«ДИГАРГУНИҲОЕ, КИ ДАР ӮЗБЕКИСТОН АМАЛӢ МЕШАВАНД, БИНОБАР АҲАМИЯТ ВА МИҚЁСАШОН БА АСРҲО БАРОБАРАНД»

Баҳор замони навшавист.

 Алҳол халқи мо ба таҷлили ҷашни умумихалқии Наврӯз фаъолона тайёрӣ мебинанд. Миқдори сафариёни хориҷие, ки дар арафаи ин ҷашни зебо ба кишвари мо меоянд, меафзояд. 
Хабарнигорони ӮзА бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Стян Лин, сайёҳ (Чин):
– Ман ба миллат чиноӣ мебошам, арӯси хонадони ӯзбек ҳастам ва бинобар  ин ҳам бо анъана ва урфу одати мардуми шумо хуб ошноӣ дорам. Метавонам бо эътимод бигӯям, ки дар олам аз ин халқи кушодадилу меҳмоннавозтар нест, дар ин ҷо ҳурмату эҳтиром нисбат ба куҳансолон қисми ҷудонопазири тарзи ҳаёт ба шумор меравад.
Алҳол ман фаъолияти кории худро дар Чин давом медиҳам. Хурсандам, ки сафари кунунии ман ба арафаи ҷашни Наврӯз рост омад. Алҳол барои баргузории он тайёрии ҳамаҷониба меравад. Насиб кунад, дар тантанаҳои идонаи Тошканд иштирок мекунем. Баъди ба Чин баргаштан, таассуроти худро аз Наврӯз ба наздикон ҳикоя хоҳам кард. 
Ҷон Стайрон, сайёҳ (ИМА):
– Чаҳор сол муқаддам ман дар Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии  «Таронаҳои Шарқ», ки дар Самарқанд баргузор шуда буд, иштирок доштам. Ин муддати калон нест, вале агар гӯям, ки дигаргуниҳои хуби дар ин давр дар кишвари шумо татбиқшуда ба корҳои асрина баробаранд, муболиға намегардад. Мо шоҳиди он шудем, ки туфайли корҳои созандагӣ иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон хеле афзудааст.
Ман омӯзгори нафақагир мебошам, бо сайру саёҳат машғулам, ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардаам. Ҳоло дар қалби ҳар як нафар ӯзбекистонӣ кайфияти баҳорӣ ҳукмрон мебошад. Ман орзумандам, ки чунин кайфияти идона қалби сокинони кишвари зебои шуморо ҳеҷ гоҳ тарк накунад. 
Александр Кудашкин, соҳибкор (Русия):
– Дар мамлакати шумо ба пешвози Наврӯз – ҷашни миллии халқҳои Шарқ тайёрии ҷиддӣ дида мешавад. Вай дар тамоми гӯшаҳо, деҳоту шаҳрҳои кишвари шумо бо кайфияти баланд мегузарад. 
Наврӯз ҷашнест, ки урфу одатҳои миллиро бозгӯ мекунад. Таомҳои миллии суманак, намоишҳои идона, ҳамаи инҳо ба инсон эҳсоси хушнудӣ мебахшанд. Чунин тантанаҳо ба оммавӣ гардидани самтҳои таърихӣ, гастрономӣ ва ғайра дар Ӯзбекистон хидмат хоҳанд кард.
Кетрен Луиф, журналист (Шветсия):
– Ман бори аввал ба Ӯзбекистон омадам. Вобаста ба касби худ дар бораи ҷашни Наврӯз, ки дар кишвари шумо баргузор мегардад, маълумот дорам.
Ин ҷашн ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО дохил гардидааст. Алҳол эътибори тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба Ӯзбекистон нигаронида шудааст. Ислоҳоте, ки бо суръати баланд амалӣ мешаванд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ эътироф мегарданд. 
Ман ба кишвари шумо омада, бори дигар ба дурустии ин эътибор ва эътироф эътимод ҳосил кардам. Дар тӯли сафари панҷрӯзаи худ таассуроти зиёд гирифтам. Аз фурсат истифода бурда, мардуми меҳмоннавоз ва самимии Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз аз таҳти дил муборакбод менамоям.

Хадича НУСРАТОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: