Хабарҳо

Баҳри пешгирии бемориҳо

Вазорати нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Татбиқи ваксинаҳои нав алайҳи вируси пателома дар Ӯзбекистон. Мақсад ва натиҷаҳое, ки чашмдор шудан мумкин» анҷумани матбуотӣ баргузор кард.
Дар он баробари мутахассисони соҳаи тиббиёти ватанӣ намояндагон аз Созмони ҳифзи солимии ҷаҳон ва вакилони ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон иштирок намуданд. Таъкид ёфт эмкунӣ алайҳи вируси пателомаи инсон дар пешгирии касалиҳои хавфноки занона нақши муҳим дорад. Ваксинаҳо нимаи аввали соли равон ба Ӯзбекистон оварда мешаванд ва то якуми август ба  эмкунӣ фарогирии тақрибан 400 ҳазор нафар духтарони нӯҳсола дар нуқтаҳои тиббиёт ва муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, қайд карда шуд дар анҷумани  матбуотӣ.


Ба коркард фарогирии партовҳо

Бо рӯикории ҳафтаи ҳашарҳои мардумӣ ба пешвози Наврӯз, анҷоми корҳои ободонӣ  ба сарзамини мо файз мебахшанд.
Дар доираи ҳафтаи ҳашарҳо дар ҷойҳо озмун ва дарсҳои кушод дар мавзӯъҳои озодагӣ ва оростагӣ низ доир мегарданд. Дар пойтахт анҷумани байналхалқӣ дар мавзӯи «Ба коркард фарогирии партовҳо, хабардорсозии аҳолӣ аз коркарди партовҳои маишӣ» ба амал омад. Таъкид ёфт, ки рӯзе дар пойтахт тақрибан 2 ҳазор тонна, тӯли сол бештар аз 700 ҳазор тонна партови маишӣ ҷамъ мешаванд. Дар ҷумҳурӣ онҳо 7-8 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. 4-5 фоизи партовҳо ба коркард фаро гирифта мешаванду халос. Таъкид гардид, ки баҳри васеъ сохтани ҳаҷми коркард дар асоси ҳамкориҳои тарафайн лоиҳаҳо таҳия хоҳанд шуд. 

Ёди устодон

Дар Институти давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон бо унвони «Устодонро ёд оварда» тадбири фарҳангӣ рӯи кор омад.

Суруду таронаҳои устодони санъати сарояндагии ӯзбек  аз ҷониби овозхонҳои ҷавон ба иҷро расонда шуданд. Ба тадбир дотсенти кафедраи сарояндагии миллӣ, Ҳофизи мардумии  Ӯзбекистон Бекназар Дӯстмуродов сарубар гашт. Ба таъкиди ӯ, ин  гуна чорабиниҳо баробари шод кардани рӯҳи устодони санъат ба  афзун гардондани меҳри ҷавонон ба таронаҳои классикӣ такон мебахшанд. Иштирокдорон аз шунидани савту навоҳои ба дил қарин, сурудҳое, ки Ҷ. Султонов, О. Ҳотамов, Қ. Искандаров, К. Раҳимов барин сарояндагони маҳбуби мардумӣ иҷро мекарданд, таассуроти хуб бардоштанд.


Ҷамъомади навбатии Шӯрои илмӣ-методӣ

Дар Маркази таълими назди Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Шӯрои илмӣ-методии забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Се масъала дар рӯзномаи ҷамъомад қарор дошт.
Нахуст, аз рӯи аттестатсияи ҷамъбастӣ, баргузор намудани имтиҳоноти аз синф ба синфгузаронӣ ва назорати даврагӣ оиди фанҳои забон ва адабиёти тоҷик гуфтушунидҳо ба амал омад. Таълиф ва аз нав ба нашр тавсия сохтани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои таълим ба тоҷикӣ: «Алифбо», «Дафтари ҳусни хат», «Забони модарӣ», «Китоби хониш» (синфи I), «Забони тоҷикӣ», «Китоби хониш»  (синфи III), «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» (синфи VIII), ки чун масъалаи дуюм дар рӯзнома ҷо дошт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир масъалаи дастнависҳо муҳокима карда шуданд. Аз рӯи масъалаҳои дидашуда қарорҳои дахлнок қабул гардиданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: