БИНО БАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪНАВИЯТИ ҶАВОНОН, ПУРМАЗМУН ГУЗАРОНДАНИ ВАҚТИ ХОЛИИ ОНҲО ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 март бахшида ба масъалаҳои пурзӯр гардондани эътибор ба ҷавонон, васеъ ҷалб намудани онҳо ба рушди маънавӣ, санъат ва варзиш, ташаккул додани малакаи истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ, тарғиби китобхонӣ байни авлоди ҷавон ва таъмин кардани шуғли занон ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

30 фоизи аҳолии мамлакатамонро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Барои таълим гирифтан, ба касбу ҳунар соҳиб гардидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Баробари ин пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавонон масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Маънавияти ҷавонон ҳарчи баланд бошад, иммунитети онҳо ба зуҳуроту ғояҳои бегона ҳамон қадар пурзӯр мегардад.
Чи хеле ки маълум аст, сарвари давлатамон бинобар аз рӯи низоми нав ташкил кардани корҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ панҷ ташаббуси муҳимро пеш гузошта буд.
Якум – пурзӯр гардондани шавқу рағбати ҷавонон ба мусиқа, рассомӣ, адабиёт, театр ва дигар намудҳои санъат, ки барои ба рӯи об баровардани истеъдоди онҳо хидмат мекунад.
Дувум – обутоби ҷисмонии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои нишон додани қобилияти онҳо дар варзиш.
Сеюм – ташкил кардани истифодаи самарабахши аҳолӣ ва ҷавонон аз технологияҳои компутерӣ ва интернет.
Чорум – дар асоси низом ташкил намудани корҳо бино бар баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, васеъ тарғиб намудани китобхонӣ.
Панҷум – таъмин кардани шуғли занон.
Ташаббусҳои мазкур дар рафти сафари Президент ба вилояти Сирдарё садо дода буданд. Дар тӯли муддати кӯтоҳ дар Сирдарё корҳои васеъмиқёс амалӣ гардонда шуданд.
Ба китобхонаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 300 ҳазор китобҳои бадеӣ расонда дода шуд. Мактабҳои мусиқӣ ва санъат бо асбобҳои мусиқӣ, объектҳои варзишӣ – ҷиҳозҳо таъмин карда шуданд.
Корҳо дар ин самт дар вилояти Намангон низ давом дода, «Корвони маърифат» ташкил карда шуд. Ба вилоят 25 ҳазор китоб, 80 намуди ҷиҳозҳои варзишӣ ва асбобҳои мусиқӣ расонда дода шуданд.
Ғояҳои мазкурро халқамон, хусусан ҷавонон, бо шавқу завқи баланд қабул намуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои дар тамоми минтақаҳои мамлакат васеъ ҷорӣ намудани ин таҷриба баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар беш аз 800 маркази маданӣ, 312 мактаби мусиқӣ ва санъати мамлакатамон ҳамагӣ 130 ҳазор писарону духтарон фаро гирифта шуда,  қисми зиёди муассисаҳои мазкур бо аёниятҳои дарсӣ, маҷмӯи нотаҳо, асбобҳои мусиқӣ ва таҷҳизот ба дараҷаи бояду шояд муҷаҳҳаз гардонда нашудаанд.
Сарвари давлатамон супориш дод, ки пойгоҳи моддиву техникӣ ва дараҷаи истифодабарии марказҳои маданият, мактабҳои мусиқӣ ва санъат дар маҳалҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, фаъолияти онҳо беҳтар гардонда шавад.
Дар назди вазоратҳои маданият ва таълими халқ вазифаи якҷоя бо ҳокимиятҳо иловагӣ ташкил намудани 1,5 ҳазор маҳфил дар марказҳои маданияти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, мактабҳои таълими ҳамагонӣ бо назардошти манфиатҳои ҷавонон гузошта шуд. Зарурати дар марказҳои маданият созмон додани гурӯҳҳои бадеию худфаъол, театр-студияҳои ҷавонон, клубҳои ҷавонон бо ҷалб намудани ҷавонони ташаббускори боистеъдод ва ҳомиён таъкид гардид.
Бо назардошти таҷрибаи мусбати ба ноҳияҳо ҷалб намудани ҳунарпешагони номӣ ва эҷодкорони боистеъдод барои кӯмак ба баланд бардоштани дараҷаи маданият, бинобар ба тамоми мамлакат паҳн намудани ин таҷриба супоришот дода шуданд. Мувофиқи он ҳунарпешагони маъруф ба ноҳияву шаҳрҳо ба сифати мушовирони эҷодӣ вобаста карда мешаванд. Онҳо барои рушди маданият ва санъат дар маҳалҳо масъул мегарданд, ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо бошанд, ба ин кор аз ҷиҳати моддиву ташкилӣ кӯмак мерасонанд.
Ба масъалаи васеъ гардондани тайёркунии кадрҳои маълумоти олидор дар соҳаи мусиқа ва санъат эътибори ҷудогона дода шуд.
Ба вазоратҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус ва таълими халқ супурда шуд, ки баргузор намудани дарсҳои сайёрро бинобар мавзӯъҳои муайян дар музейҳо, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва театрҳо ташкил намоянд.
Дар рафти баррасии масъалаҳо аз рӯи ташаббуси дувум оиди оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни ҷавонон қайд гардид, ки дар мамлакат беш аз 12 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият нишон медиҳанд, аммо сатҳи бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ фаро гирифтани ҷавонон ба дараҷаи бояду шояд намебошад. Нишондиҳандаи бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардондани мактабҳои таълими ҳамагонӣ 56 фоизро, дар вилояти Сурхондарё ин нишондиҳанда 12, Хоразм – 14, Қароқалпоқистон – 15 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҷамъомад бинобар васеъ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб намудани ҷавонон чораҳо муайян шуданд.
Ба муовинони ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо оид ба масъалаҳои ҷавонон супурда шуд, ки якҷоя бо мутахассисон дараҷаи шавқу рағбати ҷавонон ба варзиш ва муҷаҳҳазии иншоотҳои варзиширо омӯхта, таклифоти дахлдор тайёр намоянд, Девони Вазирон манбаи маблағгузории барои татбиқи таклифот заруриро муайян намояд.
Зарурати дар деҳаҳои дурдаст бунёд намудани толорҳои хурди варзишӣ бо истифодаи конструксияҳои сабук ва сендвич-панелҳо, майдонҳо бо фаршҳои сунъӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин таҳти сохтмони иншоотҳо ба соҳибкорон таъкид гардид. Ба соҳибкороне, ки бо чунин ташаббус мебароянд, аз ҷониби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон бино бар Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» вомҳои имтиёзнок ҷудо карда хоҳанд шуд.
Таъкид гардид, ки ба мактабҳои варзишии маҳалҳо роҳбар таъин намудани варзишгарони номие, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ғолиб омадаанд, инчунин мақсаднок дар шуъбаҳои махсуси ғоибонаи мактабҳои олӣ таҳсил гирифтани варзишгарон натиҷаи хуб хоҳад дод. Бинобар зиёд гардондани шумораи мактабҳои варзишии бачагонаву наврасон супориш дода шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ инчунин ба аз таъсирҳои ногувори интернет ҳимоя намудани ҷавонон, ба онҳо омӯзондани самарабахш истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ эътибори алоҳида дода шуд.
Ба Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо супурда шуд, ки дар тамоми шаҳру марказҳои ноҳиявӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ бинобар технологияҳои рақамӣ марказҳои таълимӣ ташкил намояд. Дар ин марказҳо бино бар тиҷорати электронӣ ва барномасозӣ, пеш бурдани тиҷорат дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ курсҳои бепул ба роҳ монда шуда, ба лоиҳаҳои стартап кӯмак расонда мешавад.
Бо вуҷуди он ки дар тамоми мактабҳо техникаи компутер мавҷуд аст, дараҷаи сусти дастрасӣ ба интернет ба назар мерасад, ки ин ҳолат зери танқид гирифта шуд. Ба вазоратҳои таълими халқ, оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо супурда шуд, ки бинобар бо техникаи замонавӣ ва интернети баландсуръат то соли 2021 таъмин намудани синфҳои компутерии тамоми мактабҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд.
Зарурати дастгирӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорон бино бар ташкил намудани марказҳои бозиҳои компутерӣ таъкид гардид, ки дар онҳо тестҳо, викторинаҳо, стратегияҳои рушд ва барномаҳои дигари муфид истифода мегарданд, ки ба васеъ гардондани дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон хидмат мекунанд.
Дар ҷавонон бедор намудани муҳаббат ба китоб аз синни хурдсолӣ, ташаккул додани мустақилона фикр рондан ва ҷаҳонбинии васеъ кафолати муваффақ гардидан ба комёбӣ дар ҳаёт мебошад. Аммо дар бисёр деҳаву маҳалҳо барои китобхонӣ шароитҳои зарурӣ вуҷуд надоранд. Марказҳои ахбору захираи ба ҷои китобхонаҳои пешина ташкил кардашуда аз ӯҳдаи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда набаромаданд.
Ба ин муносибат дар доираи ташаббусҳои нав ба маҳалҳо расонда додани миқдори иловагии маҳсулоти китоб бо назардошти эҳтиёҷоти ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлатамон ба вазорату идораҳои масъул супориш дод, ки дар доираи лоиҳаи «Корвони китобҳо» адабиётҳои бадеӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ нашр намуда, ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо ба миқдори на кам аз як миллион номгӯ китобҳо расонда диҳанд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд дар ҳар як шаҳр ва маркази ноҳия яктогӣ мағозаи намунавии китоб ташкил намоянд. Дар назди Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ вазифаи паҳн намудани павилонҳои сайёри китоб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, расондани хидмати китобхона ба сокинони деҳот ба воситаи «Библиобус» гузошта шуд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои бо кор таъмин намудани занон баррасӣ гардид.
Дар солҳои 2019-2020 дар тамоми ноҳияҳо бунёд намудани 195 корхонаи дӯзандагиву трикотажӣ бо истифодаи сендвич-панелҳо ба нақша гирифта шуда буд. Барои сохтмони онҳо ҳудудҳои сераҳолӣ, дорои захираҳои зиёди меҳнатӣ интихоб шуданд. Пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷаи ташкил кардани корхонаҳо ба беш аз 24 ҳазор нафар занон ҷойҳои доимии кор созмон дода мешавад.
Президент таъкид кард, ки занони хоҳиши кор кардан дошта аз ҷойҳои кории созмон додашаванда хеле зиёд аст ва ӯ зарурати ташкил намудани корҳоро дар ду баст ва дар корхона истеҳсол намудани маҳсулоти серхаридорро зикр намуд.
Барои васеъ татбиқ намудани панҷ ташаббуси зикргардида ба тамоми минтақаҳо роҳбарони масъул вобаста карда шудаанд. Инчунин барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда Раиси Жоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, шаҳри Тошканд, роҳбарони фондҳои «Нуроний», «Маҳалла», кумитаҳои занон, Иттифоқи ҷавонон масъул мебошанд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида ахбори дахлдор шунида шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: