Бекмурод Рофиев, ҷонишини сардори иттиҳодияи тиббии ноҳия Азмиддин Фахриев, доктори илмҳои физика-математика Мустақим Ҷумъаев, директорони собиқи мактаби деҳа, Ходими хидматнишондодаи таълими халқи Ӯзбекистон Искандар Воҳидов, соҳиби ордени «Меҳнат шуҳрати» Нормурод Асломов, директори коллеҷи политехникии Бухоро Дилшод Бозоров, собиқадорони меҳнат Рофеъ Ҷумъаев, Ҷумъа Зоиров, Ҷалолиддин Фахриев, Саид Зоиров, ҳунарпешагон Толиб Ҳоҷиев, Шералӣ Ҳоҷиев, ҷонишини раиси фонди хайрияи «Маҳалла»-и ноҳия, намояндаи Шӯрои ноҳия Ботур Солиев ва дигарон фахр мекунанд.
Имрӯз ин деҳаи тоҷикнишин 4686 нафар аҳолӣ, 768-то хонадон ва 1219-то оила дорад.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Талисафед» соли 2006 ташкил ёфтааст. Чанде пеш дар маркази деҳа майдони Хотира созмон ёфт ва дар он ҷо ҳайкали Модари мотамзада қад афрохт.
Чанд рӯз муқаддам мо ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Талисафед» омадем. Раиси маҳалла Наҷмиддин Бозоров, котиби масъул Элёр Назаров ва мутахассис оиди кор бо бонувон ва мустаҳкам кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оила Шаҳноза Эргашева дар ҳалқаи одамон машғули кор буданд. То фаро расидани мавриди муносиб дар долони идора навиштаҷоту шиор ва плакатҳои деворро аз назар гузарондам. Дар паҳлӯи идора китобхона фаъолият дошт. Мехостам, ки вориди он щавам, вале корафтодагон берун баромаданду фурсатро аз даст надода вориди идора гардидам. Баъди вохӯрӣ ва ошкорнамоии мақсад суҳбатамон қӯр гирифт. Дере нагузашта фаъолони маҳалла Нормурод Аслонов ва Ҷалолиддин Фахриев ба наздамон омаданд. Нақлу хотираҳои эшон бобати дирӯзу имрӯзи деҳаашон диққати моро сӯйи худ мекашид.
– Чаро деҳаро Талисафед меноманд? – пурсидам аз онҳо.
– Замоне, шояд ҳазор сол муқаддам аҷдодони мо баландиҳо, талҳои шӯрзадаи сафеди ин ҷоро кам-кам ҳамвору обод кардаанд ва номи деҳа бо ин алоқаманд аст. Яке аз чунин баландиҳо ҳамоно дар гӯшаи ҳудуд ҷо дорад, – гуфтанд мусоҳибон.
Имрӯз дар маҳалла мактаби таълими ҳамагонии рақами 21 (951 нафар талаба дорад), поликлиникаи оилавии №45, муассисаи таълими томактабии №4 – «Гулчеҳра», нуқтаи хидматрасонии техникӣ ба автомобилҳо, 5  дӯкони савдо, дӯкони гӯшт, сартарошхона, ду ошхона, бозори «Чорраста», 11 хоҷагии фермерии пахтаю ғаллакорӣ ва ғайра мавҷуд аст. Байни хоҷагиҳои фермерӣ комёбиҳои хоҷагиҳои фермерии «Ғафур Ҷӯра», «Ҳаёт Бозор», «Ёров Саид саховати» ва «Тӯйбой, Рустам замини» назаррас аст. Бозори «Чорраста» яке аз бозорҳои серодам ва файзноки ноҳия буда, аз он мардуми ноҳияҳои Пешкӯ, Вобканд ва Ғиҷдувон низ баҳраманд мегарданд. Талисафедиён ифтихор доранд, ки замоне ин бозор бо ташаббуси ҳамдиёри поквиҷдонашон муфаттиш Қурбон Шокиров, ки қурбони ҳақиқатпарастӣ шуда буд, сохта шудааст. Соли гузашта дар деҳа 1,2 километр роҳ асфалтпӯш гардид. Муассисаи таълими томактабии «Нозима - 2018» (дорои 100 ҷой) бо усули шарикии давлатию хусусӣ қад боло карда ба кор даромад. Ба туфайли тадбирҳои якҷояи маҳалла бо инспектори профилактика Ҷасур Ҷумъаев дар деҳа ҳаракатҳои қонуншиканӣ сар назад. Бояд таъкид намуд, ки дар маҳалла рӯзи панҷшанбе – рӯзи профилактика маҳсуб меёбад. Ҳамкорӣ бо мактаб ва падару модарон бобати давомоти намунавии талабагон ва риояи тартибу интизом самараи дилхоҳ медиҳад. Таҳти роҳбарии мураббӣ Ситора Сафарова дар деҳа гимнастикачиёни баумед ба воя мерасанд. Шогирди вай Шукрона Шарифова дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ комёб гардид. Ғолиб Сулаймонов бошад, дар намуди дзюдо дар қувваозмоиҳои Осиё иштирок кард. Кандакор Шаҳбоз Сафаров байни ҳунармандони вилоят ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Дар маҳалла ин қабил ҷавонони боистеъдод зиёданд.
Дар маҳалла кори комиссияҳои оштӣ, ободгардонӣ, ба низом даровардани тӯю маросимҳо бештар ба назар мерасанд. Раиса Ҷумъаева, Зулфия Сафарова, Хурсанд Худойбердиева, Маҳбуба Ҷабборова, Саломат Эсанова ва дигарон ба корҳои ҷамоатӣ пайваста ёрӣ мерасонанд. Бояд таъкид намуд, ки дар маҳалла ба 16 оилаи камдаромад, 9 оилаи бепарастор пайваста кӯмаки моддӣ расонда мешавад. Онҳо аз тарафи ҳомиён бо орд, равған ва ҷиҳозҳои рӯзгор, аз ҷониби давлат бо нафақа таъмин шудаанд. Дутои ҳамин қабил хонадон таъмир гардид. Имсол деҳа шомили Барномаи «Обод қишлоқ» гардид. Дар натиҷа бинои мактаби рақами 21 таъмиру таҷдид меёбад, назди бинои муассисаи таълими томактабии рақами 11 бинои иловагӣ қад меафрозад, ҳафтто манзили намунавӣ, ҳаммом, истгоҳи автомобилӣ, нонвойхона, хонаи расондани хидмати маишӣ, майдончаи хурди футбол, дӯконҳои савдо, корхонаҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, толори гимнастика ва ғайра сохта мешавад. Бунёди бинои поликлиника идома дорад. 
Имсол фасли баҳор барвақт омад. Оқилона ва сари вақт истифодабарӣ аз замин, қитъаҳои наздиҳавлӣ, эътибори ҷиддӣ ба маданияти зироаткорию зироатпарварӣ омили асосии фаровонии хонадону бозор аст. Бояд хотирнишон намуд, ки миқдори умумии қитъаҳои наздиҳавлии талисафедиён ҳоло ба 122 гектар мерасад. Аз ин рӯ, ҳоло назорати истифодабарӣ аз ин қитъаҳо ва ноилшавӣ ба самаранокии онҳо дар маркази диққати кормандони ҷамоати шаҳрвандони маҳалла қарор дорад. Онҳо қаноатманданд, ки дар деҳа оилаҳои Элмурод Ғозиев, Меҳриддин Қаҳҳоров, Обид Мусоев бобати зироатпарварӣ бо усули гармхона ба дигарон намунаи ибратанд. Соҳибкор Тӯйбой Саидов бошад, ба соҳаи шутурмурғпарварӣ асос гузошт.
– Имрӯз масъалаи асосие, ки шуморо ба ташвиш овардааст, кадом аст? – пурсидам аз раиси маҳалла Н.Бозоров.
– Шуғли аҳолӣ, – ҷавоб дод вай.
– Албатта, ин масъала худ аз худ ҳал намешавад. Оё бобати ташкил кардани корхонаҳои хурди ҳунармандию саноатӣ имконият ҷустан, бо ин мақсад аз дастмоя, қувваи соҳибкорон ва кредитҳои имтиёзноки бонк истифода бурдан магар натиҷае намедиҳад?
Мусоҳибам сар ҷунбонда тасдиқ кард ва ба дарёи андеша фурӯ рафт.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: