ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН

19 март суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба вуқӯъ пайваст, ки ӯ дар бораи истеъфои худ аз вазифаи Президенти мамлакат эълон намудааст.

Ҳамдигарро гарм истиқбол намуда, Шавкат Мирзиеёв ва Нурсултон Назарбоев бо қаноатмандии махсус рушди муттасил ва мустаҳкам гардидани муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, васеъ гардидани ҳамкории босамари бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Қазоқистонро таъкид намуданд. 
Президенти Ӯзбекистон саҳми шахсии Нахустин Президенти Қазоқистони бародариро дар ба вуҷуд овардани пойгоҳи мустаҳками дарозмуддат ва ба тарафайн муфиди муносибати байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон олӣ арзёбӣ намуд ва бо миннатдории амиқ таъкид кард.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки зери роҳбарии Нурсултон Назарбоев давлате бо иқтисодиёти бозаргонии замонавӣ ба вуҷуд оварда шуд. Сулҳ ва субот, мусолиҳаи байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ таъмин гардида, нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ пурзӯр гардид. Имрӯз Қазоқистон ба шумори 50 давлати рушднамудаи ҷаҳон дохил гардид.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сиҳатии мустаҳкам, тавфиқ  ва дар хидмати ояндааш  барои халқи Қазоқистон муваффақият таманно намуд.
Эътимоди тарафайн барои минбаъд муттасил мустаҳкам гардидани некҳамсоягӣ, боварӣ ва шарикии байни давлат ва халқҳоямон изҳор гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: