РАМЗИ САЪЮ КӮШИШИ ҚАТЪӢ ВА ИҚТИДОРИ БУЗУРГИ БУНЁДКОРОНАИ ХАЛҚАМОН

Иншоотҳои нави бузурги саноатӣ, ислоҳоти куллии иқтисодиву иҷтимоӣ Ӯзбекистонро шуҳратманд мегардонанд.

Ба кишварамон сармоягузорони хориҷӣ ҳамчун ба макони тиҷорати манфиатдор ва боэътимод, сайёҳони хориҷӣ рамзи зебогӣ ва гувоҳи таърихи нотакрор нигоҳ мекунанд.
Экспертҳо бошанд, дар қатори ҳамаи инҳо таъкид менамоянд, ки Ӯзбекистон ба гӯшаи бунёдкорӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳақиқат, ба кадом гӯшаи кишварамон наравед, назаратон ба мошинҳои бузурге, ки масолеҳи бинокорӣ мекашонанд, кранҳое, ки беист кор мекунанд, меафтад. Ҳақиқат дар он аст, ки инсони ба Ӯзбекистон бори аввал омада бори дувум эътироф менамояд, ки он ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Аз худамон қиёс намоем – сарфи назар аз дар кадом шаҳр зиндагӣ карданамон ба ягон кӯчаи он вақти зиёд нарафта бошем, ҳангоми ногоҳ сафар намуданамон раҳгум заданамон табиист. Биноҳои навбунёд дар ба хотир оврдани нишонаҳои гузашта монеъ мегарданд.
Бо як сухан ифода намоем, дар баробари комёбиҳои иқтисодии умумэътирофшуда, сиёсати хориҷии самарабахши асосаш комилан нав бунёдкориҳо низ ба мавзӯи асосии суханҳо оиди Ӯзбекистон, фикру мулоҳизаҳо табдил ёфтааст.
Дар замири ин ҳисси ба халқамон хоси саъй намудан ба навгониҳо, фазилати бо зебогӣ ғанӣ гардондани манзараи гирду атроф, айни замон ҷуръати даст задан ба корҳои бузург муҷассам аст.
Дар маркази Тошканд барпо карда шудани саройи варзиши яхи ҷавобгӯйи андозаҳои замонавӣ далели дурахшони инкорнашавандаи ин фикрҳо мебошад.
Президент Шавкат Мирзиёев 3 феврали соли 2017-ум дар маросими санги рамзӣ гузоштан ба маҷмӯи «Ҳумо Арена» иштирок карда, таъкид карда буд, ки иншоотҳои замонавии варзишии ба ин монанд дар тарбияи авлоди баркамол аҳамияти алоҳида касб менамояд.
Дар тӯли давраи гузашта роҳбари давлатамон бо ин ҷараёни беқиёси бунёдкорӣ якчанд маротиба шинос шуда, ба мутасаддиён оиди бо сифти баланд амалӣ гардондани корҳои сохтмон супоришот дода буд.
Хуллас, ба туфайли меҳнати фидокоронаи меъмору боғбон, конструктору ронанда, муҳандис ё ки кранчӣ, хуллас ҳамаи онҳое, ки дар ин кори бузург иштирок кардаанд, дар натиҷаи ҷуръати бузурги халқамон имрӯз шаҳри асосиамон Тошканд, тамоми Ӯзбекистонамон соҳиби чунин ҷавоҳирот гардид.
Дар дизайни ин маҷмӯа, ки дар буриши кӯчаҳои Афросиёб ва Бешёғочи ноҳияи Чилонзор бунёд ёфтааст, фарҷоми замонавии сохтмон ва бо технологияҳои пешқадами элементҳои маданияти миллӣ ҳамоҳанг гардидааст. Маҷмӯа рамзи бахту озодии дар осмон парвозкунанда – шакли паррандаи Ҳумо  барпо гардид.
15 март маросими кушоиши тантанавии ин кошонаи замонавии варзишӣ ба амал омад.
Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карда, ҷамъомадагонро бо ин воқеаи таърихӣ муборакбод намуд.
Раҳбари давлатамон таъкид кард, ки дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, ба тарбияи авлоди ҷавони солим ва баркамол, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аҳамияти алоҳида дода мешавад.
Мадҳияи давлатии Ӯзбекистон садо дод.
Маросими кушоиши тантанавии маҷмӯа то дер дар ёди муштариёни варзиш боқӣ хоҳад монд. Дар маросим ба ғояи асосӣ ҳамоҳанг гардондани санъат ва варзиш эътибори алоҳида дода шуд.
Маросими кушоиш бо шоу-барномаи дар ҳамкории варзишгарону санъаткорон тайёргардида идома ёфт. Дар сатҳи майдони ях дар асоси технологияи  3D мэппинг паррандаи Ҳумо, тасвири намудҳои варзиш, ки дар ин ҷо гузаронда мешавад, намоиш дода шуд. Варзишгарони ҷавон, инчунин бачаҳо барномаҳои намоишӣ нишон доданд. Байни варзишгарони ҷавони Ӯзбекистон ва хоккейбозони машҳур вохӯрии рафиқона ба амал омад.
Ба истифода супурда шудани саройи замонавии яхи «Ҳумо Арена» дар таърихи варзиши Ӯзбекистон ба зинаи нав ибтидо гузошт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки саройи яхи серсоҳаи «Ҳумо Арена» дар ҳамкорӣ бо беш аз 10 фирмаву ширкатҳои хориҷӣ сохта шуд.
Лоиҳаи консептуалии маҷмӯа аз ҷониби ширкати «Heerim Architects & Planners», лоиҳаи конструксияи бом аз ҷониби ширкати «Oberhofer Stahlbau»-и Австрия коркард шудааст. Умуман ҳангоми бунёд намудан ва муҷаҳҳаз гардондани иншоот техникаву технологияҳои Олмон, Британияи Кабир, ИМА, Испания, Италия, Белгия, Фаронса, Финляндия, Русия истифода шудаст.
Иншоот аз ду қисм иборат буда, аз он саҳнаҳои асосӣ ва машқи ях ҷой гирифтааст. Майдони умумии маҷмӯа аз 82 ҳазору 250 метри мураббаъ иборат буда, нуқтаи баландтарини иншооти шашошёна 40 метрро ташкил медиҳад.
Дар қаср, ки бо нишастгоҳҳои мобилӣ ҷиҳозонида шудааст, метавонанд мусобиқаҳои хоккейро 12500 нафар, дигар намудҳои варзишро – 14 ҳазор нафар, барномаҳои мухталифи консертиро – 10 ҳазор нафар тамошобинон мушоҳида намоянд.
Дар қасри ях, ки ба сифати маркази фароғатӣ ва ҷамъиятӣ сохта шудааст, мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба хоккей, кёрлинг, рақси рӯи ях, шорт-трек, мусобиқаҳо оид ба баскетбол, волейбол, гандбол, футзал, бокс ва таэквондоро гузарондан мумкин. Ба ғайр аз ин, дар маҷмӯъ барои ташкил намудани ҷашнҳои умумихалқӣ, консертҳо, намоишгоҳҳо ва форумҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
 Дар маҷмӯъ коммуникатсияҳои муҳандисӣ, низоми сӯхторнишонӣ, сардкунӣ, равшанидиҳӣ, вентелятсия, гармидиҳӣ автоматиконида шудааст ва дар асоси технологияҳои энергиясарфакунанда кор мекунанд.
Хуллас, иншооти мазкур аз он далолат медиҳад, ки дар роҳи беҳбудӣ, рушд ва шукуфоии халқи Ӯзбекистон боз як қадам гузошта шуд.
Дар маросим президенти Федератсияи байналхалқии хоккей Рене Фазел, варзишгарон ва ҳунарпешагон иштирок карданд.

Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: