БЕЭЪТИБОР НАБОШЕМ!

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки аксари сӯхтор аз беэътибориву лоқайдӣ сар мезанад.

Ба қарибӣ ба қисми 4-уми ҳарбигардонидашудаи бехатарӣ аз сӯхтори ноҳияи Мирободи пойтахт хабар оид ба сарзании сӯхтор дар хонадони кӯчаи Қашқадарёи ноҳияи Яшнободи пойтахт расид. Ба зудӣ 2 отряди сӯхторхомӯшкунӣ ба он манзил расида омаданд. Ҳамсояҳо маълум карданд, ки дар дарун соҳиби хона бояд бошад. Ходимони сӯхторхомӯшкунӣ даруни хонаро аз назар гузаронида диданд, ки ду нафар: яке аз таъсири дуд беҳуш афтида, дуюмӣ дараҷаҳои гуногуни сӯхторро гирифтааст.
Ҷиҳозҳо ва шифти хонаи хоб сӯхта, аланга 15 мукааб метри майдони хонаро фаро гирифта буд. Ходимони бехатарӣ аз сӯхтор алангаро бартараф намуданд ва ҷабрдидагон – сабабгорони сӯхторро барои муолиҷа ба шифохона фиристонданд.
Сабаби сӯхтор аниқ шуд: соҳиби хона (соли таваллудаш 1954) ва ҳамсояи ӯ (соли таваллудаш 1968) ба майнӯшӣ дода шуда, дар ҳолати мастӣ дар натиҷаи рафтори беэътиборона ҳангоми сигоркашӣ сӯхторро содир намудаанд.

Дилшод НУРИДДИНОВ,
инспектори шуъбаи бехатарӣ аз сӯхтори ноҳияи Яшнободи пойтахт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: